"Фикр мекунам, аксар сокинон, ҳатто онҳое, ки ба баъзе аз достонҳои дурӯғ дар бораи Доналд Трамп бовар карданд, аз афзоиши даромади худ шигифтзада хоҳанд шуд. Нархҳо дар кишвар поин меоянд, сарҳад амн мешавад," – гуфт Вивек Рамасвами, номзади пешин аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ.
Бо интихоби Сюзи Вайлс ба мансаби раиси дастгоҳи Трамп, ҳукумати президенти мунтахаб шакл мегирад. Ӯ дар шабакаи Truth гуфт, ки Никки Ҳейли, сафири собиқи Амрико дар Созмони Милал ва Майк Помпео, вазири пешини умури хориҷӣ ба ҳайати ҳукуматаш шомил нахоҳанд шуд.
Дар ҳамин ҳол, ин пурсиш дар миён аст, ки Доналд Трамп ваъдаҳои додаашро дар бораи гирифтани интиқом аз рақибони сиёсӣ ва онҳое, ки ба зидди ӯ парванда кушодаанд, чӣ гуна иҷро хоҳад кард? Вивек Рамасвами мегӯяд, "Доналд Трамп борҳову борҳо таъкид кардааст, ки муваффақияти мо интиқому ҷазои онҳо хоҳад буд."
Ҳомиёни Камала Ҳаррис, муовини президенти Амрико ва номзади Ҳизби демократ, мулоҳиза доранд, ки чаро натиҷаи интихобот ба нафъи онҳо нашуд.
Сенатори мустақил Берни Сандерс гуфт, "табақаи коргари ин кишвар асабонӣ аст ва барои чунин рафтор далел ҳам дорад. Вазъи имрӯзаи мо чунин аст, ки қишри боло ба таври фавқулода пул меёбад, дар ҳоле ки 60 дарсади мардум аз ин маош то он маош зиндагӣ мекунанд."
Сандерс аз комёбиҳои маъмурияти Ҷо Байден ситоиш кард, аммо ҳамзамон гуфт, ки корҳои бештаре бояд анҷом дода шаванд: “Мо ба барномае эҳтиёҷ дорем, ки ба табақаи коргар бигӯяд: …мо иқтисод ва давлате эҷод мекунем, ки барои шумо кор кунад. Дар зимн, ин иттифоқ нахоҳад уфтод, агар шумо пули зиёдро аз сиёсат берун накунед.”
Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико, Доналд Трампро барои пирӯзияш дар интихобот табрик кард. Ӯ ваъда додааст, ки рӯзи 20-уми январи соли 2025 қудратро ба таври осоишта хоҳад супурд.
Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед: