Миҷгона, сокини ноҳияи Рӯдаки 17 сол дорад. Моҳи октябри соли 2015 издивоҷ кард ва баъди чор моҳ бо тифли семоҳа дар батн ба хонаи падар баргашт. Падари Мижгона чор сол боз дар Русия зиндонӣ аст ва модараш бинобар мушкили иқтисодӣ барои издивоҷи барвақтии духтараш ба мақомот муроҷиат кард. Дар ҳоле ки санади иҷозат ҳанӯз омода набуд, модар духтарашро ба шавҳар дод.
Худи Миҷгона мегӯяд, мисли бисёр волидон, модари ӯ ҳам аз он нигарон буд, ки духтараш бероҳа нашавад ва ба издивоҷи бармаҳали ӯ розӣ шуд. Вай мегӯяд, волидон фикр мекунанд, ки “агар духтарро ноболиғ ба шавҳар диҳанд, зудтар аз проблема халос мешаванд. Фикр намекунанд, ки давоми зиндагии духтари ноболиғ чӣ мешавад.”
Мижгона аз таҷрибаи кӯтоҳи шавҳардорӣ ба ин натиҷа расидааст, ки издивоҷи бармаҳал ба ӯ душворӣ ва бадбахтӣ овард. Ӯ бародару модарашро сабабгори бадбахтии худ медонад ва мегӯяд, ки маҳз онҳо боиси аз таҳсил дур мондану ба ин зудӣ шавҳар карданаш гаштанд.
Рӯзеро, ки қарори издивоҷашро бидуни ризоияти ӯ қабул карданд, Миҷгона чунин ба ёд овард: “Вақте аз мактаб омадам дар хона гуфтанд хостгорҳо меояд. Гуфтам, шавҳар намекунам. Модараму бародарам бо ҳам маслиҳат карда, гуфтанд, ки бача маъқул кардагӣ аст. «Розӣ шав, зиндагиат хуб мешавад». Бародари дигарам, ки дар Русия аст, гуфтааст, бе розигии Мижгона ин корро накунед. Модарам гуфтааст, ки ба ин издивоҷ розӣ аст. Вале модарам дар ниҳоят гуфтанд, ки ба бародаронам бигӯям: шумо аз паси зиндагиатон шаведу ман ҳам аз паси зиндагии худам меравам.”
Дар Тоҷикистон ба духтарон синни издивоҷ аз 18-солагӣ иҷозат дода шудааст, вале қонунҳои кишвар дар ҳолатҳои истисноӣ бо ҳалномаи додгоҳ ба гурӯҳе аз ноболиғон иҷозаи издивоҷи бармаҳалро медиҳанд. Бахусус, духтарони ноболиғ, ки сағираву бесаробон ва ё аз оилаҳои нокомиланд. Ба шавҳар додани ноболиғон бидуни иҷозаи додгоҳ ҷиноят аст. Ҳуқуқшинос Лаззати Диловарзод мегӯяд, қонун барои фишор болои фарзанд барои издивоҷи бармаҳал ҷазоро то маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ кардааст.
Вай гуфт, ҳукумат бо нигаронӣ аз пошхӯрии оилаҳои ҷавон синни ақди никоҳро аз 17 ба 18 бурд. Мижгонаи ноболиғ, ки дар хонаи шавҳар ҳамаги чаҳор моҳ зиндагӣ кардааст, мегӯяд ҳоло дар чорсӯи зиндагӣ ҳайрон мондааст. Барои ӯҳда накардани кору бори хона шавҳараш борҳо ӯро зери зарбу лат қарор додааст. Вай мегӯяд, баъди ин таҷрибаи манфии зиндагӣ дар оилаи шавҳар, ӯро як ҳолати ноумедӣ пахш кардааст: мегӯяд, бовар надорад, ки дубора тавонад ба хонаи шавҳараш баргардад. Модараш пофишорӣ дорад, ки аз баҳри тифли батнаш гузарад ва исқоти ҳамл кунад.
“Ман дигар шавҳар карданӣ нестам”, мегӯяд ӯ. Саодатбибӣ Сироҷзода, сардори раёсати сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии Тоҷикистон ё ЗАГС мегӯяд, дар маҷмӯъ дар соли 2015 дар Тоҷикистон 791 ҳолати қайди никоҳи афроде ба қайд гирифта шудааст, ки синнашон аз 18 кам аст. Ҳамаи онҳо, ба гуфтаи ӯ, бо қарори судҳои шаҳру ноҳияҳо сурат гирифтаанд ҳақи барпо кардани оиларо ба даст овардаанд. Аммо созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи занон ба ин арқом шубҳа доранд.
Онҳо мегӯянд никоҳи бештари духтарони ноболиғ расман сабт намешаванд. Духтарон дар баробари қарори волидайн ё парастори худ ба иллати пойбандӣ ба суннатҳои миллӣ, надонистани ҳуқуқи хеш ва надоштани маълумоти лозима сукут меварзанд ва муроҷиат кардан ба мақомотро навъе беэҳтиромӣ ба онҳо медонанд. Ҳамин аст, ки худ дар тартиби як ояндаи норӯшан барои хеш иштирок мекунанд.