Мақомоти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯянд, ки барои баргузории ҳамапурсӣ барои тағйирот дар Қонуни асосии кишвар, ки рӯзи 22 май баргузор мешавад,68 ҳавзаи интихоботиро омода мекунанд. Дар ин бора имрӯз, 15 феврал як манбаъ аз КМИРТ ба Озодӣ хабар дод ва гуфт, ки ҷадвали корӣ дар ин замина давоми рӯзи душанбе тасдиқ хоҳад шуд.
Ин манбаъ гуфт, дар ҳоли ҳозир Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ асосан аз ҳисоби вакилони парлумон гурӯҳҳои корӣ таъсис додааст, то банду фаслҳои тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосиро, ки дар рефрендум гузошта мешавад, ба сокинон шарҳ бидиҳанд.
Маҷлиси Намояндагон - палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон - 22 майи соли ҷориро рӯзи баргузории раъйпурсӣ барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосӣ эълон кард. Дар рӯзи раъйпурсӣ ва ё реферундуми умумимиллӣ ба интихобкунандагон ба суоли "Оё Шумо тағйиру иловаҳоро ба Қонуни асосӣ қабул мекунед?" муроҷиат хоҳад шуд.
Рӯзи 22 январ дар иҷлоси навбатии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тарҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосии Тоҷикистон, ки дар раъйпурсии умумихалқӣ гузошта шавад, баррасӣ шуда буд. Бар асоси ин тарҳ синни довталаб ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ аз 35 то 30 поин шуда, дар сурати тасвиби ин ислоҳ ба Рустами Эмомалӣ, писари раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳаққ медиҳад, ки дар интихоботи президентии соли 2020 номзад шавад.
Ин тағйиру иловаҳо ба худи Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси пешвои миллат ҳақ хоҳад дод, ки бидуни маҳдудият дар интихоботҳои навбатии президентӣ низ иштирок кунад. Бар асоси Конститутсияи Тоҷикистон, ки ҳоло амал мекунад, интихоби як нафар бештар аз ду навбат иҷоза нашудааст.
Қонуни асосии Тоҷикистон дар солҳои 1999 ва 2003 аз тариқи раъйпурсиҳо бозбинӣ шуд. Тағйироти ворида ба Қонуни асосии Тоҷикистон дар соли 2003 ба раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки ҳаққи боз ду давраи ҳафтсолаи раҳбарии кишварро ба даст биёрад ва замони раёсаташро то соли 2020 тамдид кунад.
НАВОР АЗ БОЙГОНӢ