Муқаддас соҳиби IPad-и насли саввум гашт, дар ҳоле, ки ҳанӯз дирӯз ба компютери оддии дигарон ба чашми ҳасад менигарист.
IPad компютери хурди ҳамакора аст, ки бо ангушт задан ба ойинааш дастурҳоро иҷро мекунад. Муқаддас хонандаи мактаб аст ва ҳеҷ интизор надошт, ки дар ин солҳои наздик соҳиби чунин як компютери гаронбаҳо мешавад, вале бо ширкат дар озмуне бахт ба рӯяш хандид:
«Хеле хушҳол шудам аз ин тӯҳфа, аз компютер хеле беҳтар аст, сабуку роҳат. Функсияҳои хеле зиёду ҷолиб дорад. Ман рости технологияро чандон хуб намефаҳмидам, вале дӯстонам вақте диданд, ки ман соҳиби IPad-3 шудам, ҳама бо як ҳаяҷон мегуфтанд, чӣ хел зӯр, хуш ба ҳолат!».
Доштани айфон, айпад ва ё айпед бо рамзи маъруфи себи газидашуда, яъне бо нишонии ширкати Apple дар Тоҷикистон ҳоло маънои сарватманд ва ё пешрафта буданро дорад. Ин тақрибан мисли он аст, ки ҷавонони солҳои 80-уми қарни гузашта бо шалвор ё худ шими ҷинси худ мефахриданд ва сари ҳар қадам таваҷҷӯҳи раҳгузаронро ба он ҷалб мекарданд.
Албатта, агар гӯем, ки ҷавонони тоҷик ҳам мисли ҳаммаслакони хориҷии худ омодаанд барои соҳиб шудан ба айфону айпед гурдаи худро ба фурӯш гузоранд ва ё барои харидории айпед навбат мепоянд, дурӯғ мешавад, аммо ба гуфтаи масъулони маркази фурӯши "Айком", ки маҳсулоти ширкати маъруфи Аpple-ро дар Душанбе ба фурӯш мегузорад, ин таҷҳизот дар Тоҷикистон ҳам дар мӯҳлати кӯтоҳ дӯстдорони хеле зиёд пайдо кардааст.
Рустам Воҳидов, муовини раҳбари маркази фурӯши "Айком" мегӯяд: «Ин таҷҳизот хеле гарон аст. Маҳсулоти ширкати Apple замонавӣ аст ва аксаран барои афроди табақаҳои болоӣ бештар пешбинӣ мешавад. Вале мухлисони хеле зиёд дорад дар Тоҷикистон, меоянд ва мепурсанд, ки кай насли наваш ба фурӯш мебарояд. Худи ширкати Apple дар ҷаҳон рақами як аст ва албатта дар Тоҷикистон ҳам талабот ба ин маҳсулот сол то сол меафзояд. Харидорон ҳам на ҳамеша афроди сарватманду шаҳриянд. Масалан, яке аз харидорони як таҷҳизоти қимати мо маъруф бо номи Аймак як ҷавон аз Колхозобод буд, дар аввал мо фикр кардем фақат барои тамошо омадааст, вале ӯ Аймакро харид кард ва мо барояш тарзи истифодабариро фаҳмонидем».
Дар маркази фурӯши «Айком» як айфонро бо арзиши аз 700 доллар боло ва айпедро бо қиммати аз 800 то 1000 доллар харидорӣ кардан мумкин аст.
Бо Заррина - ҷавондухтаре, ки дар ин мағоза чашм аз «Айфон»-ҳои насли ду ва саввум намеканд ҳамсӯҳбат шудем. Ӯ мегӯяд, барои истифода аз интернет ва гӯш кардани мусиқиву ҳазору як хизматрасониҳои дигараш айфонро дӯст медорад, аммо ба ҳисоби худи Заpрина барои соҳиби айфон шудан ӯ бояд бо он маоше, ки ҳоло мегирад, 8 моҳ аз хӯрдану пӯшидани либос даст бикашад: «Мутаасифона бо ин даромаде, ки ман дорам, бароям иҷозаи харидани айфонро намедиҳад. Барои ҳамин ҳоло ин фақат орзу мемонад».
Заррина ҳоло танҳо имкони тамошои айфонро аз пушти шишаҳои мағоза дорад. Ҳар боре, ки гузараш аз назди ин мағоза мегузарад, ҳатман дохили он мешавад ва чашмонашро бо телефони орзуҳояш об медиҳад.
Вале Бежан Муқимӣ, як ҷавони дигари тоҷик, ки бо фанновариҳои ҷадид хуб ошно аст, ба фарқ аз Заррина ва дигар ҳамсолони Aplle-дӯстдораш, ба тавлидоти ин ширкат, аз ҷумла айфон чандон баҳои баланд намедиҳад. Ӯ мегӯяд, онҳое ошиқи айфон ҳастанд, ки дунболи мӯд мегарданд, вале, мегӯяд Бежан, барои ӯ сифат муҳимтар аст. Ба қавли ин мусоҳиби мо, Айфон барои истифода дар Тоҷикистон чандон роҳату мусоид нест.
«Дар Тоҷикистон ҳоло бештар мардум ба телефонҳои Samsung Galaxy бартарӣ медиҳанд. Ин телефонҳо, ки сенсорӣ ҳастанд, барои истифодабарӣ ҳам роҳатанд ва ҳам замонавиву бонуфуз. Истифодаи айфон ва дигар таҷҳизоти ширкати Apple дар кишварҳои истеҳсолкунандааш, аз ҷумла дар Аврупову Амрико осонтар аст. Масалан, агар айфон шиканад, барои иваз кардани як экран ё оинаи он беш аз 100-150 доллар сарф мешавад. Дар Душанбе, албатта ҳастанд нафароне, ки мехоҳанд ҳама маҳсулоти ширкати Apple-ро дошта бошанд, вале то ҳол фақат то телефон ё айфон расидаанду халос».
Тибқи омори расмӣ, имрӯз беш аз 6 миллион нафар дар Тоҷикистон аз телефони ҳамроҳ истифода мебарад. Яъне, дигар мисли даҳ соли пеш доштани телефони мобил аслан наметавонад мояи ифтихор бошад ва бо он наметавон диққати касеро ҷалб кард, албатта агар он Айфон набошад.
Зимнан, баъзан онҳое ҳам, ки тавони харидории Айфон аз мағозаи ширкати Apple дар Тоҷикистонро надоранд, ноумед намешаванд ва роҳ сӯйи телефонбозорро мегиранд. Дар ин бозори ғайрирасмии телефонҳо метавон Айфонро ҳам бо нархи то як маротиб арзонтар пайдо кард, вале сифати онро касе ба шумо кафолат намедиҳад. Ин ҷо ғолибан молҳои дасти дуввум ва истифодашуда ба фурӯш гузошта мешавад.