Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таътилҳо бармегарданд. Соли хониш тамдид мешавад. ВИДЕО


Мактабе дар ноҳияи Масчоҳ
Мактабе дар ноҳияи Масчоҳ

Мақомоти маориф низоми таътилҳои тирамоҳиву баҳориро баргардонида, санаи охирини соли хонишро эҳтимолан 14 июн муқаррар мекунанд.

То ҳашт соли пеш дар Тоҷикистон соли таҳсил мисли замони шӯравӣ рӯзи 25-уми май ҷамъбаст мешуд ва занги охир ҳам дар ҳамин рӯз садо медод. Вале дар чанд соли ахир бо тасмими мақомот мӯҳлати таҳсил дар мактабҳо тамдид шуд ва дарсҳо то ба 7-уми июн идома мекарданд.

Ин тағйирот дар низоми таътилҳо бисёр шогирдон ва волидонро нороҳат кард, чунки онҳо аз хаста шудани талабаҳо дар муддати чандин моҳи таҳсили бетанаффус интиқод мекарданд.

Агар мақомоти дигар дастгирӣ карданд...

Ҳоло дигарбора вазорати маориф ва илми Тоҷикистон низоми таътили мактабҳои миёнаро тағйир дод. Латофат Назирӣ, муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон рӯзи 20-июл дар нишасти хабарии вазорат гуфт, пешниҳоди онҳо барои баргардонидани таътили баҳориву тирамоҳӣ ва зимистонаи бачаҳо аз ҷониби Ҳукумати кишвар дастгирӣ ёфт ва ҳоло барномаи таътил ба ниҳодҳои дигари масъул ирсол шуда, дар баррасӣ қарор дорад.

"Агар мӯҳлати таълим тамдид ёбад, албатта маблағ талаб мешавад, соати иловагии дарсӣ талаб мешавад, бинобар ин, бояд назари дигар кумитаву идораҳои дахлдорро бигирем. Агар розигии кумитаву вазоратҳои дигар гирифта шавад, қарори тағйирот ба таътили хонандагон ба тасвиб мерасад", гуфт ӯ.

Соли хониши мактабҳои миёна тӯлонитар ва таътил кӯтоҳтар мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:41 0:00

Аммо ба таъкиди Латофат Назирӣ, имкон дорад таҳсил то миёнаҳои моҳи июн идома кунад. Латофат Назирӣ дар ин маврид дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "шояд тамдид шавад. Ба хотире, ки аз рӯйи ҳисобҳои мо то 25-уми уми май ҳафтаи таълимӣ ба 34 ҳафта баробар мешавад ва аз рӯйи таҳлилҳои мушовирони байналмиллалӣ дар муассисаҳои таълимӣ, 25 фоизи будҷаи вақтро таъмин карда наметавонем. Зеро мактабҳои мо 2 баст банд ҳастанд. Бинобар ин ҳам, мо танҳо аз ҳисоби дароз кардани рӯзи таълимӣ метавонем буҷаи вақтро таъмин кунем."

"Занги охирро баргардонед!"

Ин ҳам дар ҳолест, ки охири моҳи майи имсол беш аз 600 падару модар бо ирсоли як нома ба ҳукумати кишвар хостори баргардонидани занги охир ба рӯзи 25-уми май шуда буданд. Онҳо аз тӯлонӣ будани соли таҳсил, ки бидуни истироҳат дар мавсими тирамоҳу баҳор ва дар гармои тобистон то 7 июн идома мекард, нигаронӣ карданд. Волидон интизор доштанд, ин дархости онҳо ба назар гирифта мешавад.

Венера Мирова, як модари тоҷик бар ин бовар аст, ки таҳсили тӯлонӣ дар гармои тобистон ба сиҳатии кӯдакон бетаъсир немемонад. “Кӯдак бояд истироҳат кунад, майнаи сараш дам гирад. Охири сол мешавад, кудакон аз дарс дилбазан мешаванд. Ба фикрам, бояд тавре ки пеш буд, то 25-уми май дарс хонанд. Мо давраи Шӯравӣ хатм кардем, хеле қулай буд”.

8 соли пеш, дар авҷи бӯҳрони энержӣ ва мушкили таъмини гармӣ дар мактабҳо, бо қарори вазири маорифи вақти Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода аз ҳисоби ихтисор шудани таътилҳои якҳафтаинаи тирамоҳӣ ва баҳорӣ, мӯҳлати таътили зимистон то як моҳ тамдид шуда, моҳи январро фаро гирифт. Дар як қарор дигари вазорат таҷлили занги охир ҳам манъ шуда, рӯзи охири дарс наа 25 май, балки 7 июн таъин шуд.

Соли 2008, яке аз мактабҳои Душанбе дар зимистон
Соли 2008, яке аз мактабҳои Душанбе дар зимистон

Агар манъи таҷлили занги охир бештар аз назари набуди баҳонаи ҷашни хатми мактаб бисёриҳоро нороҳат карда бошад, мавзӯи хастакунанда будани таҳсили чормоҳаи бидуни таътил дар нимаи аввалу дуюми соли хониш бештар аз назари сифати қабули донишу маълумот мавриди интиқоди волидон шуд.

Таҳсил дар гармои шадид ҳам сахт аст

Аминҷон Каримзода, хонандаи як мактаби пойтахт, мегӯяд, чанд соли ахир, баъд аз 25 май дар мактаб дигар дарси “ҳалол” нест ва на хонандаву на омӯзгор майли хондану таълим доданро надоранд. “Баъди 25-ум мо ҳамаи китобҳоро тамом карда, дар синф мешинем ва намедонем дигар чӣ кор кунем. Хуб мешуд, ки таътил аз 25-уми май оғоз ёбад, то ин ки мо ба имтиҳонҳо хубтар омодагӣ бинем.”

Вазорати маориф реҷаи дақиқу нави банақшагирии таътили мактаббачаҳоро ҳоло эълон накардааст. Қарор аст ин реҷа танҳо баъди баррасиву иҷозаи ниҳодҳои масъули дигар қабул ва муаррифӣ шавад. Аммо хабари эҳтимоли то 14 июн тамдид ёфтани, соли таҳсил аллакай ба гӯши аксар омӯзгорон расида, онҳоро нороҳат кардааст. Муҳиддин Тағоев, омӯзгори як мактаби миёна мегӯяд, то нимаи моҳи июн идома кардани таҳсил дар фасли гармо хонандаҳоро мактабгурез ҳам мекунад. “Кӯдак рафта рафта дарсгурезӣ мекунанду ба корҳои дигар машғул мешаванд. Хуб мебуд аққалан аз 1 июн хонандаҳоро ҷавоб диҳанд, ки ҳам онҳо ва ҳам омӯзгорон истироҳат кунанду асабҳояшон ором шавад.”

Таҷлили занги охир дар мактабҳо рамзи поёни як соли таҳсил аст
Таҷлили занги охир дар мактабҳо рамзи поёни як соли таҳсил аст

Дар мактабҳои Тоҷикистон ҳудуди 2 миллион хонанда ба тасил фаро гирифта шудааст. Дар ҳудудан 10 соли ахир ин бори саввум аст, ки мақомоти низоми таътил дар мактабҳои ҳамагониро тағир медиҳад.

Ин дар ҳолест, ки мӯҳлат ва ҷараёни таълим дар системаи мактабҳои хориҷӣ дигар аст. Масалан, дар бархе мактабҳои байналмилалии Аврупо, дарсҳо дар миёнаҳои август шурӯъ шуда, миёнаҳои июн тамом мешаванд. Дар давоми сол тахминан баъди ҳар якуним моҳ хонандаҳо ба мӯҳлати як ҳафта ба таътил мераванд. Тӯлонитарин таътил дар ҷараёни сол – таътили зимистона аз 24 декабр шурӯъ шуда, то 10 январ идома мекунад. Волидону хонандагон дар ин мактабҳо дар ин ҳолат аз истироҳати беҳтари фикриву ҷисмонӣ бархурдоранд.

XS
SM
MD
LG