Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як мансабдори Қирғизистон эҳтимоли табодули қитъаҳоро бо Тоҷикистон истисно надонист


Марат Имонқулов
Марат Имонқулов

Як мансабдори Қирғизистон эҳтимоли табодули қитъаҳоро дар ҳалли баҳси сарҳадӣ бо Тоҷикистон истисно надонист.

Марат Имонқулов, дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон, рӯзи 30-юми апрел дар мусоҳиба бо хабаргузории давлатии "Кабар" гуфтааст, гурӯҳҳои кории ду кишвар "метр ба метр пеш мераванд".

"Мутаассифона, мо ду муноқишаро аз сар гузарондем. Бо талафот дар байни низомиён ва ғайринизомиён. Мардум ташвиш доранд. Нигаронӣ дар минтақаҳои наздимарзӣ ҳаст. Ҳам аз тарафи мо ва ҳам аз тарафи онҳо," -- афзудааст ӯ.

Мақомоти Тоҷикистон ҳар чанд вақт дар бораи нишасти гурӯҳҳои маконнигории ду кишвар ва мувофиқа бар сари таъйини баъзе аз қитъаҳои сарҳадӣ гузориш медиҳанд. Душанбе дар мавриди эҳтимоли табодули қаламрав ҳанӯз ҳарфе нагуфтааст.

Марат Имонқулов дар мусоҳибааш бо "Кабар" таъйини марзро дар баъзе аз қитъаҳо, аз ҷумла вилояти Бодканди ҳамсарҳад бо Тоҷикистон, "душвор" номидааст. Чун, ба гуфтаи ӯ, сарҳад дар онҷо "аз маҳалҳои аҳолинишин, кӯчаву ҳавлӣ ва ҳатто хонаҳо мегузарад".

"Ин бахши душвори созиш аст. Бояд гузашт шавад. Агар зарур бошад, мубодилаи ҳудудҳоро баррасӣ кардан мумкин аст. Мо, албатта, мехостем, ҳама чиз ба хости мо бошад, аммо бояд манфиати онҳоро низ ба назар гирем, зеро сарҳад аз байни ду давлат мегузарад. Ва онҳо манфиатҳои худро доранд… Мо Тоҷикистонро ҳамеша кишвари дӯст медонистем ва ҳанӯз чунин мешуморем. Дар оянда ҳам бояд канори ҳам зиндагӣ кунем, чунон ки Худо хостааст," – илова кардааст Имонқулов.

Ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар як соли охир ба таври мунтазам ва барои кашидани хати сарҳад мулоқот мекунанд. Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи феврали имсол гуфт, ки ду ҷониб дар чаҳор моҳ 196 километр хати марзро муайян карданд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон зиёда аз 980 километр сарҳад доранд, вале бахше аз он солҳо боз таъйину нишонагузорӣ нашудааст.

Мардуми ду сӯи марз борҳо барои обу замин ва чарогоҳ ҷангу муноқиша кардаанд. Дар ду низои хунин, ки моҳи апрели соли 2021 ва сентябри 2022 рӯй дод, аз ҳарду тараф даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG