Додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон ҳавопаймои навъи “Аэробус А320”-и ширкати «East Air»-ро ба ҳабс гирифт ва рӯзи 30-уми ноябр онро ба фурӯш гузошт.
Чор соли пеш ҳангоми нишаст дар фурудгоҳи Кӯлоб як чархи ин ҳавопаймо осеб дид. Ба дунболи ин ҳодиса фаъолияти «East Air» тафтиш ва муҷаввизи фаъолияташ бозпас гирифта шуд. Ин ҳавопаймо бо шикояти ширкати “Парвози нав”, ки коршарики «East Air» дар Тоҷикистон буд, ба ҳабс гирифта шуд.
Ин кори мо ба касе маъқул набуд. Сахт маъқул набуд... ба кадоме аз роҳбарон. Хусусан ба ширкати “... Аir”
Ин ширкат даъво дорад, ки «East Air» шартномаи онҳоро нақз кардааст ва беш аз се миллион сомонӣ аз онҳо қарздор аст. Ин навъи ҳавопаймо дар бозор наздики 50 миллион доллар нарх дорад, вале дар музоядае, ки 30-уми ноябр эълон шуд, арзиши ибтидоии он 2 миллиону 300 ҳазор сомонӣ, беш аз 230 ҳазор доллари амрикоӣ гуфта шуд.
Ҳавопаймо қобили истифода нест
Нуралӣ Шарифов, иҷрочии Суди иқтисодии вилояти Хатлон рӯзи 30-уми октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, коршиносон хулоса доданд, ки ин ҳавопаймо дигар қобили истифода нест, аз ин рӯ, бо нархи арзонтар ба фурӯш гузошта шуд.
“Бар асоси хулосаи коршиносон, эҳтимол ин ҳавопаймо ҳамчун таҷҳизот қисм-қисм истифода шавад. Чун дубора таъмиру парвози онро хатарнок медонанд. Соҳибони асосии ин ҳавопаймо дигар дар Тоҷикистон нестанд. Вақте аз болояшон даъво шуд, мо моликияташонро дастрас кардем, дар доираи қонунгузорӣ ба руйхат гирифтем, бо қарор ба ҳабс гузоштем. Мутахассисонро барои нархгузориву баҳогузорӣ ҷалб кардем. Ин ки оё он коршоям ҳаст ё не, низ санҷида шуд. Дар вақти садама корношоям шудааст,” - гуфт ӯ.
Ба иттилои мақомот, соҳибони ин ҳавопаймо феълан дар шаҳри Шарҷаи Имороти Муттаҳидаи Араб қарор доранд ва аз рӯи ҳодисаи ҳабси ҳавопаймо ҳанӯз шикояте накардаанд. “East Air”, ширкати саҳҳомӣ буда, 51 дарсади саҳмияҳояш ба як шаҳрванди Тоҷикистон, ки нахоста буд номаш ошкор шавад ва 49 дарсади дигар ба як шаҳрванди Олмон тааллуқ дорад.
Ҳуввияти соҳибмулки ширкат фош намешавад
Намояндагони ин ширкат номаи Радиои Озодиро дар мавриди ҳуввияти соҳибмулки ин ширкат бепосух гузоштанд. Ин ширкат, ки даҳ сол дар Тоҷикистон фаъолият дошт, бо 5 ҳавопаймо, аз ҷумла 3 ҳавопаймои тамғаи “Airbus A320» ва 2 ҳавопаймои “Boeing 737” аз Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб ба шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск, Қазон ва Оренбурги Русия парвозҳо анҷом медод.
Қурбон Сафаров, як масъули фурудгоҳи Кӯлоб рӯзи 30-уми октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, воқеан чанд сол боз ҳавопаймои ин ширкат дар ҳудуди фурудгоҳ нигаҳдорӣ мешавад. “Пештар ин ширкат аз фурудгоҳи мо парвоз анҷом медод, вале бо сабабҳои барои ман номаълум корро қатъ карданд,” - гуфт ӯ.
Қаблан, масъулони ин ширкат гуфта буданд, ки дар бозори парвозҳои ҳавоии Тоҷикистон, ки бо нархҳои осмониаш шӯҳрат дорад, нархи чиптаи онҳо нисбат ба дигар ширкатҳо ҳамеша дастикам 50 доллар арзонтар буд ва дар ниҳоят маҳз ҳамин арзонфурӯшӣ сари ширкати онҳоро “хӯрд”.
Владимир Куимов, роҳбари ширкати “East Air” дар сӯҳбати се соли пеш ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки фаъолияти онҳо бо дахолати рақибон дар Тоҷикистон манъ шуд.
“Ин кори мо ба касе маъқул набуд. Сахт маъқул набуд... ба кадоме аз роҳбарон. Хусусан ба ширкати “... Аir”,” - гуфта буд ӯ.
Мақомоти Тоҷикистон ин иддаоро рад карда гуфта буданд, ки ин ширкат бинобар риоя накардани талаботи бехтарӣ баста шуд. Муроҷиатҳои чандинкаратаи Куимов ба мақомоти гуногуни Тоҷикистон ҷиҳати дубора ба даст овардани ҳақи кор дар ин кишвар натиҷа надод.
Ҳоло бештари парвозҳоро дар Тоҷикистон ду ширкати миллии "Тоҷик эйр” ва “Сомон эйр” анҷом медиҳанд.