Аз ду рӯз ба ин тараф ҳаракати васоити нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Қалъаихум-Хоруғ қатъ шудааст. Шаби 11 ба 12 май бар асари боронгариҳои шадид ва омадани сел, чандин қитъаи роҳ дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз тахриб шуда ва ҳаракати нақлиёт аз пойтахт ба Бадахшон ва ҳамин тариқ аз Бадахшон ба Душанберо номумкин кардааст.
Як масъул дар ҳукумати ноҳияи Дарвоз рӯзи 13 май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки сел дар минтақаи Гулдара (Девдараи пешин) як пули дорои аҳамияти байналмилалиро комилан тахриб кардааст. Ҳамчунин дар чандин мавзеи дигар бар асари фаромадани сел, роҳҳо тахриб шудаанд. Ин қитъаи тахрибшудаи роҳ дар гузашта аз сӯи ширкатҳои эронӣ ва туркӣ бо сармояи кишварҳои арабӣ ва Бонки исломии рушд, сохта шуда буд.
Ҳоло ронандагон ва мусофироне, ки аз пойтахт ба Бадахшон ва ҳамин тавр аз Бадахшон ба Душанбе қасди сафар доранд, бояд аз масири ағбаи Хобур Рубот истифода кунанд.
Ин дар ҳолест, ки вазири нақлиёти Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода рӯзи 12 май дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки дар минтақаи Тавилдара низ дар чандин қитъаҳо сел омада ва ҳаракати нақлиёт ба самти Бадахшонро номумкин кардаанд. Ҳарчанд ҷаноби вазир таъкид кард, ки корҳои бартарафсозӣ ва пок кардани роҳҳо идома дорад.
Покизамоҳ Фозилбекова, як сокини ноҳияи Ишкошим рӯзи 13 май дар тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз се рӯз ба ин тараф дар деҳаи Хостави ноҳияи Дарвоз мунтазири боз шудани роҳ ҳастанд.
Вале ҳоло маълум нест, ки таъмиру азнавсозии роҳҳо то кай идома хоҳад кард, зеро қитъаҳои ҷудогонаи шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Қалъаихум-Хоруғ садамаи ҷиддӣ дидаанд.
Тоҷикистон тайи се рӯзи ахир шоҳиди боронгариҳои шадиди харобиовар буд. Шаби 11 ба 12 май дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон бинобар боронгариҳои сахт садҳо манзили маскунии сокинон тахриб шуд.
Ин дар ҳолест, ки бино ба пешгӯии Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон, дар назар аст дар рӯзҳои аз 10 то 15 майи соли ҷорӣ дар бештари манотиқи кишвар борандагии шадид, жола, раъду барқ, дар манотиқи кӯҳистонӣ омадани сел ва фаромадани сангрезаю ярч рух диҳад.
Аз ин хотир, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз сокинони кишвар даъват кард, ки дар ин давра аз сафар ба манотиқи осебпазир ва хавфнок худдорӣ кунанд.