Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷамъбасти марҳалаи аввали озмуни "Нишони Хуҷанд" (ВИДЕО)


Бахтиёр Қосимов бо чанд намунаи пешниҳодҳо ба озмун
Бахтиёр Қосимов бо чанд намунаи пешниҳодҳо ба озмун

Комиссияи озмуни "Нишони Хуҷанд" аз байни 100 тарҳи воридгашта дар даври аввали озмун 30 тарҳоро барои ширкат дар марҳалаи баъдӣ баргузидааст.

Бахтиёр Қосимов, сардори шӯъбаи фарҳанги ҳукумати шаҳри Хуҷанд рӯзи 30 январ ба Озодӣ гуфт, муаллифони тарҳҳои нишони Хуҷанд аз рассомони ҳирфаӣ то мактабхонҳо ва ҳаваскоронанд. “Он чӣ касро хурсанд мекунад, ин ки дар озмуни Нишони Хуҷанд на танҳо рассомони касбӣ, балки сокинони оддиву талабаҳои мактаби миёна низ ширкат доранд. Ин баёнгари он ки сокинон ба макони зисти худ ва нишони он бетараф нестанд.” – афзуд вай.

Нурҳои зарҳалии хуршед, Қалъаи Кӯҳна, пайкараи Камол, кӯҳи Мевағул ва рӯди Сир аз ҷузъҳоест, ки дар бисёр мусаввадаҳои иштирокдорони озмуни мазкур тасвир шудааст.

Дар даври аввал пешниҳодҳо ба озмуни рамзи Хуҷандро комиссияи иборат аз аҳли фарҳангу адаб, таърихшиносон ва меъморон аз назар гузаронида, барои такмили онҳо пешниҳодҳое ироа кардаанд. Озмуни Нишон, ҳамчунин Рӯзи Хуҷанд дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз ҷамъбаст ва аз ҷониби комиссияи вижа тарҳи беҳтарин ҳамчуни Рамзи Хуҷанд баргузида хоҳад шуд.

Вале ба гуфтаи ҷаноби Қосимов, беҳтарин 10 расму тарҳи дигари воридгашта ба озмун бо манзараҳои Хуҷанд дар оянда бо ҳифзи ҳуқуқи муаллифон нишонҳои сарисинагӣ ва аксҳои магнитдор барои сайёҳону меҳмонони маркази вилояти Суғдро зеб хоҳад дод. Чунин иқдоми соҳиби нишони хос кардани шаҳри худ дар Тоҷикистон нав аст ва он аз ҷониби ҷониби шаҳрдории Хуҷанд “ба хотири баланд намудани ифтихори миллӣ аз таъриху фарҳанги диёру шаҳри худ ва муаррифии он ба ҷаҳониён” роҳандозӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG