Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи садҳо нафар аз қаҳрамони ҷаҳон Беҳрӯз Хоҷазода дар Душанбе. АКС, ВИДЕО


Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе шаби 14-уми ноябр ба базмгоҳе монанд буд. Садои карнаю сурнай, парчаму овезаҳои зиёд бо акси паҳлавонони тоҷик Саидмуъмин Раҳимов ва Беҳрӯз Хоҷазода саҳни фурудгоҳро пур карда буд. Дар дили шаб хоб аз чашми садҳо нафар парида, ҳама ба истиқболи қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо Беҳрӯз Хоҷазода ва паҳлавонони дигар омаданд. ​

Вақте ӯ аз ин усул истифода кард, ҳисси миллӣ маро фаро гирифт. Ба табло нигаристам, ки 19 сонияи дигар вақт буд ва тоқат кардам

​Аксари ҷамъомадаҳо дар маросими истиқболи паҳлавонон мехостанд, қаҳрамони нави ҷаҳонро бо ин пирӯзиаш аз наздик табрик кунанд, дасташро фишоранд ва ҳамроҳаш акс бигиранд. Барои масъулин ҳозир шудани мардуми зиёд дар ин маросим ғайриинтизор буд ва аз ҷамъомадагон хеле хоҳиш мешуд, роҳро барои паҳлавонон боз ва тартибу низомро риоя кунанд.

Беҳрӯзро аз рӯи анъанаҳои миллӣ пешвоз гирифтанд: ба сараш тоқӣ ва ба танаш ҷомаи зардузӣ пӯшонданд. Беҳрӯз дар мавриди усули лат хӯрдани дасташ аз сӯйи рақиб, ки барои ҳама мардуми ҷамъомада ҷолиб буд, гуфт. "Вақте ӯ аз ин усул истифода кард, ҳисси миллӣ маро фаро гирифт. Ба табло нигаристам, ки 19 сонияи дигар вақт буд ва тоқат кардам", - афзуд Беҳрӯз.

Ӯ, инчунин, аз масъулони кишвар барои дастгирии варзишгарон ташаккур кард ва гуфт, "мо метавонем дар чунин мусобиқаҳо иштирок ва шарафи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон боло барем."

Бозгашти қаҳрамононаи Беҳрӯзи Хоҷазода ба Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:14 0:00

Аз мақомот ба табрики варзишгарон масъулин аз шаҳрдорӣ ва кумитаи ҷавонон ва варзиш омаданд. Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи варзиш ва сайёҳӣ, ҳангоми истиқболи варзишгарон нишони тиллои сабқати ҷаҳонии самборо ба тамоми мардуми тоҷик табрик гуфт ва афзуд, Тоҷикистон дар миёни зиёда аз 90 давлати дунё дар чемпионати ҷаҳон аз рӯйи натиҷаҳои даставӣ мақоми дувумро ишғол кард. Ӯ гуфт, "умедворем, варзишгарон аз ин дастоварди Беҳрӯз илҳоми тоза мегиранд ва барои муваффақияти бештар талош хоҳанд кард​."

Падар ва хонаводаи Беҳрӯз аз ӯ ин ғолибиятро интизор доштаанд. Саъдулло Хоҷаев дар маросими ботантанаи истиқбол аз писари паҳлавонаш гуфт, омодагии ҷиддӣ ва талошҳои Беҳрӯз, ки ба 3 навъи варзиш самбо, дзюдо ва миллӣ машғул аст, онҳоро ба ин пирӯзӣ умедвор карда буд.

Аксҳои бештар дар инҷост:

Аммо интизороти масъулини гуштии навъи самбои Тоҷикистон аз варзишгарони маъруфи дигар бештар буд. Хайрулло Назриев, раиси федератсияи самбои Тоҷикистон ва муовини раиси шӯрои ҷумҳуриявии "Динамо" гуфт, "умед доштам дар ин мусобиқа Акмалиддин Каримов дастболо мешавад ё Набимуҳаммад Хоркашов. Чун инҳо 5 - 6 дафъа аст то зинаи дувум расида буданд. Онҳо ҳам пирӯз шуданд ва бовар дорам, оянда ба ин унвон ҳам даст меёбанд."

Аммо бархе аз муррабиёне, ки тими самбочиёни тоҷикро дар мусобиқаи Сочӣ ҳамроҳӣ мекарданд, мегӯянд, натиҷаи рақобати чанд паҳлавони дигари тоҷик ҳам хеле хуб буд. Маҳмадшариф Сулаймонов, паҳлавони маъруф ва муррабии варзидаи гуштӣ гуфт, варзишгарони тоҷик метавонистанд ҷоизаву унвонҳои бештар ба даст оранд, вале ба гуфтаи ӯ, дар чанд маврид дар ин бозии ҷаҳонӣ доварон ба иштибоҳ роҳ дода, ноҳаққӣ карданд. "Дар қувваозмоии вазни 52 кило паҳлавони мо хеле хуб баромад кард, аммо доварон паҳлавони Русияро датсгирӣ карданд. Хушқадам Хусравов ҳам ҷойи саввумро мегирифт. Вале бозии ӯро ҳам ба манфиати паҳлавони рус анҷом доданд", - гуфт ӯ.

Ғами дасти дарди писар дар дили модари қаҳрамони ҷаҳон аз Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:37 0:00

​Дар зимн, Набимуҳаммад Хоркашов, паҳлавони маъруфи дигари самбо дар Тоҷикистон, ки баъд аз як баҳс ва бо мушкилу ба танҳоӣ ба мусобиқа расида буд, зимни бозгашти тими паҳлавонони тоҷик ҳамроҳӣ онҳо набуд. Ӯ гуфтааст, барои чанд рӯзи дигар дар Маскав мемонад.

Мусобиқаи ҷаҳонии самбо аз 9 то 12-уми ноябр байни 93 давлати дунё дар шаҳри Сочии Русия баргузор шуд. Дар ин сабқати ҷаҳонӣ варзишгари 22-солаи тоҷик Беҳрӯзи Хоҷазода нишони тиллоро дар вазни 74 кило аз они худ кард ва қаҳрамонии ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимовро баъди 42 сол такрор намуд.

Ба ин тартиб, варзишгарони тоҷик бо 5 нишон, як тилло ду нуқра ва ду биринҷӣ ба ватан баргаштанд ва мавҷи хушбахтиҳоро бо худ оварданд. Ғолибияти Беҳрӯзи ҷавон бар рақиби овозадору ботаҷрибаи беларусаш Степан Попов то дер боз дар хотири мардуми тоҷик нақш хоҳад баст.

XS
SM
MD
LG