Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Падари 71-солаи мухолифи ҳукумати Ӯзбакистон ба таҷовуз айбдор шуд


Додгоҳи шаҳри Қаршии Ӯзбакистон падари 71-солаи як сиёсатмадори мухолифи ҳукумат Баҳодур Чориевро барои таҷовуз ба номуси духтари 19-сола айбдор ва ба мӯҳлати 5,5 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Мақомоти Ӯзбакистон ба бахши Ӯзбакии радиои Озодӣ гуфтаанд, ки Ҳасан Чориеви 71-сола ба номуси духтари 19-сола таҷовуз кардааст. Ҳукми додгоҳ аз рӯи ин қазия 6 август содир шудааст. Дар ин бора ду нафар корманди додгоҳ иттилоъ додаст.

Ин ду корманди додгоҳ, ки аз бурдани номашон худдорӣ мекунанд, мегӯянд, тибқи амри додрас ин хабар то 20 август, рӯзи содир шудани ҳукми додгоҳи таҷдиди назар набояд дастраси матбуот мешуд. Ҳасан Чориев гуфтааст, ки худро бегуноҳ мешуморад ва аз болои ҳукми додгоҳи шаҳри Қаршӣ ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят кардааст.

Писари Ҳасан Чориев - Баҳодур Чориев соли 2004 аз Ӯзбакистон фирор карда, аз он замон то имрӯз дар Амрико ба сар мебарад. Вай дар Ӯзбакистон ҳизби сиёсии мухолифи давлати Ӯзбакистон «Бирдамлик» ("Ваҳдат")-ро созмон додааст. Баъзе аз аъзои ин гурӯҳ дар Ӯзбакистон зиндагӣ мекунанд.

Тавре бахши узбакии Радиои Озодӣ хабар медиҳад, Ҳасан Чориев рӯзи 17-уми июн бо иттиҳоми таҷовуз ба номуси Матлуба Абдураҳмонова ҳабс шуда буд. Вале ба эътимоди фаъолони ӯзбакистонӣ, ин ҳукм метавонад посухи Тошканд ба мухолифати сарсахтонаи Баҳодур Чориев нисбати сиёсати Ислом Каримов бошад. Малоҳат Эшонқулова, як фаъоли гурӯҳи «Бирдамлик» гуфтааст, ки пирамарди 71-сола қурбони мавқеи сиёсии писараш шудааст.

Тавре сомонаи хабарии fergananews.com хабар медиҳад, 29 июн Баҳодур Чориев, муҳоҷири сиёсӣ ва мухолифи ҳукумати феълии Ӯзбакистон дар назди сафорати ин кишвар дар Вашингтон намоиши эътирозӣ доир намуд. «Мошинҳои калони боркаш, бо шиорҳои зиддиҳукуматӣ аз сӯи шаҳри Сент-Луис то Вашингтон омаданд ва дар роҳ ба шаҳрвандон ва ҳукуматдорони Амрико аз ҷинояткориҳои режими Ислом Каримов маълумот доданд», хабар дода буд ин сомона. Дар он вақт алакай падари Чориев дар маҳбас буд.

Радиои Озодӣ
XS
SM
MD
LG