Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон 28 ноябр баргузор мешавад


Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол рӯзи 28 ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе барпо мегардад.

Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол рӯзи 28 ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе барпо мегардад.

Лигаи миллии футболи Тоҷикистон санаи баргузории бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2015-ро эълон кард. Бозии ниҳоӣ байни дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода рӯзи шанбеи 28 ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 14:00 шурӯъ хоҳад шуд.

Дарвоқеъ, «Истиқлол» ба ҳайси қаҳрамони ҷадиди Тоҷикистон барои ширкат дар сабқати гурӯҳии Ҷоми AFC-2016 роҳ ёфтааст. Агар дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2015 «Регар-ТадАЗ» ғолиб ояд, он гоҳ ба ҳаққи ширкат дар мусобиқаи ояндаи Ҷоми AFC мушарраф мешавад. Вале агар «Истиқлол» барандаи Ҷоми миллӣ шавад, он гоҳ роҳхати дувумро аз Тоҷикистон ба мусобиқаи бошгоҳии қитъавӣ барандаи медалҳои нуқраи қаҳрамонии кишвар ба даст меорад.

Барои гирифтани ҷойи дувум дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд” муддаии аслӣ маҳсуб мешавад. Барои он ки “Хуҷанд” соҳиби медалҳои нуқра гардад, бояд дар ду бозии боқимонда муқобили «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров ва «Истиқлол»-и Душанбе як пирӯзӣ ба даст биёрад ва ё рақиби аслиаш - «Равшан»-и Кӯлоб – ба мағлубият дучор шавад.

Бояд гуфт, ки «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» барои бори панҷум паиҳам ба ҳаққи ширкат дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон мушарраф шудаанд. Дар бозиҳои ниҳоӣ байни ин ду даста ду бор “Регар-ТадАЗ” (солҳои 2011, 2012) ва ду бор “Истиқлол” (солҳои 2013, 2014) ғолиб омада, Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардаанд.

Бояд тазаккур дод, мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон сар аз соли 1992 барои бори 24-ум барпо мегардад. Ҳамагӣ 10 даста барандагони Ҷом гардидаанд. Аз ҳама бештар – 6 бор дастаи “Регар-ТадАЗ” Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардааст. “Истиқлол” чаҳор бор ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд се бор барандагони Ҷом шудаанд. Дастаҳои “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Варзоб”-и Душанбе ва “Парвоз” (собиқ “Авиатор”)-и Бобоҷон Ғафуров дуборӣ, тимҳои “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб гаштаанд.

Натоиҷи ҳамаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон:

1992 – «Помир» (Душанбе) – «Регар» (Турсунзода) – 1:0

1993 – «Ситора» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 5:3

1994 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Шодмон» (Ҳисор) – 2:1

1995 – «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 3:2

1996/1997 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 4:0

1997/1998 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ранҷбар» (Восеъ) – 2:1

1998 – «Варзоб» (Душанбе) – «Хуҷа Каримов» (Ғозималик) – 3:1

1999 – «Варзоб» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 4:2

2000/2001 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Варзоб» (Душанбе) – 4:2

2001/2002 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:1

2002 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 3:0

2003 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Олимп-Ансол» (Кӯлоб) – 3:1

2004 – «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) – «Ӯротеппа» (Истаравшан) – 5:0

2005 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 3:1

2006 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хима» (Душанбе) – 2:1

2007 – «Парвоз» (Бобоҷон Гафуров) – «Хима (Душанбе) – 1:0

2008 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Энергетик» (Душанбе) – 2:1

2009 – «Истиқлол» (Душанбе) – ССКА «Помир» (Душанбе) – 3:1

2010 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 5:0

2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:1

2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 5:6

2013 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:0

2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 5:2

2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ»(Турсунзода) - ?

XS
SM
MD
LG