Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон: Равобит бо Русия вориди марҳилаи комилан дигар мешавад


Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурии Туркия рӯзи сешанбе дар шаҳри Санкт-Петербург дар мулоқот бо Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия гуфт, ки муносибатҳои кишвараш бо Русия “вориди марҳилаи комилан дигар” мешавад. Вай афзуд, ҳамбастагии миёни ду кишвар метавонад ба ҳалли масъалаҳои минтақаӣ низ кӯмак кунад.

Владимир Путин 9 август мизбонии мулоқот бо ҳамтои турки худ Эрдуғонро дар қасри Константинови Санкт-Петербург бар ӯҳда дошт. Ин нахустин мулоқоти ҷонибҳо баъд аз суқути ҳавопаймои низомии Русия дар 25 ноябри соли 2015 дар наздикии марз бо Сурия мебошад.

Баъд аз ин ҳодиса Русия бар зидди Туркия таҳримҳои иқтисодӣ ҷорӣ кард ва муносибатҳои ҳарду ҷониб сард шуд. Вале баъд аз талоши табаддулоти давлатии нофарҷоми низомӣ дар Туркия ҳоло ҳарду ҷониб майл доранд робитаҳои худро аз сар бигиранд.

Қабл аз оғози музокирот Эрдуғон ба Владимир Путин барои занги телефониаш баъд аз табаддулоти нофарҷоми низомии 15 июли соли ҷорӣ изҳори сипос кард. Дар ҷараёни талоши кудато бештар аз 240 нафар ба қатл расиданд.

Путин дар ҷавоб ба суханони Эрдуғон гуфт: “Боздиди имрӯзаи шумо бо вуҷуди вазъи мушкили дохилӣ нишон медиҳад, ки мо ҳама мехоҳем гуфтугӯҳо ва муносибатҳои байни Русияву Туркия аз сар гирифта шаванд”. Путин афзуд, “ман медонам, яке аз аввалин шахсоне, ки ба шумо занг зад ва барои кӯмак дар марҳилаи бӯҳронӣ изҳори кӯмак кард, ман будам. Ман мехоҳам бори дигар бигӯям, ки ин мавзеъгирии усулии мост ва мо мухолифи ҳар гуна фаъолияти ғайриқонунӣ ҳастем”.

Эрдуғон гуфт, “мардуми Туркия хушҳол буд", ки Путин баъд аз талоши нофарҷоми табаддулоти давлатӣ кӯмаки худро пешниҳод кардааст ва умедворанд, ки ин ду кишвар дар муносибатҳои худ бо тадбирҳое, ки мо меандешем, вориди марҳилаи комилан дигар мешаванд”.

Путин ва Эрдуғон ҳамчунин масъалаи аз миён бардоштани таҳримҳои иқтисодии Русия бар зидди Туркияро баррасӣ карданд ва баъд аз ин акнун фаровардаҳои Туркия тадриҷан ба бозорҳои Русия роҳ хоҳанд ёфт.

Тибқи арзёбиҳои охир, баъд аз эълони таҳримҳои Русия дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ шумори сайёҳони Русия ба Туркия 87 дарсад коҳиш ёфтааст. Эрдуғон дар остонаи ин мулоқот дар мусоҳибае бо хабаргузории ТАСС гуфт, Туркия ҳамаи тадбирҳоро хоҳад андешид, то амнияти сайёҳонро дар шароити кунунии кишвараш таъмин кунад. Ба гуфтаи вай, ҳоло дар минтақаҳои ҷаҳонгардии Туркия мушкили амниятӣ вуҷуд надорад ва сайёҳӣ мардумони ҳарду кишварро бо якдигар наздик мекунад.

Бори ахир Путин ва Эрдуғон моҳи ноябри соли гузашта дар мулоқоти раҳбарони кишварҳои G20 ё 20 кишвари пешрафтаи санъатии ҷаҳон бо ҳам мулоқот карда буданд. Баъд аз ин мулоқот дар ҳамон моҳи ноябр ҳавопаймои низомии Русияро Туркия дар назидкии марз бо Туркия суқут дод ва бӯҳрон дар муносибатҳои ду ҷониб оғоз ёфт.

Тамосҳои Маскав ва Анкара дар сатҳи раҳбарон замоне шурӯъ шуд, ки 27 июн Эрдуғон дар номае аз Владимир Путин барои суқути ҳавопаймо узр хост. Дар Кохи Кремли Маскав мегуфтанд, ки Эрдуғон аз Путин дар ин нома узр хостааст, вале ҷониби Туркия исрор меварзид, ки Эрдуғон аз суқути ҳавопаймо танҳо изҳори таассуф кардааст.

Бозиди кунунии Эрдуғон аз Русия ва мулоқоташ бо Путин дар ҳоле сурат мегирад, ки муносибатҳои Анкара бо Амрико ва кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо барои боздоштҳои дастаҷамъона ва истирдод накардани Фатҳулло Гюлен, рӯҳонии Туркия сард шудааст. Туркия иддао мекунад, ки Гюлен дар талоши табаддулот даст дорад ва бояд дар Туркия ба муҷозот кашонда шавад. Рӯзи 9 июл нахуствазири Туркия Беналӣ Йилдирим гуфт, ки баъди истирдодаш ба Туркия Фатҳулло Гюлен эъдом хоҳад шуд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG