Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиндагӣ дар гузаргоҳи сел


Сокинони Баҳористони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ин шабу рӯз ба тоза кардани "осор"-и сел машғуланд. Бино ба ҳисобҳо, танҳо ба заминҳои наздиҳавлигии онҳо ба маблағи 100 000 сомонӣ зиён расидааст.

Сокинони деҳаи Баҳористони ҷамоати "Арал" дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ имсол мунтазири ҳосил аз заминҳои кишташон нестанд. Онҳо мегӯянд, ки зироати ба сад орзу коштаашон дар авҷи сар боло кардан зери обу гил мондааст.

Зӯҳро Саидмуродова, сокини 57-солаи рустои Баҳористон, гуфт, ки боронгариҳои шаби 18 ба 19 апрел натанҳо пойдевори хонаҳояшонро нам гиронд, балки заминҳои киштро низ аз лойқа пур кард. "Аз як сӯ тоза кардани лойқа ва аз сӯи дигар дубора барои кишт омода кардани замин нерӯ ва маблағ мехоҳад. Давлат бояд барои мо кумак бикунад ва заҳбурҳоро биканад, то мо ва заминҳои киштамон зери сел намонем," – гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, як зани дигар аз Баҳористон ба ин сӯҳбати Зӯҳро Саидмуродова ҳамроҳ шуда ва аз мақомоти маҳаллии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ интиқод кард, ки барои хабаргирияшон наомада, онҳоро дар вазъи мушкил танҳо гузоштаанд. Ӯ гуфт, ки "дар идораҳо менишинанд, аз куҷо медонанд, ки халқ чӣ ҳол дорад?"

Бедодгариҳои сел дар Баҳористон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:18 0:00

Аҳли деҳаи Баҳористони ҷамоати "Арал" аз субҳ то шом ҳавливу атрофи манзилҳои худро аз гилу лойқа тоза мекунанд.

Бориши шадиди борон дар шаби 18 ба 19 апрел дар ҷамоати "Арал" боис ба зиёд шудани об дар каналҳои обпарто шуда ва манзили тақрибан сад хонаводаро зер кардааст. Дар ин ҷамоат дар маҷмуъ 250 хонавода ба сар мебаранд. Мардуми деҳаи Баҳористони ин ҷамоат бим доранд, ки зиёд истодани об дар назди девори хонаҳояшон боис ба зарар дидани пойдевор ва вайрон шудани манзилашон мешавад.

То кунун мақомоти маҳаллӣ зарари расидаи танҳо аз заминҳои наздиҳавлигии хонаводаҳоро 100 ҳазор сомонӣ ҳисоб кардаанд.

Ба нақли сокинон, ин ҳодиса ҳамасола дар мавсими баҳор такрор мешавад, вале мақомоти маҳаллӣ аз ин ҳодиса ҷилавгирӣ намекунанд.

Додхудо Эмомназаров, ки баъди аз Русия ихроҷ шуданаш бо умеди ҳосили заминҳои кишташ буд, имсол намедонад чи гуна буҷаи хонаводаашро тахмин кунад. Ӯ гуфт, "ягон кас чораи моро намебинад. Ягон кас намегӯяд, ки ту кӣ ҳастӣ? Намедонем, ба кӣ арз кунему ба кӣ алам гӯем. Соли гузашта шаш моҳ дар бӯи заҳ мурдаму рафтам. Имсол ҳам аз ҳолмон мепурсидагӣ нест."

Масъулони хоҷагии оби ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфтанд, агар роҳи обанбор ё гузаргоҳи оби Шӯрчасойро банданд, хатари омадани сел дар роҳи оҳани Душанбе - Ёвон таҳдид мекунад. Ҳоло бо гузашти чанд рӯз тасмим гирифта нашудааст, пеши роҳи обе, ки ба деҳа меояд, банданд ва ё на?

XS
SM
MD
LG