Бобоҷон Азиз, ҳунарманди номдори Тоҷикистон ду рӯз ба ин сӯ дар яке аз бемористонҳои шаҳри Душанбе дар ҳолати беҳушӣ (кома) қарор дорад.
Наздикони Бобоҷон Азиз рӯзи 23 июл дар суҳбат ба Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ карданд ва гуфтанд, ки аз дирӯз дар бемористони маъруфи Медгородок даро ҳолати беҳушӣ қарор дорад.
Ҳоло хонаводааш мегӯяд, ки тайи ду рӯз аст, ки дигар садои таронаи “Афсӯсаш”-ро Бобоҷон Азиз зам-зама намекунад ва дар рӯи бистари беморӣ бе ҳуш хобидааст.
Ҳилолбӣ Зокирова, ҳамсари Бобоҷон Азиз рӯзи 23-уми июл дар суҳбат гуфт, ки шавҳараш бо дастгирии президент ҳафтаи гузашта ба бемористони маъруф ба номи Медгородок барои табобат омада буд. Зокирова гуфт, дирӯз табибон ба онҳо занг зада гуфтанд, ки ҳолати Бобоҷон вазнин шудааст.
“Президент кумакаш мекард. Бо дастгирии перезидент барои табобат ба Медгородок омад. Ҳафтаи гузашта рӯзи сешанбе буд. Аммо духтурон ва духтарам дирӯз занг зад, ки Бобоҷон дар ҳолатӣ беҳушӣ (кома) афтодааст, ҳоло дигар сухан намекунад ва ҳама дар болои сараш истодаем”, - гуфт мусоҳиби мо.
Шогирди Зафар Нозим ва муассиси мактаби ҳунарии худ
Бобоҷон Азиз, аз ҳунармандони машҳури тоҷик аст, ки дар 15-солагиаш ба саҳна баромада, дар аввалҳои солҳои 1970-ум аз худ ба сифати як овозхони касбӣ дарак дод. Баъди ин Бобоҷон соли 1983 дар қатори дигар сарояндагони матраҳи ҷумҳурии Тоҷикистон унвони “Ҳунарпешаи хизматнишондодаи” Тоҷикистони Шӯравиро соҳиб шуд ва соли 1996 унвони “Ҳофизи халқии” Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирифт.
Таронаҳои “Ахтари баланд”, “Ёди ватан” ва “Муаллим” ба ӯ шуҳрат оварданд. Ӯро шогирди Зафар Нозим медонанд ва ҳамчунин ҳунарманде пазируфтанд, ки тавонистааст мактаби хоси хонандагии худро асос гузорад.
Бобоҷон Азиз, чанд сол қабл сактаи мағзӣ гирифта дар рӯи бистарӣ беморӣ қарор дошт Ин ҳунарманд моҳи январи соли 2017 дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки бар асари дардмандӣ наметавонад мисраъҳои таронаҳояшро ба ёд оварад. Ба ёд оварад ҳам, ба душворӣ месарояд.
"Афсӯс"-и Бобоҷонро замзама мекунем...
Бобоҷон Азиз то солҳои 2016 ва замоне ба сактаи мағзӣ гирифтор шуданаш дар рӯи саҳна қарор дошт. Таронаи “Афсӯс” охирҳои солҳои 1990-ум дубора номи Бобоҷон Азизро вирди забонҳо кард. “Афсӯс” бархурди фалсафии сарояндаро ба воқеият инъикос намудааст. Он баъди чанд муддати таътили эҷодӣ ва тай шудани марҳилаи мушкилӣ ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон навишта шудааст. Аммо Бобоҷон Азиз, ин сурудҳоро канда-канда дар хонааш гоҳ ба ёдаш омад зам-зама мекард, вале ашк доим гулуяшро мегирфт ва наметавонист онро пурра қироат кунад.
Ҳоло хонаводааш мегӯяд, ки тайи ду рӯз аст, ки дигар садои таронаи “Афсӯсаш”-ро Бобоҷон Азиз зам-зама намекунад ва дар рӯи бистари беморӣ бе ҳуш хобидааст.
Бобоҷон Азиз: Барои зиндагӣ мурданд чанде