Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Facebook, Frendica, Diaspora ё Гугл плас, кадоме боамнтар?


Ҳарчанд Фейсбукро барои тағйироти пай дар пай дар муқаррароту адами шаффофият дар кораш ва роҳ ёфтан ба ҳарими хусусиву иттилоти шахсии корбаронаш танқид мекунанд, аммо ин торнамо ҳамчунон корбарони бештарро ба сӯи худ мекашад.

Зеро интихоб аз миёни шабакаҳои иҷтимоӣ камтар аст. Аммо ҳоло ду шабакаи дигар омадаанд, то вазъро тағйир диҳанд ва яке аз онҳо Frendica ва дуввумӣ Diaspora аст. Вале онҳое, ки аз Фейсбук хаста шудаанд, метавонанд, аввал Гугл пласро озмоиш ва муқоиса кунанд.

Ралф Менгерт, як мақоми масъули бахши ҳифзи иттилоооти хусусӣ дар аёлати Ҳесеи Олмон мегӯяд, Гугл ба масъалаи амнияти иттилоот ва ҳарими хусусӣ бештар аҳамият медиҳад. Михаела Зинке, аз Иттиҳодияи марказҳои масрафкунандагони Олмон ҳам Гугл пласро барои имконоти мутафовиташ аз Фейсбук ситоиш мекунад.

Ба гуфтаи ӯ дар Гугл Плас ҳангоми навиштан ва ё нашри чизе корбарон эҳтиёт мекунанд ва метавонанд ба осонӣ аз ҳалқаи дӯстони худ интихоб намоянд, ки акс ва ё навиштаашонро ба кадоме аз аъзои ҳалқаи худ нишон бидиҳанд. Вале айни замон шикоят зиёд аст, ки Гугл иттилоооти хусусии корбаронашро барои паёмҳои бозаргонии асабоникунанда истифода мебарад.

Онҳое, ки мехоҳанд, дигар торнамоҳои иҷтимоиро озмоиш кунанд, метавонанд ба шабакаҳои иҷтимоии (Frendica) Френдика ва (Diaspora) Диаспора саре бизананд, ки иттилооти шуморо мисли Фейсбук дар як сервери азим нигаҳ намедоранд. Вақте узви ин шабакаҳо шудед, навиштаву иттилооти шумо барои ҳифз ба як сервери бузург намеравад, балки дар компютери худи шумо нигаҳ дошта мешавад. Ҳарду торнамои иҷтимоӣ, як ҳафта муддати ройгони истифодаро барои шумо пешниҳод мекунанд. Шаклашон ҳам ба Фейсбук монанд аст, вале ягона чизе, ки дар онҳо пайдо намешавад, пешниҳоди дӯстон ба афроди дигар аст. Шабакаи Диаспора, барои онки корбарони навро ба қавле натарсонад, бо онки мепурсад, шумо кӣ ҳастед, ҳамзамон пешниҳод мекунад, ки саҳифаи худро дар Диаспора ба саҳифаи худашон дар Фейсбук бипайванданд.

Ҷо Багер, коршиноси маҷаллаи вижа дар бораи компютерҳо дар Олмон мегӯяд, торнамои Френдика иҷоза медиҳад, ҳарчизеро, ки дӯстонатоне дар Фейсбук мегузоранд, бубинед ва ҳамчунин дар шабака бинависеду акс бигзоред. Яъне шарт нест, ки барои ҳифзи иттилооти хусусии худ аз Фейсбук берун оеду фақат дар Френдика бинависед. Танҳо баъди ҳузур дар Френдика ва Диаспора барои худ собит мекунед, ки масъалаи ҳарими хусусӣ дар инҷоҳо ҷиддӣ гирифта мешавад. Масалан шумо метавонед, як навиштаеро барои вақти муаяйн бигзоред ва он навишта баъди се ё чаҳор соат бо хостаи шумо аз сафҳа пок мешавад. Аз ин рӯ дар ҷаҳони бузурги Интернет танҳо Фейсбук барои лона гузоштану муошират нест. Нинҷ яке аз дигар торнамоҳои иҷтимоист, ки метавонад, барои шумову ҳалқаи дустонатон амну бехатар бошад ва иҷоза медиҳад, ки худатону дӯстонатон ҳам як шабакаи алоҳидаи иҷтимоӣ дошта бошед.
XS
SM
MD
LG