Дар ҳоли ҳозир дар дунё 6809 забони “зинда” вуҷуд дорад, вале шумори гӯяндагон ба 90 дарсади ин забонҳо камтар аз 100 000 нафар будааст. Ҳоло ба 357 забони дунё то 50 нафар ва ба 47 гӯиши дар воқеъ нодир ҳамагӣ якнафарӣ такаллум мекунанд.
Сомонаи интернетии “Корвонистон” дар матлабе таҳти унвони “3 забони дар ҳоли нобудӣ аз Осиёи Марказӣ ғайб мезананд” ба сарнавишти чанд забони нодири ин минтақа таваҷҷӯҳ кардааст. Бино бар ин гузориш, забонҳои дунганӣ, шуғнӣ ва муғулӣ, ки ба он танҳо дар ду рустои вилояти Ҳироти Афғонистон такаллум мекарданд, шояд аз байн бираванд. Сомонаи “Корвонистон” забони шуғнӣ бо 4 гӯиши шуғниву рӯшонӣ, бартангӣ, хуфӣ ё рошарвиашро дар радифи забонҳои рӯ ба нобудӣ ном бурда, менависад, ин забон бо вуҷуди осори зиёди шеърӣ имрӯз расмулхат надорад ва танҳо аз тариқи шифоҳӣ ҳифз мешавад.
8 забони таҳти табъиз
Муҳаққиқони забонҳои помирӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, чунин хатари нобудӣ нафақат ба шуғнӣ, балки ба кулли забонҳои Бадахшон таҳдид мекунад. Оё роҳи наҷоте вуҷуд дорад, ки ин ганҷинаи бузурги забонҳои помирӣ ҳифз шаванд?
Шодихон Юсуфбеков, муҳаққиқи забонҳои помирӣ мегӯяд, вазъи шуғнӣ дар миёни забонҳои дигари Бадахшон боз ҳам беҳтар аст, чунки шуғнӣ, ба ҳар сурат, забони маркази вилоят ва ҳам забони тиҷорат дар ин минтақа аст. Вале ҳеҷ кадоми ин забонҳо забони илму мактабу коргузорӣ нест аз ин рӯ, ба ақидаи Юсуфбеков, ба тамоми забонҳои нодири Бадахшон марг таҳдид мекунад: ”Танҳо шуғнӣ нест. Ҳамаи 8 забоне, ки дар Помир ҳаст - шуғнӣ, ишкошимӣ, рӯшонӣ, язғуломӣ, вахонӣ, рошарвӣ, бартангӣ, сарикӯлӣ- забонҳои таҳти табъизанд. Чунки ба ин забонҳо таълим нест, ягон барномаи радиоӣ ё телевизионӣ нест, ягон газета чоп намешавад. Фақат забони гуфтугӯи оилавӣ шудаанд. Ва дар замони ҷаҳонишавӣ ва афзоиши таъсири забонҳои бузургтар, онҳо аз байн мераванд оҳиста-оҳиста. Ҳарчанд забонҳои помирӣ ҳама ба “Китоби сурх”-и забонҳо дохил шудаанд. ”
“Ба помирӣ гап назан, ки пешат мекунанд!”
Қонуни забони Тоҷикистон рушди забонҳои помириро замонат медиҳад, вале иҷрояш ба дӯши ҳукумати Бадахшон вогузор шудааст, ки на имкони молиашро дорад ва на азму иродаи кофӣ. Шодихон Юсуфбеков мегӯяд, дар солҳои охир ба забонҳои помирӣ китобе чанд нашр шуд ва барои нашри рӯзномаву маҷаллаҳо бо ин забонҳо низ талош карданд, вале ин ҳамагӣ чанд мавриди ангуштшумор буд, ки натиҷаи чандоне дода натавонист:
“Ҳанӯз дар солҳои 30 талошҳое буд барои соҳибхат кардани ин забонҳо. Хусусан аз тарафи Шириншоҳ Шоҳтемур. Вале баъд ӯро “душмани халқ” ва “миллатгарои буржуазӣ” эълон карда, парронданд ва ин талошҳо ҳам аз байн рафт. Дар солҳои 90 нашрияи “Фарҳанги Бадахшон” таъсис ёфт, ки намунаҳо бо ҳамаи забонҳои помириро чоп мекард. Дар радио ҳам кам-кам талош шурӯъ шуда буд. Вале дар давраи раисии Ниёзмамадов ин ҳамаро манъ карданд. Ӯ дар ҷаласаву дар коридорҳо ба забонҳои маҳаллӣ ҳарф заданро манъ карда, ҳатто чанд нафарро барои сӯҳбат ба забонҳои помирӣ аз кор пеш карда буд.”
Шодихон Юсуфбеков мегӯяд, забонҳои помирӣ ва ҳам яғнобӣ – яке дигар аз забонҳои миранда дар Тоҷикистон аз оилаи забонҳои Эрони шарқӣ ва вориси забонҳои кайҳо молитаърихшудае, чун бохтариву суғдианд. Ин муҳаққиқ мегӯяд, забонҳои Бадахшон ҳам аз нигоҳи сарфу наҳв ва ҳам калимасозӣ аз тоҷикӣ фарқ мекунанд ва вожаҳои нобе дорад, ки ҳатто дар забонҳои аврупоӣ дида мешаванд. Барои мисол, барф ба шуғнӣ “жинич” аст, ки шабеҳи ҳамон “снег”-и русӣ ё “snow”-и инглисистт. Ё ба шуғнӣ дарро “деве” гӯянд, ки решааш аз “дверь”-и русӣ ё “door”-и инглисӣ об мехӯрад. Аммо бештари вожаҳои бадахшӣ баргирифта аз форсии бостонист, ки танҳо дар ин гӯша боқӣ мондааст. Монанди “титак”, ки ба рӯймол мегӯянд, ё “нан”, яъне оча, ваё “вирод”, ки маънои бародарро дорад. Ҳамин тавр, шуғниҳо гургро “урҷ” ва хонаро “чид” мегӯянд.
Аммо дунганҳо...
Ин қавми мусалмон, ки худро ҳуэйзӯ ном мебарад, тақрибан 6 миллионаш дар Чин ва ягон 100 000 дар Қазоқистону Қирғизистон ва Узбакистон ба сар мебаранд. Забони дунганӣ аз гурӯҳи забонҳои чтноиву тибетист, вале танҳо забоне аз ин оила аст, ки дар Шӯравии собиқ бо изофаи 5 ҳарф барояш алифбои сирилик сохтаанд.
Раҳима Исмаева, пажӯҳишгари Маркази дунганшиносӣ дар Фарҳангистони улуми Қирғизистон, танҳо ниҳоди илмие дар минтақа, ки ба омӯзиши таърих ва забони ин қавм машғул аст, мегӯяд, дар маконҳое, ки дунганҳо дастаҷамъона ба сар мебаранд, барои мисол, дар шаҳраки Александровка ҳафтае як соат дар мактаб забони модариро таълим медиҳанд, вале ба сурати умум, ин забон таҳти таъсири забонҳои бузургтар аз байн меравад: “Забони мо мемирад, чунки 90 дарсади кӯдакони шаҳрнишини мо дигар забони модариашонро намедонанд. Дар Ӯшу Узбакистон дунганҳо асосан ба узбакӣ ва дар дигар манотиқи Қирғизистон ва Қазоқистон асосан ба русӣ ҳарф мезананд. Дунганӣ дар рустоҳои мо то ҳол роиҷ аст, вале дар шаҳрҳо аксари дунганҳо, мутаассифона, ба дунганӣ ба ҷуз аз чанд калимаи маишӣ чизе намедонанд.”
Ворисони Чингизхон дар Ҳирот
Сомонаи “Корвонистон” аз марги эҳтимолии як гӯиши қадимӣ ва дастнахӯрдаи забони муғулӣ, ки танҳо дар ду рустои вилояти Ҳироти Афғонистон боқӣ монда буд, низ ҳасрат кардааст. Аҳли ин ду русто худро ворисони муғулҳое медонанд, ки дар асри 13 паҳнои бузурге аз Осиёи Марказиву Эрон то Русияи кунуниро ишғол карданд. Забони муғулӣ дар ин ду гӯшаи дурдаст дар ин 8 қарн ба гунае ҳифз шуд, ки дигар ҳатто барои аҳли Муғулистони кунунӣ нофаҳмост. Аммо ба навиштаи “Корвонистон”, ин гӯиши нодир шояд аз байн рафтааст, зеро ҳатто дар солҳои 70 ба он дар Ҳирот танҳо зери 200 нафар ва он ҳам асосан мардуми болотар аз синни 40 такаллум мекард.