Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади Фариза бо талаби падараш аз гур берун оварда шуд


Акси Фаризаи Хуҷаназарро ба Радиои Озодӣ хешовандонаш фиристоданд
Акси Фаризаи Хуҷаназарро ба Радиои Озодӣ хешовандонаш фиристоданд

Мақомот ҷасади Фаризаи Хуҷаназар, сокини деҳаи Миёнадуи ноҳияи Сангвор (Тавилдараи собиқ)-ро пас аз шаш рӯзи марг барои ташхиси тиббию судӣ аз хок берун карданд.

Ҷасади Фаризаи Хуҷаназари 21-сола, ки дар батн тифли семоҳа дошт, бегоҳи 11-уми феврал дар манзили зисти хонаи шавҳараш овехта пайдо шуд. Ӯро рӯзи 12-уми феврал бидуни ташхис ба хок супурданд. Бо тақозои падари Фариза, ки ба фарзияи худкушии духтараш шубҳа дорад, рӯзи 16-уми феврал ҷасад барои ташхис аз гӯр берун шуд.

Ӯро дӯст медоштам ва ҳеҷ мушкил байни мо набуд. Дар хонаи мо низ касе ӯро азоб намедод. Агар ягон нафар ҳам азоб дода бошад, Худо ҷазояш медиҳад

Фаризаи Хуҷаназар, сокини деҳаи Лайрони ноҳияи Сангвор ду соли пеш бо Ҳикматулло Ҷурабеков, сокини деҳаи Миёнадуи ин ноҳия издивоҷ кард. Дар ин муддат соҳиби писаре шуданд, ки ҳоло яксола мебошад.

Хуҷаназар Алиев, падари Фариза рӯзи 16-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, духтараш пеш аз марг аз фишори хешовандони ҳамсар - бародари шавҳару ҳамсари ӯ ва хушдоманаш шикоят мекард.

“Рӯзи 10-уми феврал, як рӯз пеш аз ҳодиса занг зад ва гуфт, ки 16-уми феврал зодрӯзи писараш аст. Гуфт, барояш тӯҳфа биёред. Одаме, ки худкушӣ мекунад, барои зодрӯзи писараш омодагӣ мегирад? Барои ҳамин мо шубҳа кардем, ки ӯ худкушӣ накардааст. Баъдан, аз даҳону биниаш хун рафта буд, вале мо дидем, ки дар замин ягон қатра хун начакидааст,”- гуфт падари Фариза.

Нисфирӯзии 16-уми феврал ташхиси ҷасад анҷом ёфт ва ҳанӯз натиҷаи ин таҳқиқ маълум нест.

Акс аз бойгонии хонаводаи Фаризаи Хуҷаназар
Акс аз бойгонии хонаводаи Фаризаи Хуҷаназар

Дар Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Тавилдара рӯзи 16 феврал ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки рӯзи ҳодиса кормандони милиса ба он ҷо рафтанд, вале бобои Фариза ба ташхиси ҷасад мухолифат кардааст. Ҳанӯз нисбат ба ин ҳодиса парванда боз нашудааст ва тасмим дар ин замина баъди анҷоми ташхиси мақомот гирифта мешавад.

Волидайни Фариза гуфтанд, ки духтарашон дар муносибат бо шавҳараш ҳеҷ мушкил надошт, вале пайвандони шавҳараш ӯро азият медоданд.

Ҳикматулло Ҷурабеков, шавҳари Фаризаи Хуҷаназар ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи 16 феврал модару бародараш барои бозпурсӣ ба Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сангвор даъват шудаанд. Ба саволи Радиои Озодӣ дар бораи ҳодисаи марги мармузи ҳамсараш, Ҳикматулло Ҷурабеков гуфт, ки рӯзи 11 феврал, замоне, ки фоҷеа рух дод, дар хона набуд ва ба деҳаи ҳамсоя барои тамошои сабқати бузкашӣ рафта буд. Вай инчунин гуфт, ки даъвоҳо дар заминаи ин ки зиндагии Фариза дар хонаи шавҳар бад буд ва муносибати хешовандони ӯ бо ҳамсараш сабаби марги ҳамсари ҷавон будааст, ҳеҷ асос надорад:

“Вақте бармегаштам, додарам занг зад ва гуфт, ки ҷасади занатро овехта пайдо кардем. Ӯро дӯст медоштам ва ҳеҷ мушкил байни мо набуд. Дар хонаи мо низ касе ӯро азоб намедод. Агар ягон нафар ҳам азоб дода бошад, Худо ҷазояш медиҳад. Бо писари яксолаам саргардонам, намедонам чӣ кор мекунам,”- гуфт ӯ.

Зиёратшоҳ Ҷурабеков, хусури Фариза низ гуфт, ӯ низ ҷасади келинашро овехта дидааст ва ҳайрон аст, ки ин ҳодиса чӣ гуна рух додааст.

Ҳоло тафтишот бояд ба саволи аслӣ посух диҳад, ки сабаби марги фоҷеабори модари ҷавон чӣ буд ва то куҷо нафаре метавонист дар марги ӯ даст дошта бошад. Қонунгузории Тоҷикистон барои “то худкушӣ расонидан” ҷавобгарӣ пешбинӣ мекунад.

Сангвор (Тавилдара) як минтақаи дурдасти кӯҳии Тоҷикистон аст
Сангвор (Тавилдара) як минтақаи дурдасти кӯҳии Тоҷикистон аст

Дар Тоҷикистон, ки аксар сокинонаш мусалмонанд, таҷрибаи ташхиси дубораи ҷасади нафари фавтида роиҷ нест, вале дар як соли охир матбуот дар бораи як ҳодисаи дигари ҳамсон гузориш додааст. Дар ноҳияи Турсунзода ҷасади духтари 16-солаеро пайдо карданд, ки комилан сӯхта буд. Мақомот дар авввал гуфтанд, ки ӯ худкушӣ кардааст, вале баъди пофишориҳои хешовандони наврас ва ташхиси дубораи ҷасад, тафтишот маълум кард, ки ду тан аз ҳамсолаш ин духтарро кушта, баъдан ҷасадашро оташ задаанд. Гунаҳгорони ин ҷиноят ба мӯлатҳои тӯлонии ҳабс маҳкум шуданд.

XS
SM
MD
LG