Фаррух Зокиров, овозхони маъруфи Узбекистон ва раҳбари дастаи ҳунарии "Ялла" дар якҷоягӣ бо шуморе аз овозхонони маъруфи он кишвар дар консерти устодони ҳунари Тоҷикистон ва Узбакистон, ки қарор аст дар даҳаи аввали моҳи март дар Душанбе баргузор шавад, иштирок мекунад.
Фаррух Зокиров рӯзи 27-уми феврал дар гуфтугӯи ихтисосӣ аз Тошканд бо Радиои Озодӣ гуфт, ки қарор аст дар ин барномаи муштараки ҳунарӣ, ҳунармандони дигари узбакистонӣ, аз ҷумла Юлдуз Усмонова ва Шералӣ Ҷӯраев ва дигарон ҳунарнамоӣ намоянд.
Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон ба сафари қарибулвуқӯи президенти Узбакистон омодагиҳо ҷараён дорад. Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки дар ин сафари Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон даҳҳо санади ҳамкорӣ миёни ду кишвар ба имзо хоҳад расид.
Ин барномаи фарҳангӣ ба ифтихори сафари раиси ҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев дар "Кохи Борбад"-и Душанбе баргузор мешавад. Қарор аст ин барномаи ҳунарии устодони санъати ду кишварро Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев тамошо кунанд.
Фаррух Зокиров дар ин сӯҳбат гуфт, ки аз беҳтар шудани равобит миёни ду кишвар хушҳол аст ва аз муддатҳо ба ин тараф дар Тоҷикистон набуд, вале ҳамеша бо муҳаббат ёди ин кишвар мекард. "Душанберо хеле ҳам ёд кардам",-гуфт вай дар сӯҳбати худ бо Радиои Озодӣ.
Радиои Озодӣ: Қабл аз сафар ба Тоҷикистон, худро чӣ гуна эҳсос мекунед ва интизороти шумо аз ин сафар чӣ аст?
Фаррух Зокиров: Ин як иқдоми беҳтарин аст. Зеро дӯстии мо қадима буда ва мо муштаракоти зиёде дорем. Мо ҳамсоя ҳастем. Ахиран ҳукуматҳои ҳар ду кишвар барои беҳбуди равобит музокироти зиёде анҷом доданд. Масалан, рӯзи 24-уми феврал дар Фарғона ҳайатҳои ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Узбакистон бо раҳбарии нахуствазирони ду кишвар мулоқот доштанд. Ҳамон тавре, ки ман медонам, ин музокирот тӯлонӣ, вале хушбинона анҷом шуд. Ҳамон тавр, ки президенти мо гуфт, бояд бо ҳамсояиҳои худ робитаҳои ҳасана дошта бошем.
Радиои Озодӣ: Ба шумо даъватнома барои ширкат дар ин маҳфили бошукӯҳ аз ҷониби кӣ тақдим шуд?
Фаррух Зокиров: Омодагии ин сафарро ҳукумати Узбакистон, ба хусус вазоратҳои умури хориҷӣ ва фарҳанг ба ӯҳда доранд. Ва ҳамаи ин омодагиҳоро худи президент назорат мекунад. Мо ҳунармандон аз он ифтихор дорем, ки саҳми худро дар беҳбуди равобит гузорем. Зимнан, ҳунарпешаҳо қосиди сулҳ ҳастанд. Ин дар ҳолест, ки ман ҳамзамон унвони Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистонро низ дорам.
Радиои Озодӣ: Ба ин унвон кай сазовор шудед?
Фаррух Зокиров: Ростӣ таърихашро мушаххас намедонам, Шояд соли 1994 ва ё 1995 буд. Руасои ҷумҳури Тоҷикистон ва Узбакистон дар Душанбе мулоқот доштанд ва дар ҳузури онҳо ба ман ин унвонро эъто карданд. Ин унвонро як эҳтироми бузург ба халқамон ва маданиятамон меҳисобам. Раиси ҷумҳури феълӣ барои беҳбуди равобит ва густариши бештари ҳамкориҳо ҷиддан талош мекунад. Мо чизе надорем, ки тақсим кунем. Хабаре, ки аз Фарғона аз дидори нахуствазирҳо расид, муқаррароти виза комилан лағв ё дарёфти он осон хоҳад шуд.
Радиои Озодӣ: Шумо бори ахир кай ба Душанбе омада будед?
Фаррух Зокиров: Ростӣ, ба хотир надорам.
Радиои Озодӣ: Шумо Душанберо пазмон шудед?
Фаррух Зокиров: Бале, хеле ҳам дилам ба ёди Душанбе гум мезанад. Душанбе шаҳри зебост. Ман консертҳои қаблиам ва дӯстони ҳунарпешаи тоҷикамро дар ёд дорам. Масалан, Мағфират Ҳамроқуловаро дар ёд дорам. Мо мисли хоҳарону бародарон будем.
Радиои Озодӣ: Шумо аллакай медонем, ки кадом таронаҳоро иҷро мекунед
Фаррух Зокиров: На, намедонам, зеро барнома ҳоло таҳия мешавад. Чун мо пазмони Тоҷикистон ҳастем, фикр мекунам мухлисон ҳам ба ҳунарнамоии мо пазмон шудаанд.