Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъолияти зери "заррабин"-и саррофон


Дар Тоҷикистон барои назорат ба вазъи бозори асъор гурӯҳи муштараки иборат аз масъулони Бонки миллӣ ва ниҳодҳои интизомию амниятии кишвар таъсис ёфтааст.

Гурӯҳи кории иборат аз намояндагони додситонии кулл, вазорати умури дохилӣ, кумитаи амнияти миллӣ ва бонки миллии Тоҷикистон бо назардошти болоравии бесобиқаи асъори хориҷӣ нисбат ба пулӣ миллӣ санҷишҳои муштаракро ба роҳ мондааст.

Бино ба изҳороти додситонии кулл, ин гурӯҳ муайян кардааст, то ҳанӯз бархе аз саррофон 100 долларро ба 650-660 сомонӣ ба фурӯш мегузоранд. Ин дар ҳолест, ки қурби расмии хариди 1 доллар аз ҷониби бонки миллии Тоҷикистон то 6 сомониву 28 дирам ва фурӯши он то ба 6 сомониву 30 дирам муқаррар гардидааст.

Ба дарёфти ин ҳайат, ахиран афроде, ки мехостанд, ба таври ғайриқонунӣ асъори хориҷиро ба берун аз Тоҷикистон интиқол бидиҳанд, низ боздошт шудаанд. Ин аст, ки нисбат ба ду нафар парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, ки талоши ба хориҷ интиқол додани 65 ҳазор долларро кардаанд.

Намояндаи додситонии кулли Тоҷикистон Сунатулло Мирзозода дар ин замина мегӯяд, "дар ин муддат беш аз 20 ҳолати қонунвайронкунӣ ошкор ва нисбат ба онҳое, ки молу маҳсулот ва ё хидматрасонии худро бо асъори хориҷӣ муайян мекарданд, чораандешӣ карда шуд." Ҷаноби Мирзозода афзуд, "ба ҳолатҳои хариду фурӯш ё ин ки муомилот дар бозор, манзилҳои истиқоматӣ, воситаҳои нақлиёт ва дигар хидматрасониҳое, ки ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ ба роҳ монда мешаванд, чораандешӣ мегардад."

Дар ҳамин ҳол, саррофон низ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ хабар доданд, фаъолияти онҳо таҳти назорати ҷиддии гурӯҳи мазкур қарор гирифтааст. Ба гуфтаи мусоҳибони мо, бо вуҷуди он, ки фурӯши асъори хориҷӣ бар асоси қурби муайянкардаи Бонки Миллӣ бар зарари онҳо тамом мешавад, вале ночоранд онро риоят кунанд. Зеро дар сурати ошкор шудани нақзи муқаррарот, ин саррофон ҷарима мешаванд

Растаи саррофиҳо дар маркази Душанбе.
Растаи саррофиҳо дар маркази Душанбе.

Ҳасан Муродов, яке аз ин саррофон гуфт, “баъди шурӯи ин рейдҳо мо бо камбуди доллар рӯ ба рӯ шудем. Зеро аз як сӯ, бонкҳо дигар ба мо доллар намедиҳанд аз тарафи дигар соҳибкорон дар як рӯз на бештар аз 1 ё 2 ҳазор доллар иваз мекунанд, ки ин ночиз аст. Барои ҳамин, вақте аз мо доллар мепурсанд, мо мегӯем, надорем. Дар баробари ин, дигар худи мардум ҳам аз саррофиҳо бо нархи баланд долларро харидорӣ намекунанд. Аз ин хотир ҳоло қурби доллар дар як сатҳ яъне 6 сомониву 30 дирам нигоҳ дошта шудааст. Ростӣ, ман ин бозиҳоро намефаҳмам. Чаро аз ин пеш Бонки Миллӣ ба мо мегуфт, вобаста ба талаботи бозор қурбро муайян кунед ва мо то имрӯз ҳамин гуна кор мекардем, вале ҳоло моро ба нақзи қонун айбдор мекунанду ҳама гуноҳро дар гардани мо бор менамоянд.”

Дар ҳамин ҳол, дар бархе аз саррофиҳо доллар танҳо бар ивази пешниҳоди нусхаи шиноснома фурӯхта мешавад. Ба гунаи мисол, дар яке аз саррофиҳои пойтахт зане доллар харидан мехост, аммо сарроф дар посух гуфт, ”ҳоло доллар надорем, ҳамагӣ 200 доллар мондааст, ки навакак ба як нафар ваъда кардам ва ӯ барои копия кардани шиносномааш рафт.”

Иқтисоддониҳои тоҷик бо чунин шева танзим кардани бозори асъорро беманфиат медонанд ва мегӯянд, ин иқдом ҳам барои “бозори сиёҳ”роҳ мекушояд ва ҳам боиси дилсардии соҳибкорон мегардад. Ин таҳлилгарон чунин санҷишҳоро “ғайрибозорӣ” унвон мекунанд, ки наметавонад барои стратегияи дарозмуддат, яъне бештар аз 1 ва ё 2 моҳ самара бидиҳад.

Cаймиддин Дӯстов
Cаймиддин Дӯстов

Саймиддин Дӯстов, таҳлилгари тоҷик дар ин замина гуфт, “бахши аъзами иқтисод ва гардиши молӣ акнун зери соя хоҳад рафт ва саррофиҳо яке аз чеҳраҳои калидӣ дар иқтисоди Тоҷикистон хоҳанд шуд. Зеро аз ин баъд агар шумо хоҳед ягон хариди ҷиддиро анҷом бидиҳед, бояд ҳатман ягон саррофи шинос дошта бошед, ки қурби асъорро аз даҳони ӯ бигиред. Ин худ намоиши заъфи Бонки Миллӣ аст, ки бо ҷойи истифода аз абзори бозорӣ, аз чунин иқдоми ғайрисамаранок истифода мебарад. Шеваҳои бозорӣ худ истифода аз меъёри бозтамвил маҳсуб мешавад. Бо боло бурдани он мешавад дар бозори асъор қадамҳои босамар монд. Ҳамчунин бо дигар кардани талаботи Бонки Миллӣ дар баробари ҳадди аққалҳои нигаҳдорӣ дар бонкҳо мешавад таъсир расонд. ”

Бо ин ҳама бархе аз таҳлилгарони соҳаи бонкдорӣ барои нигаҳ доштани қурби сомонӣ дар нисбати асъори хориҷӣ пешниҳод доранд, ки Бонки Миллӣ бо ташкилотҳои молиявӣ кародод бандад. Дар асоси ин ҳуҷҷат, ниҳоди мазкур долларҳои ин ташкилотро бо сомонӣ ва бо як нархи муайян харидорӣ кунад ва ба ҳангоми зарурат, бо каме фоида ба онҳо фӯрушад.

Аз нигоҳи ин таҳлилгарон, чунин чора ба ташкилоти молиявӣ имкон медиҳад, ки бо қурби нисбатан мӯътадили сомонӣ сару кор гирифта, ба аҳолӣ бо сомонӣ қарз бидиҳанд. Вале пешниҳодҳои дигаре аз ҷумла дар гурӯҳи фейсбукии “Хабарҳои иқтисодии Тоҷикистон” низ ба мушоҳида расидаанд. Аз ҷумла пурра ба сомонӣ гардондани қарзҳои бонкӣ барои аҳолӣ, табодули мустақими сомонӣ бо юани чинӣ ва ғайра.

Вале нуктаи меҳварӣ дар ҳамаи баҳсҳо ин аст, ки кишвар бояд ба рушди истеҳсолот даст ёбад, зеро иқтисоди қавӣ метавонад пойдевори қурби пули миллӣ бошад. Ҳамзамон эътироф мешавад, ки ин кори якшаба нест ва талошҳои ду даҳа то ҳоло натиҷаи кам додаанд.

Арзиши доллар дар саррофиҳои Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:14 0:00

XS
SM
MD
LG