Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси манзил бо фарзандон Шавкат Раҳмоновро ба гӯр бурд (ВИДЕО)


Шавкат Раҳмонов, марди 74-солае, ки субҳи 27 март худро дар рӯбарӯи Қасри президенти Тоҷикистон дар маркази Душанбе оташ зад, даргузашт.

Пизишкони бемористони рақами 3, ки Шавкат Раҳмоновро баъди худсӯзӣ ба ҳаминҷо оварда буданд, рӯзи 1 апрел ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Шавкат Раҳмонов соати даҳуними субҳи 31 март дар пайи бад шудани вазъи саломатиаш фавтидааст. Ба гуфтаи пизишкон, ба болои сӯхтани 50 фоизи баданаш ин пирамард тани дардманде дошт ва ба бемориҳои дилу фишори баланд ҳам мубтало буд ва аз ин рӯ, талошҳои пизишкон барои наҷоти ӯ натиҷае надодааст.

Ин дар ҳолест ки ҳамин пизишкон дар ҳафтаи гузашта, рӯзе баъд аз овардани Шавкат Раҳмонов ба ин бемористон гуфта буданд, ки вазъаш мӯътадил аст ва пас аз се рӯз сиҳҳат шудаву аз бемористон ҷавоб мешавад.

Аммо он замон бо вуҷуди талоши зиёд ба хабарнигори Радиои Озодӣ муяссар нашуд, ки мустақиман бо худи Шавкат Раҳмонов сӯҳбат карда, сабабҳои дар рӯбарӯи Қасри президент қасди ҷони худ карданашро бипурсад.
Марде ки дар маркази Душанбе худсӯзӣ кард, даргузашт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:09 0:00
Линки мустақим

Сабаби худсӯзии ин марди 74 сола баҳси манзил миёни ӯ ва фарзандонаш гуфта мешавад. Нӯшофарин Раҳмонова, фарзанди калонии Шавкат Раҳмоновро рӯзи 1-уми апрел дар манзили зисташ бо нишонии кӯчаи Фирдавсӣ пайдо кардем, ки аз мусибати бар сараш омада андӯҳгин буд. Ба гуфтаи Нӯшофарин, миёни ӯ ва падараш ҳанӯз дар соли 2012 баҳси манзил ба миён омад ва онҳо тасмим доштанд хонаро фурӯхта, маблағашро бо ҳам баробар тақсим кунанд.

Нӯшофарин Раҳмонова
Нӯшофарин Раҳмонова
Аммо ба гуфтаи Нӯшофарин, муноқишаи нав миёни ӯ ва падараш дар ду моҳи пеш, ҳангоме ки хоҳараш аз хонаи шавҳараш қаҳр карда омадва бародараш низ, ки хонадомод будааст, ба манзили падарӣ баргашт, сар задааст. Ба гуфтаи Нӯшофарин, хоҳару бародараш талаби манзил карданд ва ҳатто санадҳои хонаро гирифта, бидуни розигии падур хоҳарбузургашон дар қайд мемонанд.

Нӯшофарин мегӯяд, падараш қаблан ҳам чанд маротиба таҳдиди худсӯзӣ кардааст. Ӯ мегӯяд, ҳар маротибае падараш аз чизе норозӣ мешуд ваё ҳукми додгоҳ ӯро қонеъ намекард, таҳдид менамуд, ки худро оташ мезанад. Ҳатто як рӯзи пеш аз худсӯзияш дар рӯбарӯи Қасри президент дар хона ҳам ба сару рӯ ва баданаш бензин рехта ва мехостааст, то худро сӯзонад. Аммо ба гуфтаи Нӯшофарин, онҳо аз ин ҷилавгирӣ карданд.

Нӯшофарин Раҳмонова дар мавриди он, ки падараш бемории рӯҳӣ ҳам дошт?, гуфт, ки «падарам то ҷое одами хаёлӣ буд ва худ бо худ гап мезад, ки бинанда фикр мекард, ки дар ҳақиқат ин мард бемори рӯҳӣ аст.»

Ин ҳам дар ҳоле ки пизишкони беморхонаи шаҳрии рақами 3 бемори рӯҳӣ доштани Шавкат Раҳмоновро тасдиқ накарда, мегуфтанд, ки дар рафтору гуфтораш нишони носолимии равонӣ эҳсос намешавад.

Аммо вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар хабари рӯзи 27-уми марташ дар иртибот ба худсӯзии Шавкат Раҳмонови 74-сола дар рӯ ба рӯи Қасри президент, аз қавли духтараш Нӯшофарин Раҳмонова оварда буд, ки вай бемори рӯҳӣ будааст. Шавкат Раҳмонов субҳи 27 март дар назди мағозаи “Варзиш” дар рӯбарӯи Қасри президент дар маркази Душанбе қасди худсӯзӣ кард, вале маъмурони милиса оташи бадани ӯро хомӯш карда, ба бемористонаш бурданд.

Бино ба гузориши дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон «муноқишаи оилавӣ оиди тақсимоти манзил мебошад. Бо ҳалномаи Суди шаҳри Душанбе манзили истиқоматии воқеъ дар кӯчаи Фирдавсӣ, байни Раҳмонов Шавкат Ҳамидович ва духтараш Раҳмонова Нӯшофарин Шавкатовна, соли таваллудаш 1971, сокини ҳамонҷо, баробар тақсим карда шудааст.»

Ҳарчанд вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иллати худро оташ задани Шавкат Раҳмоновро ба муноқишаи оилавӣ, ба хусус дар масъалаи тақсими манзил бо духтараш Нӯшофарин рабт медиҳад, аммо худи Нӯшофарин дар мавриди сабабҳои сӯйқасд ба ҷони худ кардани падараш изҳори беиттилоӣ кард: «Азбаски табибон зиёд дағалӣ карда, маро иҷозаи назди падарам даромадан надоданд, то ҳол намедонам, аҳволаш чӣ гуна буд ва чаро ӯ худро дар назди Қасри президент оташ зад? Ин барои худам ҳам муаммо аст. Ҳарчанд фикр мекунаму ба худам савол медиҳам, посухашро намеёбам.»

Аммо як нафар аз ҳамсоягони Шавкат Раҳмонов дар сӯҳбати бидуни микрофон гуфт, ки худро оташ задани ин марди 74-сола дар рӯбарӯи Қасри президент зоҳиран ба нишони эътироз алайҳи ҳукми додгоҳ дар мавриди тақсими манзил буд. Ба гуфтаи вай, Шавкат Раҳмонов ба додрас ҳам гуфта будааст, ки агар манзилашро тақсим кунад, вай ҳатман худашро дар назди Қасри президент месӯзонад.

Шавкат Раҳмонов соли 1940 таваллуд шуда, Донишгоҳи техникии Қирғизистонро бо ихтисоси муҳандис хатм карда буд. Ба гуфтаи духтараш, Шавкат Раҳмонов аз ҳамсабақони Аскар Оқоев, собиқ раисҷумҳури Қирғизистон буд ва солҳои тӯлонӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Душанбе ба ҳайси муҳандис фаъолият кардааст.

Қазияи худсӯзии Шавкат Раҳмонов дар матбуот сарусадои зиёд кард. Бисёриҳо ба ноалолатие, ки дар низоми додгоҳии Тоҷикистон табиати саросарӣ мегирад, ишора мекунанд ва мегӯянд, ба эҳтимоли ғолиб, Шавкат Раҳмонов бо ин амали эътирозомезаш мехост таваҷҷӯҳи сарони кишвар ва шахсан раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро ба масъалаи адолати додгоҳӣ дар Тоҷикистон ҷалб кунад.

Ин нахустин мавриди эътирозҳои хушунатомез ба фаъолияти додгоҳҳо дар Тоҷикистон нест. Дар соли 2012 Зиёуддин Ҷӯраев, сокини 80-солаи шаҳри Исфара, ки низ дар пайи як баҳси манзил ба нишони эътироз ба рӯи раиси додгоҳи ин ноҳия -- Абдуҳамид Давронов - тезоб ё кислота пошида буд, ба ҳаштуним соли зиндон маҳкум шуд. Вакилони дифоъ он замон ҳам мегуфтанд, ки ин марди кӯҳансол мехост бо ин роҳ ноадолатиҳои ҳукмфармо дар низоми додгоҳии Тоҷикистонро бармало кунад.
XS
SM
MD
LG