Раҳбарони Боғи ҳайвоноти Тоҷикистон мегӯянд, барои интиқоли зоопарки Душанбе ба мавзеъи дигари муносибтар се макон пешниҳод шудааст, вале ба назари онҳо, минтақаи Лучоб муносибтар менамояд.
Қурбон Одинаев, мудири Боғи ҳайвоноти Душанбе рӯзи 16 июл ба радиои Озодӣ гуфт, ки меъморони пойтахт се қитъаи заминро пешинҳод кардаанд. «Яке аз онҳо дар «Гипрозем», дар маҳалли «мошинбозор» аст, вале алакай ин тарҳ рад карда шуд. Тарҳи дувум маҳалли корхонаи кӯҳнаи хишт, дар тарафи минтақаи Нагорний ё Кӯҳдомани пойтахт ҳамчун ҷои нави зоопарк пешниҳод карда шудааст,» - гуфт мудири Боғи ҳайвонот.
Ҷаноби Одинаев афзуд, ки тарҳи сеюм ва мувофиқтар маҳаллаи Лучоб мебошад ва ҳоло меъморон машғули таҳияи нақшаи боғи нави ҳайвонот мебошанд. «Маҳаллаи феълии боғи ҳайвонот барои нигоҳ доштани ҳайвонҳои бузургҷусса мувофиқ нест. Аз ин рӯ зарурат пеш омад, ки барои зоопарк ҷои нави муносиб пайдо карда шавад,» - гуфт Қурбон Одинаев, мудири Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе.
Боғи ҳайвоноти Душанбе феълан дар маркази пойтахт, дар рӯбарӯи кӯли Ҷавонон дар ҳудуди 4 гектар замин доман густарда, дар ин боғ 115 навъ ҷонварон нигоҳ дошта мешаванд.
Ҳукумати шаҳри Душанбе мегӯяд, ки буҷаи солонаи боғи ҳайвоноти пойтахт 214 ҳазор сомонӣ, муодили 45 ҳазор доллар аст. Барои нигоҳубини ҳар як навъи ҷонварони нодир, ба ҳисоби миёна дар сол 1860 сомонӣ сарф мешавад.
Барои намуна, буҷаи солонаи Боғи ҳайвоноти шаҳри Киеви Украина, ки ҳудуд ва миқдори ҳайвоноташ тақрибан ба боғи ҷонварони Душанбе баробар будааст, 3 миллион долларро ташкил мекунад.
Ин навори видеоӣ дар боғи ҳайвоноти Душанбе як сол пеш бардошта шудааст: