Шоми ҷумъа, 26 июл, Маҳмурод Одинаев, падари Суннатулло Ризоеви 27-сола дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки дар роҳ ёфтани наворҳои видеоӣ ба шабакаи ҷаҳонии Интернет, ки осори лату кӯби маҳбусони Хуҷандро намоиш медиҳанд, даст надорад. Вай гуфт, худ бори аввал дар бораи мавҷудияти чунин наворҳо дар дафтари Ваколатдори ҳуқуқи инсон хабардор шудааст. Вай гуфт, ин мавзӯъ дар меҳвари суҳбати имрӯзаи намояндаи додситонии муассисаҳои ислоҳотии вилояти Суғд қарор дошт.
"Ин ҷо мехоҳанд маро ба он айбдор кунанд, ки гӯё он наворҳо аз маҳбас дар бораи азобу шиканҷаи маҳбусон аз руи нишондоди баъзе одамон тавассути ман дар Интернет паҳн шуда бошад. Аммо ин тавр нест, он наворҳоро ман дар Интернет нашр накардаам. Аслан ман он навор ва сурати пайи зарбу лат дар бадани маҳбусҳоро аз ваколатдори калони ниҳоди Омбудсмен дастрас намудам," - гуфт ӯ.
М.Одинаев гуфт, ки рӯзи ҷумъа ба таври маҷбурӣ ба назди додситон оварда шуд ва таи се-чор соат ба саволҳои муфаттиш посух дод. Ин ҳодисаро вакили дифои хонавода Абӯбакр Қулматов ҳам тасдиқ кард ва гуфт, ки Одинаевро аз назди боздоштгоҳи рақами 2-и Хуҷанд, ки маҳалли баргузории додгоҳи Суннатулло Ризоев ва Садриддин Тошев аст, ходимони додситонӣ “омада бурданд”.
Айни замон, вакил гуфт, ки сабаби аз ин маҳал ба наздик додситони бурда шудани шахси мавриди ҳимояташ дар он аст, ки ӯ даъватномаи ҳозир шудан ба назди додситонро, ки дирӯз ба дасташ расид, нодида гирифт. Вай дар посух ба ин савол, ки чаро падари Ризоевро мавриди бозпурсӣ қарор доданд, гуфт, дар додситонии назорати муассисаҳои ислоҳотии Суғд дар бораи интиқоли навору маълумотҳо дар бораи шиканҷаи маҳбусон ба интернет маводҳое мавҷуд буда, дар асоси он Одинаевро пурсиш мекунанд. Ба гуфтаи Абубакр Қулматов, ҳанӯз маълум нест Одинаев ба ҳайси кӣ мавриди пурсиши муфаттиши додситонии махсус қарор дорад. Аммо ба гуфтаи вай, дар ҳоли ҳозир пурсиши Одинаев дар доираи қонун ҷараён дорад.
Дар ҳамин ҳол Парвиз Қосимов, муфаттиши Додситони назорати муассисаҳои ислоҳии вилояти Суғд даъват шудани Маҳмурод Одинаевро тасдиқ кард. Вай дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, ки "дар ҳақиқат мувофиқи дархости ман Маҳмурод Одинаевро ҳамчун шоҳид овардаанд ва ҳамин ҳоло, ки мо сӯҳбат дорем, Маҳмурод Одинаев дар назди ман сиҳат ва саломат нишастааст." Ба нақли Парвиз Қосимов, тибқи моддаи 56 қисми 5-и Кодекси мурофиавӣ, муфаттиш ҳақ дорад, ки дар сурати бо хоҳиши худ ҳозир нашудани шоҳид, ӯ ба таври маҷбурӣ оварда шавад:
«Дирӯз дар ҳақиқат ман аз Маҳмурод Одинаев хоҳиш кардам, ки ҳамчун шоҳид парвандаи Сунатулло Ризоев ба чанд суоли ман посух диҳад, аммо вай бо асабоният рад карда буд. Ман маҷбур шудам аз ин роҳ истифода кунам, ҳоло ман чанд суолро бо эшон рӯшан мекунам ва баъди нимсоат ба назди модари Суннатулло Ризоев бурда мемонам.»
Маҳмурод Одинаев ба шаҳри Хуҷанд бо нияти ширкат дар додгоҳи дуюми фарзандаш рафтааст. Рӯзи 24 июл мурофиаи парвандаи маҳбусони зиндони рақами 3-и Хуҷанд, Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев дар боздоштгоҳи муваққатӣ ё ба истилоҳ СИЗО-и рақами 2-и Хуҷанд оғоз ёфт. Дар моҳи феврал алайҳи ду маҳбуси зиндони Хуҷанд Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев бо иттиҳоми "пахши баёноти барқасдонаи дурӯғин" ва "пахши хабаре, ки кори муассисаҳои ислоҳотиро бенизом мекунад" парванда боз шуда буд.
Ин парванда вақте боз шуд, ки як навори тақрибан 1-соатаи видеоӣ, ки дар он маҳбусон бо навбат назди дурбин меоянд ва пас аз шиносонидани худ, пайи зарбаҳоро дар бадани худ нишон медиҳанд, дар моҳи декабри соли 2012 ба расонаҳо дастрас шуда, сару садои зиёдеро ба вуҷуд овард.
Наворҳои нақли маҳбусони шиканҷашуда моҳи декабри соли 2012 дар пайи он пахш шуданд, ки пас аз марги мармузи Ҳамза Икромзода дар зиндони рақами яки шаҳри Душанбе моҳи октябр даҳҳо маҳбусон аз Душанбе ба маҳбаси шаҳр Хуҷанд интиқол ёфтанд. Дар ҳоле, ки наздикони Икромзода даъво доранд, ки ӯ бар асари шиканҷаи шадид ба ҳалокат расид, мақомот мегӯянд, ки ин зиндонӣ даст ба худкушӣ задааст. Наздикони Ризоев ва Тошев мегӯянд, ки шоҳидони марги Икромзодаро махсус ба зиндони Хуҷанд таҳвил доданд, то ҳақиқати қатли ӯ рӯи об набарояд.