Онҳо дар аксари манотиқи кишвар бо мардум мулоқот карданд, ва барномаи худро дар 30 дақиқаи ҷудошуда дар шабакаҳои телевизиони давлатӣ муаррифӣ намуданд. Ҳамчунин шиору лавҳаҳои таблиғотии худро дар кӯчаву хиёбонҳо насб карданд.
Сидҷаъфар Исмонов, номзад аз Ҳизби демократи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, бо вуҷуди он, ки ситоди интихоботии ӯ барои часпондани варақаҳои таблиғотӣ дар кӯчаву хиёбонҳои кишвар бинобар набуди ҷойҳои махсус мушкил дошт, аммо дар марҳилаи ташвиқу тарғиб тавонист худро барои мардум муаррифӣ кунад.
Вале ҷаноби Исмонов мегӯяд, «бояд гуфт дар шаҳр ҷойҳои махсус барои часпонидани варақаҳои таблиғотӣ мавҷуд нест. Дар ягон бино иҷозаи часпондани варақаҳоро намедиҳанд, варақаҳоро ҳар ҷое мечаспонем, канда мепартоянд. Аммо ба ҳар сурат фикр мекунам, нисбат ба интихоботҳои қаблӣ демократия рушд ёфтааст ва дар ноҳияҳо имконияти мулоқот бо интихобкунандагон беҳтар буд. Ман ҳамин субҳ бозори Шоҳмансур рафтам, бовар кунед ҳама маро мешиносанд. Шурӯъ аз кабудифурӯшу мевафурӯш ва ҳатто аробакаш низ маро шинохт. Маълум мешавад, ки мардум Шабакаи аввалро тамошо кардаанд. Яъне, имконияти таблиғ барои он, ки мардум номзадро бишиносад ҳаст.»
Ҳарчанд Саидҷаъфар Исмонов, ним соате, ки дар шабакаҳои телевизионӣ барои таблиғи номзадҳо ҷудо шуда буд, кофӣ хонд, меафзояд, 15 дақиқа муаррифӣ намудани барномаи пешазинтихоботӣ дар мулоқоти рӯ ба рӯ бо мардум кам будааст.
Зоҳиран Исмоил Талбаков, номзад аз ҳизби коммунисти Тоҷикистон низ аз раванди марҳилаи таблиғотӣ қаноатманд аст. Вай мегӯяд, аллакай дар 51 шаҳру навоҳии кишвар мулоқоту сӯҳбатҳои худро бо мардум анҷом додааст. Ҷаноби Талбаков афзуд, «бояд мардонавор иқрор шуд, ки дар ин марҳила ягон монеа эҳсос намешуд. Албатта барои президент шудан 20 рӯз кам аст, аммо имконят барои муариффӣ кардани платформаи мо вуҷуд дошт. Ва агар интихобкунандагон вақти рафтан пойи қуттиҳои раъй дар рӯйхати пешниҳодшуда аз боло исми 5-ум ва аз поён исми 2-умро хат бикашанд ба ҳадафҳои зиндагии осоишта ноил мегарданд.»
Ҷаноби Талбаков дар идомаи сӯҳбат гуфт, ӯ ҳадафи барномаи ҳизби худро ба интихобкунандагон расондааст ва акнун зимоми интихоб дар дасти мардум аст.
Дар ҳамин ҳол Абдуҳалим Ғаффоров, номзади ҳизби сотсиалистӣ, ки дар интихоботи президентии соли 2006 натавонист орои зиёде ба даст орад, мегӯяд, ин дафъа мавқеи худро дар минтақаҳое, ки ҷонибдоронаш бештаранд, тақвият додааст. Ӯ гуфт, «мо аз камбудиҳои худ дар интихоботи 2006-ум хулосаҳои мантиқӣ баровардем ва ташвиқу тарғиботи худро аксаран дар Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи марказ бештар ба роҳ мондем, чун маҳз дар ҳамин минтақаҳо мо тарафдорони зиёдтар дорем ва ба дастгирии онҳо дар рӯзи интихобот умед мебандем.»
Дар ҳоле, ки худи номзадҳо аз марҳилаи ташвиқоту тарғибот шикоят надоранд, нозирони умур ин равандро дар қиёс бо интихоботи парлумонӣ камранг арзёбӣ мекунанд. Онҳо барномаи таблиғотии ин 5 номзадро дар муқоиса бо барномаи фарогирии ташвиқотии Эмомалии Раҳмон, номзад аз ҳизби ҳоким рақобатпазир намедонанд ва мегӯянд, ин 5 нафар то ҳанӯз миёни мардум ношинохта боқӣ мондаанд.
Бархе аз мусоҳибони мо низ, ки дар кӯчаҳои пойтхат бо онҳо ҳамсӯҳбат шудем, ба ҷуз аз Эмомалии Раҳмон ва Олим Бобоев исми дигар номзадҳо ва мӯҳтавои барномаҳои онҳоро ба ёд овардан натавонистанд.
Бархе аз таҳлилгарон бар инанд, ки панҷ номзад натавонистаанд ҳамсанги раиси ҷумҳури феълӣ бошанд ва ба ин сабаб, рақобату сабқат ба миён наомдааст.
Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, баъди берун шудани номзади Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон аз корзори интихоботӣ ва боз гузоштани ин фазо ба боқии аҳзоб ҳеҷ заминаи нигарониро барои номзади аслӣ наметавонист фароҳам кунад. Вай афзуд, дар муддати камтар аз як моҳе, ки онҳо барои таблиғоти мустақим фурсат доштанд, наметавонистанд, худро барои 4 миллион интихобкунанда муаррифӣ намоянд.
Ҷаноби Бекмуҳаммад гуфт, «онҳо бояд аз қабл дастрасӣ ба шабакаҳои телевизионӣ ва расонаии саросариро медоштанд. Аммо мутассифона дар фазои феълии кишвар ба ҳар далел шабакаҳои телевизоние, ки дарашон ба рӯи ҳама боз бошад, хеле кам аст. Ва мо шабакаҳои ғайридавлатиеро надорем, ки битавонад, паёми ҳар нафар муддаии курсии президентиро ба мухотабонаш бирасонад.»
Бо ин ҳама Кумиссиюни марказии интихобот гуфтааст, аллакай ҳамаи даъватномаҳоро ба минтақаҳои раъй тақсим карда, кишвар ба интихоботи президентӣ комилан омодааст. Овоздиҳӣ рӯзи 6-ум ноябр баргузор мешавад.