Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости ҳомиёни ҳуқуқ аз Могеринӣ қабл аз сафараш ба Осиёи Марказӣ


Федерика Могеринӣ
Федерика Могеринӣ

Қарор аст, имрӯз Федерика Могеринӣ, сиёсатгузори умури хориҷии Иттиҳоди Аврупо ба Осиёи Марказӣ сафар кунад. Дар остонаи сафар, ҳомиёни ҳуқуқ аз ӯ хостанд, масъалаи риояти ҳуқуқи инсонро бо раҳбарони кишварҳои минтақа дар миён бигузорад.

Дар шаҳри Ашхобод ӯ бо мақомоти Туркманистон, аз ҷумла Гулшод Мамедова, раиси порлумон мулоқот мекунад ва дар маросими ифтитоҳи дафтари Иттиҳоди Аврупо ширкат хоҳад кард. Дар хабари вебсайти расмии иттиҳодия омадааст, ки баъд аз Туркманистон, Федерика Могеринӣ ба шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон меравад ва бо вазирони панҷ кишвари минтақа мулоқот мекунад. Ӯ рӯзи 7-уми июл ҳамчунин дар форуми ИА ва Осиёи Марказӣ суханронӣ мекунад.

Қабл аз сафар ба Осиёи Марказӣ, ҳомиёни ҳуқуқ аз дипломати баландпояи Аврупо хостанд, ки ба масъалаи риояти ҳуқуқ дар минтақа тамаркуз кунад, ки ҳоло раҳбарони онро барои саркӯби дигарандешону мухолифон бисёр танқид мекунанд. Рейчел Денбер, муовини мудири бахши Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар Дидбони Ҳуқуқи Башар як созмони мӯътабари ҳомии ҳуқуқи инсон, ки дар Ню Йорк қароргоҳ дорад, гуфтааст: “Туркманистон яке аз бадтарин ҳукуматҳои саркӯбгар дар ҷаҳонро дорад ва дар ин кишвар солҳост, ки фаъолон ва ҳомиёни ҳуқуқи инсонро зиндонӣ мекунанд.”

Ӯ афзудааст: “Иттиҳоди Аврупо дар стратегияи наваш барои Осиёи Марказӣ ба дурустӣ аз ҳукуматҳои минтақа хостааст, ба ҳуқуқи инсон эҳтиром гузоранд, имкон бидиҳанд, ки ҳомиёни ҳуқуқ ва хабарнигорон озодона кор кунанд ва шиканаҷаро аз байн баранд.” Денбер аз Федерика Могеринӣ хостааст, ба ҳукумати Туркманистон бигӯяд, ки дафтари нави ИА дар Ашхобод “барои тағйир дар вазъи ҳуқуқи инсон дар кишвар ҳама талошро хоҳад кард.”

Рейчел Денбер ҳамчунин гуфтааст, ки Могеринӣ бояд озодии Гулгелдӣ Аннаниёзовро талаб кунад, ки соли 1995 барои баргузории тазоҳуроти осоишта бо талаби интихоботи демократӣ ва эътироз ба зидди мушкилоти иқтисодӣ дастгир ва зиндонӣ шуд. Ӯ баъди раҳоӣ Туркманистонро тарк кард, вале баъди бозгашт дар соли 2008 ӯро дигарбор дастгир карда ба зиндон андохтанд. Ҳукми зиндони ӯ аввали имсол ба поён расид, вале то ҳол раҳо нашудааст.

Филлип Дам, яке дигар аз намояндагони Дидбони Ҳуқуқи Башар рӯзи 5-уми июл дар як шарҳе дар Евронюс аз Федерика Могеринӣ хост, возеҳ бигӯяд, ки “Ба эътиқоди Иттиҳоди Аврупо демократия дар Осиёи Марказӣ имконпазир аст, ба шарте, ки раҳбарони худкомаи он майли худ барои қудратро болотар аз ҳуқуқи шаҳрвандони худ нагузоранд.“ Филип Дам аз ҷумла сарнавишти 150 нафар аз фаъолон, вакилони дифоъ, хабарнигорон ва раҳбарони мухолифони давлат аз ҷумла Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва "Гурӯҳи 24" дар Тоҷикистонро зикр кардааст, ки ба гуфтаи ӯ аз соли 2015 худсарона дастгир ва зиндонӣ шуданд ва ба онҳо дар зиндон бадрафторӣ сурат мегирад.

Филлип Дам ҳамчунин хостааст, ки Федерика Могеринӣ аз мақомоти Қирғизистон раҳоии Азимҷон Аскаров, ҳомии ҳуқуқи инсонро талаб кунад, ки соли 2010 дар муҳокимаи олуда ба қонуншиканӣ ба зиндони якумрӣ маҳкум шуд.

XS
SM
MD
LG