Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сел дар Хуросон як нафарро ҳалок кардааст. ВИДЕО

Селу обхезӣ ҳар сол ба Тоҷикистон дар ҳаҷми даҳҳо миллион доллар зиён мерасонад.
Селу обхезӣ ҳар сол ба Тоҷикистон дар ҳаҷми даҳҳо миллион доллар зиён мерасонад.

Мақомоти расмӣ мегӯянд, дар натиҷаи сел дар ноҳияи Хуросон як нафар ба ҳалокат расидааст. Намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода дар Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳодиса шоми 21-уми март рух дод. Борони зиёд боиси омадани сел ба ҷамоати Садриддин Айнӣ шуда ва ба хонаву киштзорҳои мардум зиён расонидааст.

Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон рӯзи 22-юми март дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳалокшуда Мирзоқул Раҳмонқулови 59-сола мебошад. Ба гуфтаи хонум Юсуфӣ, марҳум дар таллу теппаҳо ба кишоварзӣ машғул будааст, ки зери сел монда, ба ҳалокат расидааст.

Сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода афзуд , соати 19:30-и 21-уми март дар натиҷаи боришоти пуршиддати борон аз талу теппаҳо ба деҳаи Ҳалқаҷар сел фаромад. Мақомот дар бораи ҳаҷми хисорот мегӯянд, зарари расида маълум нест ва баъди хулосаи комиссия онро эълон мекунанд.

Сел дар Хуросон ба хонаҳои мардум зарар расонд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:30 0:00

Дар наворҳое, ки корбарони Радиои Озодӣ аз ҷойи ҳодиса ирсол карданд, дида мешавад, ки об дохили хонаҳои мардум даромадааст. Ҳамасола бо оғози фасли баҳор ва боронгарӣ дар Тоҷикистон, селу обхезӣ зиёд мешавад.

Дар ноҳияи Хуросон солҳои пеш низ дар чунин фалокати табиӣ чандин нафар ҷон додаанд. Тоҷикистон, ки 93 дар сади қаламраваш кӯҳистон аст, як кишвари осебпазир дар баробари фалокатҳои табиӣ ба шумор меравад. Солона дар натиҷаи обхезиву тарма ва даҳҳо нафар ба ҳалокат мерасанд.

Масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода гуфтанд, аз шаҳрвандон даъват мекунанд, ки то 27-уми март аз эҳтиёт кор бигиранд ва аз сафарҳои бидуни зарурат худдорӣ кунанд. Чун ба гуфтаи мақомот, то охири ҳафта ҳавошиносон боришотҳои сахтро пешбинӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG