Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додохонов барои ҳамлаи "бандаи ГТА" дар додгоҳ ҷавоб медиҳад


Ҳазратхон Додохонов моҳи август ба ҳукми зиндони абад маҳкум шуд
Ҳазратхон Додохонов моҳи август ба ҳукми зиндони абад маҳкум шуд

Кумитаи тафтишоти Русия таҳқиқи парвандаи тирандозии аъзои гурӯҳи ҷиноии ГТА-ро дар дохили бинои додгоҳи вилоятии Маскав анҷом дод.

9 августи соли ҷорӣ панҷ узви бандаи ГТА аз рӯи 17 мавриди куштор, ки дар солҳои 2012 то 2014 содир шудаанд, муҷрим эълон шуданд.

Ба навиштаи оҷонсии ТАСС, Кумитаи тафтишотии Русия таҳқиқи ҳодисаи фирор аз боздошт ва ҳам ҳамла ба кормандони сохторҳои ҳифзи қонун дар дохили додгоҳи вилоятиро анҷом дод. Светлана Петренко, намояндаи расмии додгоҳ ба оҷонсии русӣ гуфтааст, ки таҳқиқи парванда аз рӯи ҳолатҳои «фирор аз боздошт, сӯиқасд ба ҷони кормандони ҳифзи қонун ва дуздии силоҳи оташфишон» анҷом шудааст. Ин ҳодиса 1 августи соли 2017 рух дод. Парвандаи анҷомшуда ба баррасии додситонии кулли Русия барои тасдиқи хулосаҳои айбдоркунанда ирсол шуд, гуфт Петренко.

"Ҳазратхон Додохонов аввал ҳамла кард"

Бар асоси ин парванда, шаҳрвандони Тоҷикистон ва тоҷиктаборон Холиқ Субҳонов, Фазлиддин Ҳасанов, Абдумуқим Мамаҷонов, Мирзомавлон Мирзошарипов ва машварат карда дар фикри фирор аз додгоҳ шуданд. 1 августи соли 2017 дар дохили лифти додгоҳи вилояти Маскав ин нафарон ба ходимони полисе, ки онҳоро ҳамроҳӣ мекарданд, ҳамла карданд.

«Силоҳи полисро дуздида фирор карданд ва ба сӯи ходимони полис ва ҳам як узви Росгвардия, ки мехостанд фирориҳоро боздошт кунанд, оташ кушоданд», гуфт Петренко. Дар ин ҳодиса чор ҳамлагар кушта шуда Додохонов ба бемористон интиқол ёфт.

Абдумуқим Мамадҷонов ба ҳангоми талоши фирор аз додгоҳ кушта шуд
Абдумуқим Мамадҷонов ба ҳангоми талоши фирор аз додгоҳ кушта шуд

Аз ҷониби полис як ходими Росгвардия ҷароҳати сангин бардошта ду ходими полис осеби сахти ҷисмонӣ бардоштанд. Хулосаи таҳқиқот ин аст, ки нафари аввали ҳамлакарда ба полис Додохонов буд ва ӯ дар ин ҳодиса ягона нафаре буд, ки зинда монд. Нисбати ӯ аз рӯи моддаҳои «фирор аз ҳабс», «дуздии силоҳ», «сӯиқасд ба ҷони ходими сохтори интизомӣ» парванда боз шудааст. Додохонов аз моҳи август ба ин сӯ мӯҳлати ҳабси абадро пушти сар мекунад.

Қаблан Петренко гуфта буд, ки дар робита бо ҳодисаи тирандозӣ дар додгоҳ ба фармондеҳи ротаи ҷудогонаи ҳифозат ва ҳамроҳии гумонбарон, муовини командири взвод ва ду ходими полис аз рӯи моддаи «саҳлангорӣ» парванда боз шудааст. Тафтишот гуфт, ки ин нафарон тадбирҳои зарурии ҳифозати боздоштшудаҳо ва ҳам пешгирӣ аз фирори онҳоро наандешиданд.

Кушта шудани се узви тоҷики "ГТА" дар додгоҳи Маскав
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:21 0:00

Бандаи 15-нафарии ГТА дар 17 куштор айбдор шуд

Гурӯҳи ҷиноии «бандаи ГТА» аз номи як бозии компютерии ҳамноме номгузорӣ шудааст.

Додгоҳи вилояти Маскав 9 августи соли ҷорӣ чаҳор узви гурӯҳи маъруф ба "бандаи ГТА" - сокинони Осиёи Марказӣ Шерҷон Қодиров, Умар Ҳасанов, Анвар Улуғмуродов ва Ҳазратхон Додхоновро, ки ронандаҳоро дар роҳҳои Маскав, манотиқи ҳошияҳои атрофи Маскав ва вилояти Калужск мекуштанд, ба зиндони абад маҳкум кард. Нафари панҷум - Зафарҷон Ғуломов барои 20 сол ба зиндони низомаш сангин маҳкум шуд.

Ин панҷ нафар аз рӯи 17 мавриди куштор, ки дар солҳои 2012 то 2014 содир шудаанд, бандитизм, ғоратгарӣ, тавлид ва нигаҳдории силоҳ ва ҳамчунин дуздии аснод муҷрим эълон шуданд.

9 августи соли 2018, қироати ҳукми аъзои бандаи ГТА дар додгоҳи вилоятии Маскав
9 августи соли 2018, қироати ҳукми аъзои бандаи ГТА дар додгоҳи вилоятии Маскав

Ба гуфтаи тафтишот, "ҷинояткорон одамҳоро мекуштанд, то пайванди байниҳамиро бо куштор қавӣ кунанд ва собит намоянд, ки барои узви банда будан сазовор ҳастанд". Муттаҳамони "банадаи ГТА" дар додгоҳ ҳамдастии худро дар ин ҷиноятҳо тасдиқ карданд, аммо гуфтанд, худашон бевосита дар он иштирок накардаанд.

Ин гурӯҳ соли 2012 аз тарафи як шаҳрванди Қирғизистон Ибодулло Субҳонов таъсис ёфта ба узвияташ 15 нафар, асосан шаҳрвандони Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ шомил буданд. Аъзои гурӯҳ ронандаҳоро дар роҳ манъ карда бо силоҳ мекуштанд ва дороии онҳоро мегирифтанд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG