Алишер Ашрофзода мегӯяд, вақти исми бародарашро дар феҳрасти довталабони дохилшуда ба яке аз факултаҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ҷойи сеюм ёфт, бовараш наомад. Зеро ба гуфтаи Алишер, ӯ то ин дам зиёд дар бораи он шунида буд, ки ба макотиби олӣ танҳо бо ду роҳ метавон ворид шуд, яке додани ришва ва дигаре бо истифода аз восита.
Аммо Алишер мегӯяд, бародараш Зикруллоҳ, ки мактаби миёнаро дар яке аз деҳаҳои ноҳияи Файзобод хатм кардаву барои супоридани имтиҳони вурудӣ аз пеш зиёд омодагӣ гирифта буд, тавонист бо қувваи худаш дохил шавад.
Вай афзуд, «ӯ аз пеш тестҳои зиёди дохилшавиро пур карда буд ва дар имтиҳон иштирок карда, бе ягон восита ё додани ришва мувваффақ шуду дар гурӯҳи буҷавии забонҳои англо-арабии факултаи Осиё ва Аврупо дохил шуд. Ва ростӣ, мо аз ин шафффофитя ба ҳангоми дохилшавӣ хеле шодем. Ҳарчанд аз ин пеш мо зиёд шунида будем, ки агар пул набошад, дохил шудан амри маҳол аст. Вале барои воситаҷӯӣ бояд шароит дошта бошӣ. Мо ки надоштем, танҳо такя ба дониш ва ба Худо кардем.»
Ба фарқ аз Алишер, ки аллакай бародараш ба номи пурифтихори донишҷӯ соҳиб шудааст, барои Мадина то расидан ба ин унвон як қадами дигар мондааст.
Мадина мегӯяд, иншоро бо баҳои хуб супоридааст ва ду рӯз баъд бояд аз имтиҳони тестӣ бигзарад. Ин мусоҳиби мо ба факултаи ҳуқуқшиносӣ ҳуҷҷат супоридааст, ки ҳамеша талабгори зиёд дошт.
Аммо Мадина ба гуфтаи худаш таваккалро ихтиёр карда, ба омади бахташ умед мебандад. Мадина гуфт, «ман ба дониши худам итминон дорам. Агар, албатта, воқеъбинона ҷарён бигирад, боварӣ дорам, ки дохил мешавам. Ҳарчанд бисёриҳо аз ман мепурсанд, ки ягон «тағо»ҳаст? Вале ман фақат ҳуҷҷатҳоямро супоридааму халос, дигар ба ҳеҷ кас маблағе надодаам.»
Вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯяд, тибқи таҳлилҳо, имсол низ аксарияти довталабон ба ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ, тиббӣ, иқтисодӣ ва улуми фанниву фанновариҳои муосир бартарӣ додаанд.
Маҳмудхон Шоев, сухангӯи ин вазорат мегӯяд, барои таҳсил дар донишгоҳҳои Тоҷикистон дар соли ҷорӣ беш аз 43 ҳазор нафар ҳуҷҷат супоридаанд, ки аз ин шумора танҳо 36 ҳазор нафараш ба ҳайси донишҷӯ пазируфта мешаванд. Ҷаноби Шоев гуфт, «тибқи қоидаи қабул ба макотиби олии Тоҷикисто, ҷараёни имтиҳонот мисли солҳои пешин, яъне навиштани иншо ва супоридани тест, сурат хоҳад гирифт. Имтиёз барои он нафароне, пешбинӣ шудааст, ки макотиби миёнаро бо медали тилло хатм кардаанд, ғолибони озмунҳои байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ҳастанд, ва ҳамчунин барои фарзандони ширкатдорони Чернобил ва ятимон. »
Маҳмудхон Шоев меафзояд, ҳамасола талабот нисбат ба дониши довталабон зиёд мешавад ва мутаносибан масъулони донишгоҳ онҳоеро интихоб мекунанд, ки саводи комил дошта бошанд.
Тоҷикистон чанд сол боз низоми тестии имтиҳоноти қабулро ба роҳ мондан мехоҳад, аммо дида мешавад, ки ҳамон шеваҳои қадимиро бо шеваҳои муосир тавъам карданист. Зеро дар ҳама донишгоҳҳо имтиҳони аввал навиштани иншо аст, ки дар замони Шӯравӣ низ чунин буд.
Аммо суоле ки дар зеҳнҳо ҳак мешавад, ин аст, ки то куҷо низоми тестӣ ба сӯди кор аст? Рӯҳулло Ҷӯрабоев, коршиноси соҳаи маориф бар ин аст, ки аз роҳи санҷиши тестӣ наметавон дониши довталабро ба таври комил мушаххас кард. Ӯ мегӯяд, «мутахассисоне ҳастанд, ки варақаҳои тестиро чунон истифода мебаранд , ки боз ба ҳамон роҳи ришваву фасод мераванд. Беҳтар аст, ки довталабон дар худи мактабҳо тариқи озмун ва дар назди волидайну шоҳидони дигар имтиҳон супоранд.»
Ин гуфтугузорҳо дар ҳолест, ки Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар ин авохир аз чанд мавриди ришваситонӣ дар мактабҳои таҳсилоти олӣ ва ба хусус дар мавсими дохилшавӣ изҳори нигаронӣ кардааст. Аз ҷумла танҳо дар чанд рӯзи ахир ҳолатҳои зиёди гирифтани пора барои дохил кардан дар ин ё он донишгоҳ ошкор шудааст. Ҳодисаи охирин боздошти ронандаи ректори Донишкадаи омӯзгории Рашт аст, ки гуфта мешавад, барои дохил кардани як довталаб аз падари ӯ 800 доллар ва як мошин каҳ талаб кардааст. Як мусоҳиби мо, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, мегӯяд, ӯ аз қабл мехост ба донишгоҳи тиббӣ дохил шавад, аммо чун дар ивази ин аз ӯ 10 ҳазор доллар талаб карданд, аз баҳри духтур шуданаш гузашт. Ӯ гуфт, «ҳоло мо дар донишгоҳи Салавянӣ нафареро пайдо кардем, ки бар ивази 5 ҳазор доллар ваъда дод, ки ман донишҷӯ мешавам. Ин маблағро ҳам падару модарам бо қарз аз хешу табор ҷамъ кардаанд. »
Ҳарчанд мақомоти Вазорати маориф ва донишгоҳҳо вуҷуд“ставка”-и воридшавӣ дар донишгоҳҳоро рад мекунанд, аммо дар сӯҳбат бо пайвандони довталабон маълум шуд, ки имрӯз нархи ғайрирасмии дохилшавӣ ба Донишгоҳи тиббӣ аз 10 то 15 ҳазор доллар ва ба Донишгоҳи омӯзгорӣ 2 ҳазор доллари амрикоиро ташкил мекунад. Ҳамингуна «ставка»-и факултаҳо дар Донишгоҳи миллии Тоҷиккистон мутафовит буда, ҳуқуқшиносӣ аз 7 то 8 ҳазор, иқтисодӣ - 5 ҳазор, рӯзноманигорӣ ва филология- 2 ҳазор, шарқшиносӣ - аз 4 то 5 ҳазор доллар гуфта мешавад. Онҳое, ки мехоҳанд пул дода, ба факултаҳои Донишгоҳи славянӣ дохил шаванд бояд дастикам 4 ҳазор доллар ва хоҳишмандони таҳсил дар Донишгоҳи техникӣ аз 3 то 5 ҳазор доллар омода кунанд, гӯшакӣ мекунанд нафарони корафтода.
Убайдуллоҳ Қурбонов, ректори Донишгоҳи тиббӣ ахиран эътироф кард, ки "ставка"-и дохилшаваӣ ба ин донишгоҳро имсол то 25 000 доллар бардоштаанд. Вале ӯ гуфт, ки ин бардор-бардор ҳама кори миёнаравҳост,дар ҳоле ки агар довталаб саводи кофӣ дошта бошад, бидуни пардохти ягон тин метавонад ба донишгоҳи тиббӣ дохил шавад.