Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фавт дар Тоҷикистон зиёд шудааст. Сабабҳоро гуфтанд, ба ҷуз аз COVID-19. ВИДЕО


Гулнора Ҳасанзода, раиси Оҷонси омори Тоҷикистон
Гулнора Ҳасанзода, раиси Оҷонси омори Тоҷикистон

Мақомоти Оҷонси омори Тоҷикистон гуфтанд, ки мизони фавти одамон дар ним соли гузашта, дар замони пандемияи коронавируси нав, бештар шудааст, вале фавт ба бемории COVID-19 рабт надорад. Намояндагони Оҷонсӣ дар ин бора рӯзи 30-юми июл дар як нишасти хабарӣ суҳбат карданд ва сабабҳои афзоиши маргумири аҳолиро ба бемориҳои роҳҳои нафас ва зуком рабт доданд.

Гулнора Ҳасанзода, раиси Оҷонси омори Тоҷикистон, гуфт, омори фавтидагон дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 11 дарсад афзудааст.

Ӯ гуфт: "Дар моҳҳои январ-июни соли 2020 фавти умумӣ 18 ҳазору 815 нафар аст. Аз сабаби зуком ва пневмония 1141 нафар ва бемориҳои дигари роҳҳои нафас 518 нафар даргузаштаанд. Аммо аз COVID-19 нест, зеро ин иттилоъро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳод мекунад."

Ин изҳороти як мансабдори тоҷик шубҳаҳоро дар бораи то чӣ ҳад дуруст будани омори фавтидагон аз коронавируси нав дар Тоҷикистон бештар кард.

Тибқи омори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз 30-юми апрел то 29-уми июл 60 нафар дар кишвар аз бемории COVID-19 фавтида, дар маҷмуъ 7320 нафар ба ин маризӣ гирифтор шудаанд. Зиёда аз 6 ҳазор кас шифо ёфтаанд.

Пизишкон мегӯянд, дар оғози пандемияи коронавирус дар Тоҷикистон, ки бо иллати кам будани тест маризони монанд ба COVID-19 кам озмоиш мешуданд ва теъдоди бузурге аслан ба бемористонҳо муроҷиат намекарданд, шумори гирифторон ва фавтидагон метавонад хеле бештар аз омори расмӣ бошад.

Гузориши видеоӣ дар ин ҷо биинед:

Фавт дар Тоҷикистон дар ним соли гузашта зиёд шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:37 0:00

Маъмурхон Акрамов, пизишки тоҷик дар яке аз бемористонҳои шаҳри Ҳелсинкии Финляндия, ба Радиои Озодӣ гуфт, барои ошкор кардани шумори воқеии гирифторон ва фавтидагон аз COVID-19 бояд омори гирифторони бемориҳои роҳи нафас дар се соли ахирро таҳқиқ кард.

"Ҳамчунин бояд омори кишварҳои ҳамсоя дар ин муддатро дид, зеро шароити кишварҳои Осиёи Марказӣ ба якдигар монанд аст. Агар таҳлили омор нишон диҳад, ки имсол воқеан дар Тоҷикистон мизони маргу мир аз илтиҳоби шуш бештар шудааст, пас, шубҳае нест, ки ин амр ба хуруҷи бемории COVID-19 рабт дорад", -- шарҳ дод ӯ.

Аммо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон чунин оморро дар ихтиёр намегузорад. Ин вазорат баҳори имсол хабар дода буд, ки теъдоди гирифторони бемории илтиҳоби шуш дар кишвар дар муқоиса бо соли гузашта ба таври чашмрас коҳиш ёфтааст. Аммо ҳамакнун Оҷонси омори Тоҷикистон дар бораи афзоиши фавтидагон аз ин беморӣ гузориш дод.

Тоҷикистон вуҷуди гирифторони бемории ҳамагири COVID-19 дар кишварро 30-юми апрел тасдиқ кард. То он вақт мавридҳои гирифторӣ ва маргу мири сокинон аз бемориҳои монанд ба нишонаҳои COVID-19-ро табибон ба бемории илтиҳоби шуш ва касалиҳои дигари сироятӣ марбут медонистанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG