Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия дарёфти ёрии низомиро аз Кореяи Шимолӣ қонунӣ кард


Думаи давлатӣ ё палатаи поёнии порлумони Русия паймони мушокирати стратегиро бо Кореяи Шимолӣ тасвиб кард, ки имкони "дарёфти кумаки низомӣ"-ро аз ин кишвар фароҳам мекунад. Ин иқдом эҳтимоли ворид шудани кишвари севумро ба ҷанги зидди Украина тақвият додааст.

Ин паймон, ки рӯзи 24-уми октябр дар Дума тасвиб шуд, чанд моҳ пеш дар ҷараёни сафари Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба Кореяи Шимолӣ ба имзо расид ва қарор аст ҳамкории байни ду кишварро ба сатҳи болотаре бирасонад.

Бар асоси банде аз ин созишнома, агар яке аз тарафҳо мавриди ҳамла қарор гирифт ва худро дар вазъияти ҷангӣ дид, тарафи дигар бояд "фавран бо тамоми имконоте, ки дар ихтиёр дорад, аз назари низомӣ ва ғайра мадад кунад".

Маълум нест, ин банд бояд чӣ гуна тафсир шавад, аммо Кореяи Ҷанубӣ, рақиби деринаи Кореяи Шимолӣ ҳамроҳи Амрико ахиран эълон кардаанд, ки далелҳое аз ҳузури сарбозони Русия ва Кореяи Шимолӣ дар тамринҳо дар даст доранд.

Дар ҳамин замина, гурӯҳе аз аъзои порлумони Кореяи Ҷанубӣ рӯзи чаҳоршанбе пас аз нишасте бо Созмони амнияти миллии ин кишвар, Кореяи Шимолиро ба фиристодани се ҳазор сарбоз ба Русия барои кумак ба ҷанг дар Украина муттаҳам карданд.

Ба гуфтаи иштирокдорони нишаст, Пхенян ба Маскав ваъда додааст, ки то як моҳи дигар дар умум 10 ҳазор сарбозро ба Русия мефиристад.

Ҷобаҷой шудани нерӯҳои Кореяи Шимолӣ дар Русия ин эҳтимолро афзоиш медиҳад, ки сарбозони Кореяи Шимолӣ битавонанд ба нерӯҳои Русия, ки дар Украина меҷанганд, бипайванданд.

Кохи Сафед рӯзи 23-юми октябр ҳамкориҳои Кореяи Шимолиро бо Русия хатарзо ва ташвишовар номид. Ҷон Кирбӣ, сухангӯйи Шӯрои амнияти миллии Кохи Сафед, гуфт, “на танҳо ин ба ҷанг дар Украина таъсир дорад, балки ба вазъ дар минтақаи Ҳинду Уқёнуси Ором низ бетаъсир нест. Ин ба фоидаи Ким Чен Ун аст.”

Мақомдори амрикоӣ гуфт, Иёлоти Муттаҳида бо Чин тамос гирифтааст ва мехоҳад, назари ин кишварро дар ин мавзуъ бифаҳмад. Ӯ ба Кореяи Шимолӣ низ ҳушдор дод.

Сухангӯйи Шӯрои амнияти миллии Кохи Сафед афзуд: "Агар сарбозони Кореяи Шимолӣ дар ҷанги зидди Украина иштирок кунанд, ҳамла ба онҳо барҳақ аст."

Ҷон Кирбӣ гуфт, истифодаи сарбозони Кореяи Шимолӣ дар ҷанги зидди Украина нишонаи заъф ва ноумедии Русия аст. "Онҳо дар шароите қарор доранд, ки ба артиши бегона такя кардаанд. Ин нишонаи ноумедии артиши ин кишвар ва бовар надоштан ба худ аст. Нишонаи он аст, ки артиши ин кишвар дар ҳолати бад қарор дорад",-афзуд Ҷон Кирбӣ.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, рӯзҳои наздик алайҳи кишварҳое, ки ба ҷанги Русия дар Украина кумак мерасонанд, таҳримҳои нав ҷорӣ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG