Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӣ ва чӣ гуна соҳиби курсии Маҷлиси намояндагон мешавад? ВИДЕО


Рӯзи якшанбе дар Тоҷикистон вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллиро интихоб карданд.

Порлумони Тоҷикистон аз ду маҷлис иборат аст: Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ. Маҷлиси намояндагон палатаи поёнии порлумон 63 курсӣ дорад.

Аз ин 22 курсиро аъзои ҳизбҳои сиёсӣ, ки беш аз 5 дарсади овозҳоро ба даст меоранд, ишғол мекунанд. Боқӣ 41 нафар вакилони дигар дар ҳавзаҳои якмандатӣ интихоб мешаванд.

Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзои Маҷлиси миллӣ дар панҷ сол як бор доир мешавад.

Кӣ ва чӣ гуна соҳиби курсии Маҷлиси Намояндагон мешавад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:08 0:00

Дар Тоҷикистон 7 ҳизби сисёсии расмӣ сабти ном шудаанд:

  • Ҳизби аграрӣ
  • Ҳизби демократ
  • Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ
  • Ҳизби коммунист
  • Ҳизби сотсиалистӣ
  • Ҳизби сотсиал-демократӣ
  • Ҳизби халқӣ-демократӣ

Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ номзадҳои ҳамаи ҳизбҳоро сабтином кард, аммо шумораи номзадҳои ҳизбҳо, ки расман сабтином шудаанд, аз якдигар фарқ мекунанд.

  • Ҳизби аграрӣ - 13 номзад
  • Ҳизби демократӣ - 4
  • Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ - 7
  • Ҳизби коммунистӣ - 5
  • Ҳизби сотсиалистӣ - 5
  • Ҳизби сотсиал-демократӣ - 5
  • Ҳизби халқӣ-демократӣ - 26 номзад.

Вакили Маҷлиси намояндагон ва ё Маҷлиси миллӣ шахсе интихоб шуда метавонад, ки синнаш на кам аз 30-сола ва таҳсилоташ олӣ бошад ва забони тоҷикиро донад. Шахсе, ки ба ҷуз аз шаҳрвандии Тоҷикистон шаҳрвандии кишвари дигарро дорад, ҳақ надорад вакил интихоб шавад.

Вакили Маҷлиси намоядагон ҳақ надорад, ба фаъолияти тиҷоратӣ машғул бошад, ба истисноӣ корӣ илмӣ ва омӯзгорӣ.

Аҳолии Тоҷикистон беш аз 9 миллиону 900 ҳазор нафар аст ва аз ин шумора 4 миллиону 346 ҳазору 415 нафар қобили раъй ҳастанд.

Аз замони соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон дар соли 1991 дар кишвар 5 дафъа интихоботи порлумонӣ доир шуд. Созмонҳои байналмиллалии нозири интихобот, аз ҷумла Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо боре ҳам интихоботҳои Тоҷикистонро озоду демократӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ эътироф накардаанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG