Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе фармон додааст, ки мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии пойтахт зери назорати кормандони милиса қарор бигиранд. Ин фармон рӯзи 2-уми январ дар як ҷаласаи шаҳрдорӣ содир шуда, аз 1-уми феврал он ба иҷро даромад.
То ин замон мактабҳои шаҳр аз ҷониби шахсони алоҳида ва ё ширкатҳои хусусӣ посбонӣ мешуданд. Дар мактабҳои шаҳр барои посбонон аз ҳисоби волидайн пул мегирифтанд. Ҳоло пардохти “посбонпулӣ” аз ҷониби волидайн қатъ шудааст ва кормандони милиса аз буҷаи шаҳр маош мегиранд.
Ба гуфтаи мақомот, то ин вақт мактабҳо ширкатҳои хусусиро барои назорат ҷалб мекарданд ва ҳаҳқи онҳоро аз ҳисоби падару модари хонандагон пардохт менамуданд.
Рӯзи 15-уми феврал дар шаҳрдории Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки кормандони милитсияе, ки барои муҳофизаи муассисаҳои таълимӣ ҷалб шудаанд, дар сурати мушоҳида кардани ҳуқуқвайронкунӣ, содир гардидани ҷиноят ва муноқишаҳои гурӯҳии мактаббачагон дар ҳудуд ва атрофи муассисаи таълимӣ, ин ҳолатҳоро бояд пешгирӣ намоянд. Ҳоло барои ҳифзи мактабҳои шаҳри Душанбе беш аз ду сад корманди милиса ҷалб шудааст.
Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 15-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки кормандони хадамоти давлатии “Муҳофиза”-и Вазорат ба ин кор сафарбар шудаанд. “Хадамоти давлатии “Муҳофиза” тариқи шартнома кор мекунад. Аз мо дархост шудааст ва онро иҷро мекунем”,-гуфт ӯ.
Масъулони Раёсати маорифи шаҳри Душанбе мегӯянд, ки ин тасмим ба хотири ҷилавгирӣ аз занозанӣ ва манъи ҷамъоварии маблағҳои ғайриқонунӣ аз хонандагон сурат гирифтааст.
Як манбаъ аз Раёсати маорифи шаҳри Душанбе рӯзи 15-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, то ин вақт мактабҳо ширкатҳои хусусиро барои назорат ҷалб мекарданд ва ҳақи онҳоро аз ҳисоби падару модари хонандагон пардохт мекарданд. Аз ҳар хонанда аз 1 то 2 сомонӣ ҳамчун “посбонпулӣ” ҷамъоварӣ мешуд. Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, бо ин вуҷуд ширкатҳои хусусӣ ба талабот ҷавобгӯ набуданд.
“Сифати корашон хуб набуд. Кори кормандони милиса дигар аст. Бачаҳои мо агар аз милиса натарсад, дигар нафарро ҷиддӣ намегирад. Аз соати 7-30-и субҳ то 5-30-и бегоҳ меистанд. Гап дар ин буд, ки назди мактабҳо фондҳо ташкил шуда буд ва барои посбонҳо аз волидайн пул мегирифтанд. Ширкати "Муҳофиза" аз ҳисоби буҷа маблағ мегирад. Назорати хонандагон ва бинои мактаб дар ихтиёри онҳо қарор мегирад,”-гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Тасмими сафарбар шудани ходимони милиса барои назорат аз амнияти мактабҳоро бархе волидон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ истиқбол карданд.
Гулхумор, зане, ки ду фарзандаш дар мактабе дар маҳаллаи 33-юми Душанбе таҳсил мекунанд, гуфт, муҳим ин аст, ки ходимони милиса “боодоб бошанд, қонунро риоя кунанд ва бо кӯдакон дағал рафтор накунанд”.
Вай гуфт, бо назардошти зиёд шудани ҳодисаҳои бадрафтории наврасон дар мактаб ва берун аз он, будани як ходими милиса дар мактаб метавонад “алови чашми бачаҳои хулиганро гирад”, вале ҳатто дар сурати пайдо шудани кӯдаки бадрафтор, ходими милиса бояд мувофиқ ба қонун ва оинномаи кориаш рафтор кунад. Вагарна кӯдак метавонад аз милисаву кори он бардошти баде бигирад.
Дар шаҳри Душанбе 144 муассисаи таълимӣ фаъолият мекунад, ки дар онҳо 190 ҳазор хонанда таҳсил мекунанд. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, дар як соли ахир беш аз 3 ҳазор хонандаҳои мактаб “кирдорҳои зидди ҷамъиятӣ” содир кардаанд. Соли гузашта бар асари занозании гурӯҳи миёни хонандагон чанд тан кушта шуд.