Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабтиноми муҳоҷирон дар 4 шаҳри Русия шадидтар шуд. САДО


Мақомоти Русия ба хотири баргузории Ҷоми Конфедератсияи ФИФА аз 1 июн то 12 июли имсол сабтиноми шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷикро дар Маскаву Сочӣ ва Санкт-Петербургу Қазон шадидтар карданд. Бар асоси қарори нав, шаҳрвандони хориҷӣ бояд дар тӯли ҳамагӣ як шабонарӯз худро дар идораи муҳоҷирати Русия сабтином кунанд. Дар шароити оддӣ ин муҳлат 15 рӯзро дар бар мегирад.

Ҳушдор ба шаҳрвандони Тоҷикистон пеш аз сафар ба 4 шаҳри Русия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:27 0:00
Линки мустақим

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон гуфтааст, ин вазъ дар замони баргузории Ҷоми ҷаҳонии футбол дар соли оянда низ пеш хоҳад омад. Иброҳим Аҳмадов – намояндаи расмии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав – рӯзи 26-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, аз шаҳрвандони кишвар мехоҳанд, агар дар як шабонарӯз имкони сабтиномро надошта бошанд, беҳтар аст, аз сафар ба Сочиву Маскав ва Санкт-Петербургу Қазон худдорӣ намоянд.

Иброҳим Аҳмадов
Иброҳим Аҳмадов

Ӯ гуфт, “зеро чораҳои амниятӣ аз ҷониби мақомоти дахлдор дар ин давра пурзӯр шуда, қоидавайронкуниҳои ночиз метавонанд сабаби татбиқи чораҳои қатъӣ аз ҷониби сохторҳои қудратӣ нисбат ба онҳо гарданд.” Намояндаи расмии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон афзуд, ин чораи муваққатист ва барои имсол 42 рӯзро дар бар мегирад.

“Ин қарор натанҳо ба муҳоҷирони тоҷик, балки ба ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бешаҳрвандӣ, дахл дорад. Ҳатто онҳое, ки аз дигар минтақаҳои Русия ба ин чаҳор шаҳр меоянд, мавриди тафтишу санҷиши ҷиддӣ қарор мегиранд. Аммо муҳоҷирони тоҷик метавонанд, ки ба минтақаҳои дигари Русия бе мушкил раванд ва ба таври маъмулӣ худро дар қайд бигузоранд.”

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, дар моҳи апрели имсол 102 ҳазор нафар аз қарори “афв”-и муҳоҷирони кории тоҷик баҳравар шудаанд.

Иброҳим Аҳмадов мегӯяд, дар сурати бе сабтином будан, шаҳрвандони Тоҷикистонро ихроҷ ва мамнӯияти сафар ба Русия таҳдид мекунад. Дар ҳамин ҳол, як ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик гуфтан, ҳарчанд ин қарор дуруст нест, аммо иҷрояш ҷиддист. Ӯ гуфт, “ҳозир дар Маскав умуман муҳлати будубошро бо “патент” дароз намекунанд. Соли оянда шояд вазъ мушкил ва маҳдудиятҳо зиёд шаванд.”

Абубакр, ки бо гарм шудани ҳаво дар Маскав ният дошт, ба пойтахти Русия рафта, дар тӯли моҳҳои июну июл кор кунад, аз шунидани ин хабар дудила шудааст. Вай мегӯяд, намедонад, оё азми сафар кунад, ё на. “Чунки баъзе бачаҳо мегӯянд, имкони сабтином дар як шабонарӯз вуҷуд дорад. Аммо агар нашуд чӣ? Он вақт роҳи ман боз барои чанд сол ба Русия баста мешавад ва ҳам харҷи билет бароям гарон меафтад”, - суол гузошт ӯ.

Муҳоҷирати корӣ дар Русия як манбаи асосии таъмини рӯзгори аксар хонаводаҳо ва як омили калидии ҳифзи суботи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон боқӣ мемонад. Қаблан мақомоти Русия даҳҳо ҳазор муҳоҷири тоҷикро барои риоя накардани қоидаи будубош аз ин кишвар ронда ва барои аз 3 то 10 сол роҳашонро баста буд.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, дар моҳи апрели имсол 102 ҳазор нафар аз қарори “афв”-и муҳоҷирони кории тоҷик баҳравар шудаанд. Имконияти якмоҳа барои сабти қонунии кору иқомати муҳоҷирон пас аз вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо Владимир Путин, президенти Русия дар охири моҳи феврали имсол даст додааст.

Ҳар сол то як миллион аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои дарёфти ризқу рӯзӣ ба Русия мераванд. Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯянд, ки дар ду соли охир вазъи будубоши онҳо дар Русия мушкилтар шудааст. “Аз як тараф сабтиному дарёфти иҷозаи кор ва аз тарафи тафтишу санҷиши пайвастаи нирӯҳои амниятӣ, вазъияти муҳоҷиронро танг кардааст”, - хулоса кард яке аз ҳомиёни ҳуқуқ.

XS
SM
MD
LG