Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихобот дар Русия: Аз тақаллуб то ҳамла ба номзадҳои мустақил


Александр Беглов
Александр Беглов

Дар Русия рӯзи ягонаи райъдиҳӣ ба анҷом расид. Интихобкунандагон раҳбарони 19 федератсия ва вакилони 13 маҷлиси шаҳриву минтақавиро интихоб карданд. Фаъолони ҷамъиятӣ аз тақаллуби фаровон дар ҷараёни интихобот ва ҳамла ба номзадҳои мустақил хабар доданд.

Тибқи натиҷаҳои пешакӣ, ҳамаи раҳбарони доимӣ ва иҷрокунандагони вазифаҳои роҳбарӣ дар минтақаҳои Русия, ки дар интихобот иштирок доштанд, баранда шуданд. Ба вижа дар шаҳри Санкт-Петербург Александр Беглов ғалаба кард, ки қаблан чандин маротиба дар тақаллуби интихоботӣ айбдор мешуд.

Ҳамчунин тибқи натиҷаҳои пешакӣ, дар интихоботи маҷлиси Маскав ё Мосгордума 20 курсиро намояндагони аҳзоби мухолифи Ҳизби комунист, “Яблоко” ва “Русияи боадалот” соҳиб шуданд. Аксари курсиҳои дигар ё 26 адад ба дасти ҳизби "Русияи воҳид"-и президент Владимир Путин расид.

Валерия Касамара, муовини ректори Мактаби олии иқтисодӣ ва номзад аз тарафи ҳукумат дар ҳавзаи 45-ум аз намояндаи ҳизби “Русияи боадолат” Магомед Яндиев шикаст хӯрд. Яндиев номзади пешниҳодкардаи штаби Алексей Навалний, мухолифи давлати Русия мебошад.

Дар маҷлиси Хабаровск аз 35 курсӣ - 34 адади онро намояндагони ҳизби Либерал-демократи Русия соҳиб шуданд. Як курсии боқимондаро номзади ҳизби “Русияи боадолат” соҳиб шуд.

Ҳаракати ҷамъиятии назорат аз болои интихоботи “Голос” аз 1708 қонуншиканӣ дар ҷараёни интихобот хабар дод. Бештари тақаллубҳо, ба гуфтаи масъулини ҳаракати ҷамъиятӣ, дар шаҳри Маскав ба қайд гирифта шудааст. Ин дар ҳолест, ки дар шаҳри Маскав аз нимаҳои моҳи июл ва баъд аз роҳ наёфтани номзадҳои мухолиф ба маҷлиси шаҳрӣ ҷамъомадҳои эътирозӣ идома дорад. Кумитаи тафтишотии Русия дар нисбати чандин иштирокдорони ин намоишҳои эътирозӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз кардааст.

Расонаҳои мустақили Русия аз ҳамла ба чанд номзади мухолиф дар рӯзи интихобот 8-уми сентябр хабар доданд. Ба навиштаҳои “Радио Свобода” дар шаҳри Санкт-Петербург ба чанд номзади мустақил Анна Шлейников ва Георгий Медвинско ҳамла сурат гирифтааст.

“Голос” хабар медиҳад, ки дар Ҷумҳурии Тува шомгоҳи 7-уми сентябр ба тарафи автобуси назоратчиён ва рӯзноманигорон тирпарронӣ сурат гирифт. Дар ин ҳодиса касе ҷароҳат набардоштааст.

Коршиносони "Маъмурияти либерал" иттилоъ доданд, ки дар маъракаҳои пешазинтихоботӣ рақобатҳои сиёсӣ коҳиш ёфта буд.

Рӯзи 8-уми сентябр сокинони Олтай, Бошқирдистон, Қалмиқистон, Забайкалйе, Ставропол, вилоятҳои Астрахан, Вологодский, Волгоград, Куран, Курск, Липетск, Мурманск, Оренбург, Сахалин, Челябинск ва шаҳри Санкт-Петербург раҳбари худро интихоб карданд. Сокинони Севастополи ишғолӣ ҳам, ки дар ҳудуди нимҷазираи Қрим қарор дорад, вакилони маҷлиси шаҳрии худро интихоб карданд.

XS
SM
MD
LG