Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фархориҳо хабарҳои охиринро аз "Пушкин" мегиранд


Музаффар Ҳайдаров
Музаффар Ҳайдаров

Як рӯзномафурӯши дучархасавор дар Фархор ҳазорон сокини ин минтақаро рӯзномахон кардааст. Ин мард дар аввали солҳои 2000-ум ба фурӯши нашрияҳо пардохт, ки таваҷҷӯҳи мардум ба матбуот коста шуда буд.

Музаффар Ҳайдарови 50-сола, сокини шаҳраки Фархор, 15 сол боз бо велосипед ё дучархааш нашрияҳои хусусӣ ва давлатиро ба сокинон мерасонад. Ин мард аслан санъаткор буд ва баъд аз тарки пеша кардан ба худ тахаллуси "Пушкин"-ро гирифт. Дар муддати 15 сол Ҳайдаров чандин дучархаро иваз кард, аммо пешаи интихобкардааш - расондани навиди тоза барои сокинонро дигар накард.

Рӯзномафурӯши дучархасавор - Музаффар Ҳайдаров 23 октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки чанд соли пеш раиси собиқи ноҳияи Фархор Қурбонбой Каримов барои таъмини сокинони шаҳру деҳот бо нашрияҳо ба ӯ мошини хизматӣ тақдим кард. Аммо ӯ ба ҷойи мошин дучарха хост.

Ҳайдаров бар иловаи маркази ноҳияи Фархор, инчунин, ба деҳоте рӯзнома мебарад, ки мошинҳо ба онҷо ба сахтӣ мераванд. Ӯ мегӯяд, то солҳои 2005 дар Фархор ҳамагӣ 400 дона рӯзнома ба фурӯш мерафт. Аммо ин мард баъдан тавонист мардумро ба рӯзномахонӣ ташвиқ кунад ва бозори моли худро гармтар намояд. "Баъди бекориҳои тӯлонӣ дар соли 2000 ба идораи “Почтаи ноҳияи Фархор” ҳамчун хаткашон ба кор омадам, аммо баъдан пешаи рӯзномафурӯширо ихтиёр кардам," - мегӯяд Ҳайдаров.

Қиссаи рӯзномафурӯши дучархасавор
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:49 0:00

Муштариёни Ҳадаров аз қишрҳои мухалифи ҷомеа ҳастанд, аз раиси ноҳия то мансабдорону сокинони маъмулӣ, ки ҳафтае беш аз 3000 рӯзномаи давлативу мустақилро харидорӣ мекунанд. Ӯ табъу завқи муштариёнашро медонад ва пеш аз пеш медонад, ки кадом нашрияро ба кӣ бидиҳад.

Қувват Умаров, сокини ноҳияи Фархор, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳар ҳафта рӯзи панҷшанбе чашм ба роҳи Музаффар аст. Агар Музаффар дер кунад, ҳатман бо ӯ дар тамос мешавад, ки рӯзномаҳо кай ба Фархор мерасанд? "Мо ӯро ҳамчун Пушкин мешиносем. Ҳар ҳафта рӯзи панҷшанбе алакай соати ҳашт рӯзномаҳоро ба дари хонаи мо оварда мерасонад. Ҳозир ба ман рӯзномаҳои "Азия-Плюс", "Пайк" ва "Садои мардум"-ро овард," -- гуфт ӯ.

Аҳмади Иброҳим, сардабири ҳафтаномаи "Пайк" мегӯяд, ӯ мушоҳида кардааст, ки ҳатто хурдсолон низ дар Фархор ба рӯзнома таваҷҷӯҳ доранд. Ба қавли ҷаноби Иброҳим, агар дар ҳар ноҳияи Тоҷикистон чунин шахсе ба паҳн кардани рӯзнома машғул шавад, тавваҷӯҳи сокинон низ ба хондани рӯзномаҳо бештар мегардад.

Музаффар Ҳайдаров соҳиби панҷ фарзанд аст ва зиндагиашро асосан аз ҳисоби рӯзномафурӯшӣ пеш мебарад. Ҳар рӯзнома дар минтақаи Кӯлоб аз 3 то 4 сомонӣ нарх дорад. Музаффар соати 5-и субҳи рӯзи панҷшанбе ҳафтаномаҳоро, ки аз Душанбе барояш мефиристанд, дарёфт мекунад ва дар муддати камтар аз ду-се рӯз ба муштариёнаш дар ноҳияи Фархор тақсим мекунад.

XS
SM
MD
LG