Изҳороти нави ӯ рӯзи 15-уми июн дар остонаи Иди Қурбон садо дод. Як рӯз пеш, 14-уми июн, маросими ҳаҷҷи фарзӣ дар Макка оғоз шуд. Беш аз якуним миллион нафар барои зиёрати Кабъа ба Саудӣ рафтаанд.
“То имрӯз беш аз 255 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон маросими ҳаҷҷи фарзӣ ва зиёда аз 400 ҳазор нафар сафари умраро ба ҷо овардаанд,” – омор овард оқои Раҳмон рӯзи 15-уми июн.
Вай аз он ибрози норизоӣ кард, ки “дар зиндагӣ ва шароити оилаи бисёре аз онҳо мушкилоти зиёд вуҷуд доранд ва ҳолатҳое низ ҳастанд, ки баъзеҳо ҳатто қарз гирифта ба ҳаҷ мераванд.”
Ҳар сол беш аз шаш ҳазор сокини Тоҷикистон барои адои ҳаҷҷи фарзӣ мераванд. Арзиши имсолаи сафари ҳаҷ 57 ҳазор сомонӣ, зиёда аз панҷ ҳазор доллар, муқаррар шудааст.
Мақомдорони тоҷик, аз ҷумла раиси ҷумҳурӣ аз сокинон даъват мекунанд, ки пули сафари ҳаҷ, аз ҷумла ҳаҷҷи такрориро "ба корҳои хайр" ба мисли сохтани пулу мактаб ва роҳу иншооти дигар сарф кунанд. Мухолифон ҳукуматро танқид мекунанд, ки бо истифода аз нерӯву пули мардум мушкилоти иҷтимоиро ҳал карданист.