Иқтисодшиноси тоҷик Нозим Ишонқулов мегӯяд, Тоҷикистон дар ниҳояти амр ба узвияти Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё шомил мешавад. Ӯ мегӯяд, ҳарчанд узвияти Тоҷикистон дар ин созмон фоидаи зиёде ба ҳукумат намеорад, аммо сабукиҳои муайянро дар фаъолияти муҳоҷирон ва ҳам муомилоти тиҷоратии Душанбе бо кишварҳои узви ин созмон фароҳам хоҳад овард.
Нозим Ишонқулов ҳоло дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар пажӯҳишгоҳи Cato Institute кор мекунад. Ӯ дар Тоҷикистон раҳбари "Маркази бозори озод" буд, ки ба омӯзиши равандҳои иқтисодии ин кишвар машғул аст.
Рӯзи 12 август Қирғизистон узви комилҳуқуқи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё шуд ва сафи аъзои онро ба панҷ расонд: Русия, Беларус, Қазоқистон, Арманистон ва Қирғизистон. Ин ба он маъност, ки марзҳои ин созмони иқтисодӣ то сарҳадҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ доман паҳн кард ва сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон акнун сарҳади Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё шуд.
Тоҷикистон, ки ҳамчунин барои узвият дар ин созмон аз ҷониби Маскав зиёд ташвиқ мешавад, ҳанӯз посухи мушаххас надодааст. Дар Душанбе мегӯянд, ки ин мавзӯъ мавриди омӯзиш қарор дорад. Иқтисодшиноси тоҷики муқими Амрико Нозим Ишонқулов мегӯяд, Тоҷикистон билохира илоҷи дигаре ба ҷуз пазируфтани шартҳои ин созмон надорад: "Ба фикри ман, Тоҷикистон билохира ба узвияти ин созмон ворид мешавад, чунки ҳукумат илоҷи дигаре надорад. Ҳарчанд ман тарафдори ин созмон нестам, вале ҳаминро мефаҳмам, ки аз узвият дар ин ташаккур Тоҷикистон фоидаи бештар мебинад."
Таҳлилгар мегӯяд, узвият дар ин созмон, пеш аз ҳама, ба манфиати муҳоҷирони кории тоҷик аст ва ба хотири ҷилавгирӣ аз таниши иҷтимоӣ ҳукумат бояд ба ин роҳ равад: "Аз рӯи маълумоти дастрас, исми ҳудудан 240 ҳазор ҳамватани мо дар феҳрасти афроди мамнӯъ вуруд ба Русия ворид шудааст. Бисёри муҳоҷирони мо бо сабаби мушкили дарёфти иҷозати кор ба хонаҳояшон бармегарданд, вале даромаде, ки онҳо дар ин ҷо доранд, қонеъкунанда нест. Бо бозгашти онҳо дар кишвар як таниши иҷтимоӣ ба вуҷуд меояд ва ҳукумат бояд бо як роҳе ин шиддатро коҳиш диҳад. Шояд, ки ҳукумат маҷбур мешавад, зидди принсипҳои худ амал кунад ва ба ваъдаи шариконаш бовар карда, ба гузашт роҳ медиҳад ва ба муҳоҷирони кории мо як мавқеи шоистаро фароҳам меорад. Аз рӯи маълумоте, ки мо дорем, барои кишварҳои узви ин созмон ҳаракати озод ва адами зарурати гирифтани иҷозати кор ваъда шудааст."
Таҳлилгарони иқтисодӣ мегӯянд, як масъалаи ҷиддии мавриди нигаронии ҳукумати Тоҷикистон дар ин масъала – вобастагии шадид аз муқаррароти созмони зери назари Маскав ва хатари коҳиши буҷаи вобаста аз боҷи гумрукӣ мешавад. Нозим Ишонқулов гуфт, "тахминан 50 дарсади буҷаи Тоҷикистон аз ҳисоби даромаде ташкил мешавад, ки аз бахши воридот ё импорт ба даст меояд. Ин андози арзиши иловагӣ, аксиз ва ҳам боҷҳои гумрукӣ аст. Ба эҳтимоли зиёд, баъди узвияти Тоҷикистон дар созмони Авруосиё, андозҳо аз арзиши иловагӣ боқӣ хоҳанд монд. Ҳанӯз маълум нест, ки табодули тиҷоратӣ дар қаламрави кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодӣ чӣ гуна хоҳанд шуд. Вале интизор меравад, ки ҳаҷми боҷи гумрукӣ, ҳамонтавре, ки дар Қирғизистон дидан мумкин аст, аз 1,5 то 2 дар сади қимати моли воридотиро ташкил хоҳад дод."
Дар бораи бурду бохтҳои тавсеаи доманаи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё то марзҳои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ сӯҳбати видеоии Радиои Озодиро бо таҳлилгарони минтақаӣ - Талант Султонов -- раиси Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти стратегии Қирғизистон, Нозим Ишонқулов -- иқтисодшиноси тоҷик, Фарҳод Толибов, --коршиноси масоили интегратсия ва Камолиддин Рабимов -- собиқ корманди МТС Узбакистонро тамошо кунед.