Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фазлур Раҳмон: Занони ҷинспӯш заминларза меоранд


Раҳбари Ҷамъияти Уламои Исломӣ – Фазл, ҳазрати Мавлоно Фазлур Раҳмон аз нерӯҳои мусаллаҳи Покистон дархост кард, зидди занони ҷинспӯш дар саросари Покистон амалиёти ҳарбӣ анҷом диҳанд.

Мавлоно Фазлур Раҳмон, раҳбари Ҷамъияти Уламои Исломӣ – Фазл, артиши Покистонро ба амалиёти ҳарбӣ зидди занони ҷинспӯш дар саросари Покистон даъват кард. Вай гуфт, ҷинспӯшии занон сабаби асосии заминҷунбӣ, коҳиши қурби пул ва дигар офатҳо шудааст.

Дар ин бора рӯзномаи The Daily Star ба нақл аз The New Indian Express хабар додааст.

Фазлур Раҳмон гуфт, заноне, ки худро намепӯшонанд, мисли “халтаи орд”-анд, ки ба силоҳи сайёри қатли ом шабоҳат доранд ва Покистон дар ҳамаи шаҳрҳои бузурги худ аз ин гуна силоҳи ҳастаӣ зиёд дорад.

Сипас Фазлур Раҳмон “занони дур аз хоксорӣ”-ро сабабгори бӯҳрони Балучистон, камбуди нерӯи барқ ва вазъи бадшавандаи амниятии Покистон номид.

Ба гуфтаи раҳбари Ҷамъияти Уламои Исломӣ – Фазл, агар ин занон худро зери чодар гиранд ва дар хона шинанд ва шариати исломӣ иҷро гардад, “бародарони Толибон” ба Покистон ҳамла нахоҳанд кард.

Фазлур Раҳмон ҳамчунин амалиёт зидди Таҳрики Толибони Покистон (ТТР)-ро нуқс унвон кард ва гуфт, Толибон душмани Покистон нестанд ва нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар бояд душмани ҳақиқиро ҳадаф қарор диҳанд.

Бо ишора ба ин “душман” вай афзуд, вақте ки Оллоҳ ба хашми худ бо василаи Толибон хотима мегузорад, иқтисод ва вазъи энержӣ ба таври автоматӣ ба воситаи сармоягзуориҳои хориҷӣ беҳбуд меёбанд.

Дар хотима, Фазлур Раҳмон ба таври ошкоро аз фармондеҳои артиш ва сарвазир хост, зидди занони Покистон ҷанг эълон ва амалиёти ҳарбиро роҳандозӣ кунанд.

Мавлоно Фазлур Раҳмон рӯҳонӣ ва сиёсатмадори бонуфузи Покистон ва Ҷамъияти Уламои Исломии ӯ бахше аз Лигаи Мусулмонони ин кишвар буда,дар ҳукуматҳои гузаштаи он шарики ҳизби ҳоким будааст.

XS
SM
MD
LG