Дипломатҳои Иттиҳоди Аврупо рӯзи 15-уми май дар Брюссел ёддошти муштараки ин ниҳодро дар бораи стратегияи нави ИА дар Осиёи Марказӣ қабул карданд. Ин қадами ниҳоӣ дар остонаи қабули стратегияи “ИА ва ОМ: Имкониятҳои нав ба хотири ҳамкориҳои қавӣ” буд, ки интизор меравад моҳи июни имсол аз тарафи вазирони умури хориҷии эътилоф тасвиб ва моҳи июл дар мулоқоти раҳбари сиёсати хориҷии ИА Федерика Могеринӣ дар Бишкек муаррифӣ хоҳад шуд. Барномаи каблии Иттиҳодияи Аврупо соли 2007 қабул шуда буд. Тарҳи нав чӣ вижагиҳо хоҳад дошт?
Сафир: Стратегия санади раҳбурдии кор бо ОМ аст
Мерилин Йозефсон, сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, дар шарҳи стратегияи нав ба Радиои Озодӣ гуфт, ин санад як дидгоҳи раҳбурдӣ буда, самтҳои афзалиятноки ҳамкории ИА ва кишварҳои минтақаро дар бар мегирад ва заминиаи ҳамаи тарҳҳои баъдина хоҳад буд.
“ИА хостори эҷоди ҳамкориҳои қавӣ, замонавӣ ва умумӣ бо Осиёи Марказист”, -- гуфт ӯ ва афзуд, "ҳадафи аслӣ эҷоди фазои ҳамкорист, на рақобат."
Стратегияи нав бо ҳадафи мусоидат ба минтақа дар муқобила бо ҳама гуна зарбаҳои (иқтисодии) дохиливу хориҷӣ, риояи қонун ва ҳуқуқи башар, фароҳам овардани фазои озоди кор барои сохторҳои маданӣ ва матбуоти мустақил амалӣ мешавад.
Йозефсон гуфт, дар бахши дигари муҳими ҳамкориҳо – амниятӣ – муқобила бо ифротгароӣ, терроризм, амнияти интернетӣ ва ниҳоят, чолишҳои марбут ба гармоиши иқлим, рушди бахши энержӣ ва ислоҳот мақоми асосӣ доранд. Эҳтимол харҷи тарҳи нав ба 1,3 миллиард евро баробар хоҳад буд.
Тоҷикистон: Мавқеи мо ҳам шунида шуд
Эркинхон Раҳматуллозода, сафири Тоҷикистон дар Белгия ва намояндаи дипломатии кишвар дар Иттиҳоди Аврупо мегӯяд, вижагии барномаи нави раҳбурдии ИА дар он аст, ки худи кишварҳои минтақа низ дар таҳия кардани он иштирок кардаанд. “Қаблан онҳо сирф аз нуқтаи назари аврупоиҳо ба ин масъала нигоҳ мекарданд, вале ҳоло мавқеи кишварҳои моро ҳам ба эътибор гирифтанд”, -- гуфт Раҳматуллозода.
Дипломати тоҷик мегӯяд, Тоҷикистон ба унвони бахше аз ин стратегия, дидгоҳҳои худро дорад ва яке аз ин масъалаҳо - рушди соҳаи энержӣ мебошад. “Сухан дар бораи энержии сабз меравад, яъне дар бораи он чи қадар дар он муносибати инсону табиат мунсаҷим аст. Энержии офтоб, бод, гидроэнергетика, энержии таҷдидшаванда... Хости мо аз ИА ин аст, ки ба иҷрову маблағгузории чунин тарҳҳо дар ОМ таваҷҷӯҳ кунад”.
Ба гуфтаи Раҳматуллозода, Тоҷикистон инчунин умедвор аст, ки ИА дар барномаи тақвияти марзҳо ҳаҷми маблағгузориҳоро афзоиш медиҳад. Ба қавли сафир, барномаҳои “маблағгузории бисёр муваффақи БОМКА ва КАДАП, ки барои тақвияти марзҳову мубориза бо маводи мухаддир хуб, аммо бисёр кам буд”. Таҳдидҳои амниятӣ ва хатари терроризму убури мусаллаҳон аз марз бо Афғонистон, ки беш аз 1400 километр тӯл дорад, аз назари Душанбе, чолиши хеле муҳим ва доғ мемонад.
Мухолифони муқими Аврупо
Сафири ИА дар Тоҷикистон мегӯяд, авлавияти ҳамкориҳои миёни ду ҷониб дар пешбурди масоили ҳуқуқи башар, демократия ва ҳокимияти қонун аст. Ба суол дар бораи ин ки то куҷо мавзӯи мухолифин дар минтақа матраҳ аст, ки аз ширкат дар ҷараёнҳои сиёсии кишварҳояшон дур карда шудаанд, ӯ гуфт, “баёнияи қабулшуда ба тақвияти ҷомеаи шаҳрвандӣ таъкид мекунад. Мо хостори дидани нақши боризи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳамкориҳои ИА ва ОМ мебошем. Он танҳо бо мухолифон маҳдуд намешавад. ИА ташаккули бисёрҷониба аст, ки бо мардум кор мекунад. Онҳо метавонанд мухолифи ҳукумат бошанду набошанд, онҳо метавонанд сиёсатмадор бошанд ва набошанд, вале стратегияи ИА ба хотири нирӯманд шудани мардум амал мекунад”.
"Барои расидан ба ин ҳадаф, бояд кишварҳо омодаи ислоҳоти сиёсӣ бошанд", -- гуфт ӯ. Вале то куҷо Тоҷикистон ба тақозоҳои ИА дар заминаи эҷоди фазои бози сиёсӣ ва риояи ҳуқуқи башар таваҷҷӯҳ мекунад?
Эркинхон Раҳматуллозода, сафири Тоҷикистон дар ИА мегӯяд, ин масъала ҳамеша мавриди муколамаи ҷонибҳост ва “абзори муҳим – муколамаи байни Тоҷикистон ва ИА дар масоили ҳуқуқи башар аст, ки ҳамасола баргузор мешавад."
Ба суол дар бораи ин ки то куҷо дар чаҳорчӯби музокираҳои дуҷонибаи ИА ва Тоҷикистон масоили паноҳандаҳои сиёсии тоҷик дар Аврупо матраҳ мешавад, ки бахше аз онҳо аъзои ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ мебошанд? Сафир гуфт: “Дар суханрониҳои раиси ҷумҳур, раҳбари давлат ҳам ин чандин бор садо додааст: “Мо зидди стандартҳои дугона ҳастем”. Яъне сари мизи музокирот ҷонибҳо баъзан мавқеъҳои мухталиф доранд, муносибаташон ба як падида оҳангҳои мухталиф дорад, аммо муколама, баррасии мавқеъҳо мунтазам идома дорад”.
Ин дар ҳолест, ки мухолифони тоҷик, махсусан пас аз соли 2015 ва айбдор шуданашон дар ошӯби мусаллаҳонаи генерал Назарзода ба таври густардатар дар Аврупо ҷойгир шудаанд. Аз ҷумла аъзо ва тарафдорони Ҳизби ҳоло наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), ки зимни ин воқеа дар худи кишвар мамнӯъ ва террористӣ эълон шудааст, акнун асосан дар Олмон ва Лаҳистон ба сар мебаранд ва аз ИА ҷорӣ кардани таҳримҳоро зидди мақомоти Тоҷикистон талаб мекунанд. Гуруҳи мазкури мухолифон иттиҳомоти ҳукмшуда бар худро рад мекунад ва онро баҳонае барои аз саҳнаи сиёсӣ берун кардани худ меномад.
Бо наздик шудани интихобот дар Тоҷикистон бархе даъвату пешниҳодҳо садо медиҳад, ки ҳукумат мавқеи худро бозбинӣ кунад ва шояд бо мухолифонаш сари мизи музокирот нишинад.
Эркин Раҳматуллозода, сафири Тоҷикистон дар Брюссел гуфт, ин масъала дар сатҳи ҳуқуқӣ матраҳ аст ва дар ин замина Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукм содир кардааст. “Агар бозбинӣ шавад, дар сатҳи ҳуқуқӣ бояд баррасӣ шавад. Ин масъалаҳо дар ин ҷо ҳал намешаванд. Мо мувофиқи дастуру муқаррароте, ки аз Душанбе карда мешавад, амал мекунем”, -- гуфт ӯ.
Мерилин Йозефсон гуфт, мафҳуми мухолифинро бояд ба маънои васеаш дарк кард ва дар дохилу хориҷи Тоҷикистон ҳам намояндагони мухолифон ба сар мебаранд. “Оппозитсия мафҳуми васеъ дорад ва ҷонибҳо бояд мубодилаи созанда дошта бошанд. Агар ИА барои миёнҷигии байни онҳо хидмат карда тавонад, бо камоли майл омодааст, ки ба ин кор даст занад. Вале бояд таъкид кунам, ки мо ҳеҷ дархосте аз ҷонибҳо (дар заминаи эҳтимоли ба роҳ мондани музокирот) дарёфт накардаем”.
Коршинос: Имкониятҳои ИА маҳдуданд
Иттиҳоди Аврупо, ки ташаккули муттаҳидкунандаи 28 давлат дар қораи Аврупост, яке аз шарикони муҳими Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Ғарб ба шумор меравад. Сиёсатшиноси тоҷик Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, таърихи ҳамкориҳои стратегии байни ду ҷониб, ки аз солҳои 2007 шурӯъ мешавад, табъан натиҷаҳои мусбат ва баробар бо ин, камбудҳои худро дорад. Ӯ мегӯяд, ҳамкориҳои наздики кишварҳои минтақа бо Аврупо ба Тоҷикистон, мушаххасан, дар бурунрафт аз бӯҳрони иқтисодии солҳои гузашта мусоидат кардааст.
Коршиноси тоҷик афзуд, кумакҳои техникӣ ва бозбинии қонунҳои кишвар бо меъёрҳои байналмилалӣ дар доираи ин ҳамкориҳо ҳам ба манфиати Тоҷикистон шуд. “Ва ё таъсиси Оҷонси зиддифасод. Ин идея аслан аз Аврупо буд. Шаклаш баъд дигар шуд, на он шакле, ки дар аввал мегуфтанд. Вале, ба ҳар ҳол, қадами муҳим буд. Дар масъалаи ҳуқуқи башар ҳам Аврупо кумакҳои зиёд кард, чунки ҳукумати Тоҷикистон водор шуд, ки дар ин соҳа ба вокуниши Аврупо ва бозигарони байналмилалӣ нигоҳ кунад”.
Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, коршиносон аз стратегияи ҳамкории ИА ва ОМ пуштибонӣ мекунанд, вале меафзояд, бо вуҷуди хоҳиши зиёди Брюссел барои тавсеаи домани ҳамкориҳо, имкониятҳои ин ташаккул маҳдуд аст ва он “маблағҳои зиёд надорад”. Ба қавли ин коршинос, бо ин ки ИА дар доираи сиёсатҳои Шӯрои Аврупо барномаҳои худро амалӣ мекунад, танҳо Олмону Швейтсария ҳастанд, ки назар ба кишварҳои дигари узв майли бештар барои ҳамкорӣ бо ОМ нишон медиҳанд.