Марям Шоева, кӯдаки даҳсолаи тоҷик, ки дар паноҳгоҳе дар Ироқ қарор дорад, тариқи Скайп бо пайвандонаш дар Тоҷикистон сӯҳбат кардааст.
Марям лангида аз зина поин мешавад. Гуфт, ки ҳангоми бомба афтидан пояш шикаст
Сӯҳбати Марям бо пайвандонашро намояндагиҳои Салиби Сурх дар Тоҷикистон ва Ироқ фароҳам кардаанд. Муҳаммадраҳим Шоев, бобои Марям рӯзи 2-уми март дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки пас аз маълум шудани сарнавишти наберааш бори авал бо ӯ сӯҳбат кард.
“Вақте видеоро рӯшан карданд, дидам, ки Марям лангида аз зина поин мешавад. Гуфт, ки ҳангоми бомба афтидан пояш шикаст. Ҷарроҳӣ кардаанд, вале пояш ҳанӯз пурра сиҳат нашудааст. Гирист ва гуфт, ки зиқ шудааст ва ӯро баргардонанд,” - гуфт бобои Марям.
Маҳмадраҳим Шоев гуфт, ҳафтаи гузашта бо намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон сӯҳбат кард ва онҳо ваъда доданд, ки дар давоми як ё ду моҳи дигар кӯдакро ба ватан бармегардонанд.
Марям, навраси тоҷик ним сол қабл дар Ироқ пайдо шуд, вале то ҳафтаи гузашта мақомот мегуфтанд, ки ҳуввияташ мушаххас нест. Рӯзи 20-уми феврал ба Радиои Озодӣ маълум шуд, ки Марям духтари Ҷамолиддин Шоев, сокини ноҳияи Ҳисор аст, ки ҳамроҳи ҳамсараш Садбарг Шомирзоева, сокини Душанбе ва чаҳор тифлаш соли 2016 бо қасди Миср Тоҷикистонро тарк кардааст. Пайвандонаш мегӯянд, баъдан хабар ёфтанд, ки тифли панҷуми онҳо низ таваллуд шудааст.
Навори Марями 10-сола бори аввал моҳи августи соли гузашта тавассути шабакаи телевизионии “Russia Today” аз як паноҳгоҳе дар Ироқ пахшшуд. Дар он навор Марям бо забони русӣ мегуфт, ки аз Тоҷикистон аст ва аз пайвандонаш хоҳиш дошт, ӯро ба ватан баргардонанд. Нимаи моҳи феврали имсол навори дигаре аз ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд, ки бо забони тоҷикӣ аз тағояш бо номи Саид хоҳиш дошт, бо ӯтамос бигирад.
Ин навраси тоҷик пас аз озодсозии шаҳри Мавсили Ироқ дар тобистони соли гузашта аз дасти гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” пайдо шуда, дар Бағдод дар паноҳгоҳе ҳамроҳ дигар кӯдакони дигар аъзои ин гурӯҳ нигаҳдорӣ мегардад. Худаш дарнаворҳо гуфтааст, бар асари бомбаафканӣ падару модар ва хоҳару бародаронашро аз даст дод.
Қаблан аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, талоши баргардонидани кӯдакони тоҷик аз паноҳгоҳи Ироқро доранд. Дар ин замина Вазорат бо сафорати Ироқ дар Тоҷикистон, ки мақараш дар Қазоқистон аст, вориди гуфтугӯ шудааст. То ҳол шахсияти панҷ кӯдаки тоҷик дар Ироқ маълум шудааст.