Радиои «Ватан» озмуни 50 нафар хушсалиқаи Душанберо ҷамъбаст кард. Шомгоҳи 22-юми январ, дар меҳмонхонаи «Hayyat Regency" Душанбе» маросими бошукӯҳи тақдими диплом ба хушсалиқаҳои Душанбе баргузор шуд.
Субҳон Ҷалилов, директори барномаҳои Радиои Ватан рӯзи 22 январ зимни муаррифии афроди хушсалиқа дар меҳмонхонаи "Hayyat Regency" гуфт, "аслан ман намегӯям, ки Душанбе фақат ҳамин 50 нафари хушсалиқа дорад. Инҷо мо фақат салиқаи либоспӯшиву ороиши муйи сарро ба назар намегирем, инҷо салиқаи эҷодкорӣ, кору фаъолият ва бархӯрд бо ҷомеа ба назар гирифта мешавад. Аммо бояд гӯем, ки ин 50 нафар аз руйи фарзияи Радиои Ватан интихоб шудааст."
Парвина Шукруллоева, овозхони ҷавон ва саршиноси тоҷик, ки муддатҳо ба далели соҳиби фарзанд шуданаш аз саҳна канор рафта буд, имсол дар ин озмун ширкат дошт ва тавонист аз ҷониби мухлисонаш шахси хушсалиқаи пойтахт баргузида шавад.
Дар канори Парвина Шукруллоева, Шоҳрух Саидов, раҳбари тими «Истиқлол»-и Душанбе, Хуршеди Атовуллоҳ, сардабири "Фараж" ва раиси Шӯрои ВАО, Тахмина Рамазонова ва Аброр Назаров, овозхонҳои шинохтаи тоҷик низ шомили ин гурӯҳи 50-нафара буданд.
Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов, ки аз меҳмонҳои ифтихории ин маросими ҷоизасупорӣ буд, баргузории ин гуна маъракаҳоро дар Русия, ки онҷо теъдоди зиёди муҳоҷирони тоҷик кору фаъолият мекунанд, қобили қабул донист.
Вай гуфт, "ман ҳар боре, ки дар ин маросим ширкат меварзам, ҳаловат мебарам ва бисёр рӯҳияи хуб мебахшад. Ҳарчанд дар шаҳри Маскав ингуна лоиҳаҳо бисёр ҳастанд, вале лоиҳаи Топ-50 бисёр дар сатҳи баланд мегузорад ва ман зид нестам, ки он дар шаҳрҳои Русия, шояд барои доираи муҳоҷирони кории тоҷик доир карда шавад.
Радиои Ватан мавҷҳои худашро фаротар аз қаламрави Душанбе дар вилояти Суғд ва навоҳии вилояти Хатлон бурдааст ва азм дорад, ки солҳои дигар доманаи интихоби 50 фарди хушсалиқаро то манотиқи дигари кишвар густариш бидиҳад.