Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти овозхони машҳури хоразмӣ Олмахон Ҳайитова


Овозхони машҳури хоразмӣ, Ҳунарпешаи мардумии Узбакистон Олмахон Ҳайитова, ки дар миёни насли калонсоли Тоҷикистон мухлисони зиёд дошт, дар синни 73-солагӣ дар Тошканд аз ҷаҳон гузашт.

Олмахон Ҳайитова аз намояндагони он насли ҳунармандони Узбакистон буд, ки ба андозаи зиёд суннатҳои мусиқии муштараки мардуми узбак ва тоҷикро, ки тайи асрҳо шакл гирифта ва ба ҳам омехта буданд, ҳифз ва таблиғ мекарданд.

Шӯҳрати ӯ, ки худ тор менавохт ва бештар сурудҳои мардумӣ мехонд, садҳо бонуи ҷавонро ба саҳна кашонда, дар Тоҷикистон Каромат Ҳоҷиева ва Хосияти Зарафшонӣ аз пайравонаш шумурда мешаванд. Дар айни авҷи шуҳраташ, дар соли 70-уми садаи гузашта Олмахон Ҳайитова борҳо ба Тоҷикистон сафарҳои ҳунарӣ дошт ва чанд консерти пурбинандаи ӯ дар шаҳри Душанбе ҳамроҳ бо дастаи ҳунарии “Лазгӣ” ҷараён ёфтаанд. Телевизиони Тоҷикистон низ таронаҳои ӯро, ки бархе аз онҳо ба сабки бостонии хоразмӣ суруд шудаанд, зиёд намоиш медод.

Олмахон Ҳайитова дар соли 1940 дар деҳаи Хонақоҳи вилояти Хоразми Узбакистон ба дунё омада, дар озмунҳои мардумӣ пирӯз гашт ва соли 1958 ба Театри давлатии Янгиюл даъват шуд. Бо таъсиси дастаи ҳунарии “Лазгӣ” дар соли 1959 узви он гардид ва дар соли 1974 Донишгоҳи театр ва наққошии Тошкандро хатм кард.

Чанд соли охир аз ҳунарнамоӣ худдорӣ мекард ва аз бемории қанд азият мекашид.

XS
SM
MD
LG