Ин лаҳзаҳо дар толори “Кохи Ваҳдат»-и шаҳри Душанбе Муколамаи сатҳи баланд дар масоили амниятӣ миёни Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ идома дорад. Тибқи иттилои дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар ин муколама Ҳелга Шмидт, муовини дабири кулли Хадамоти амалиёти хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ва ҳамчунин муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, ширкат доранд.
Баррасии таъмини амният дар минтақа ва ҷаҳон ва ҳамчунин густариши ҳамкориҳои мухталиф миёни Иттиҳодияи Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, дар меҳвари Муколамаи сатҳи баланд дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон аст. Дар ҳамин ҳол, масъулони дафтари Иттиҳодияи Аврупо дар Душанбе нишасти муштараки масъулони ин созмон бо мақомоти кишварҳои Осиёи Марказиро дар заминаи ҳамоҳангӣ дар масоили муҳими минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, пураҳамият арзёбӣ мекунанд.
Зеро ба таъкиди масъулони Иттиҳодияи Аврупо, ин созмон аз таҳаввулоти ахир дар Украина ва фаъоли шудани гурӯҳи “Давлати Исломӣ” дар Ховари Миёна, ба шиддат нигарон аст. Масъулони дафтари Иттиҳодияи Аврупо дар Душанбе изҳори умедворӣ карданд, ки баргузории Муколамаи сатҳи баланд дар масоили амниятӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, барои таъмини суботу амният дар минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, мусоидат хоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи гузашта бо Ҳелга Шмидт, муовини дабири кулли Хадамоти амалиёти хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дидору гуфтугӯ кард. Ба иттилои дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар ин мулоқот доираи васеи масъалаҳо, аз ҷумла натиҷа ва хулосаҳои музокироти сиёсӣ миёни Иттиҳодияи Аврупо ва Тоҷикистон ва равандҳои муҳими ҳамкории дуҷониба, омодагӣ ба “Муколамаи сатҳи баланди Иттиҳодияи Аврупо ва Осиёи Марказӣ оид ба амният”дар Душанбе, мавзӯоти муҳими минтақавӣ, обу энергетика, мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамчунин Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи гузашта дар чорчӯби баргузории Муколамаи сатҳи баланд дар Душанбе, бо муовини вазири умури хориҷии Афғонистон Ҳикмат Халил Карзай низ мулоқот намуд.
Муколамаи қаблӣ миёни Иттиҳодияи Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ моҳи июни соли 2013 дар Бруссел баргузор шуда буд, ки масоили амнияти минтақа пас аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистонро баррасӣ карда буд. Муколама оид ба масъалаҳои амниятӣ аз барномаҳои Иттиҳодияи Аврупо аст, ки дар ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон баҳсу баррасиҳоеро дар мавзӯоти калидӣ, ба монанди мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир, терроризм, экстремизм, рафъу пешгирии таҳдидҳои кимиёвӣ, биологӣ, радиоактивӣ ва ядроӣ қарор медиҳад.
Баргузории ҷаласаи навбатии Муколама Иттиҳодияи Аврупо-Осиёи Миёна оид ба амният дар шаҳри Душанбе бо пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон сурат мегирад. Равобити Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар соли 1994 шурӯъ шуда ва ин созмон дар тарҳҳои мухталифе ба Тоҷикистон кӯмакҳои молӣ ва фанниро ироа кардааст.
Иттиҳодияи Аврупо дар чорчӯби Стратегияи нав барои Осиёи Марказӣ, ки моҳи октябри соли гузашта ба тасвиб расид, ба Тоҷикистон дар ҳафт соли оянда маблағи 251 миллион евро тахсис медиҳад. Ин тасмим дар нишасти чоруми Шӯрои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳодияи Аврупо, дар шаҳри Люксембург, ки Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷӣ раҳбарӣ намуд, иттихоз гардид.