Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи олии Тоҷикистон шикояти Баҳром Иноятзодаро рад кардааст


Баҳром Иноятзода ҳамагӣ як сол дар мансаби раиси шаҳри Кӯлоб кор кард
Баҳром Иноятзода ҳамагӣ як сол дар мансаби раиси шаҳри Кӯлоб кор кард

Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми Баҳром Иноятзода, раиси пешини шаҳри Кӯлобро бетағйир гузоштааст. Иноятзодаро моҳи ноябри соли 2020 бо ҷурми суистифода аз мансаб, ришватгирӣ ва аз худ кардани молу мулк ба дувоздаҳ сол зиндон маҳкум карданд, вале ӯ гуноҳро напазируфт.

Раҷабалӣ Имомзода, иҷрокунандаи вазифаи муовини додситони Хатлон, дар номае ба Радиои Озодӣ гуфт, Иноятзода барои бозбинии ҳукм ба Додгоҳи олӣ муроҷиат карда буд ва ҷавоби рад гирифт.

Дар номае, ки 15-уми март дастраси Радиои Озодӣ шуд, гуфтаанд: "Бо таъиноти коллегияи Суди олии Тоҷикистон аз 17-уми феврали соли 2021 шикояти кассатсионии маҳкумшуда, Баҳром Иноятзода, қонеъ карда нашуд ва ҳукми Додгоҳи вилояти Хатлон аз 20-уми ноябри соли 2020 бетағйир гузошта шуд."

Пайвандони шаҳрдори пешини Кӯлоб аз оғоз гуфтаанд, ки бо хулосаи тафтишот ва ҳукми додгоҳ розӣ нестанд.

Худи ӯ низ ҳамагуна тасарруфи амвол ва пинҳон кардани дороиҳоро рад карда, пас аз эълони ҳукм ба Радиои Озодӣ гуфта буд, "агар хонаамро обод мекардам, майлаш буд. Агар пулро аз они худ мекардам, майлаш буд. Адолати судӣ дар Тоҷикистон нест, нест."

Дертар Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, даъвои Баҳром Иноятзодаро "гапи хушку холӣ" номид ва дар нишасти матбуотии моҳи феврал гуфт, "бояд аз худаш мепурсид, ки чаро дар курсии судшаванда нишастааст".

Дафтари матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 22-юми январи имсол хабар дод, ки Баҳром Иноятзода "аз 13 кас ришва гирифта, маҳсулоти хайрияро тасарруф кардааст" ва "баръало бо роҳи ҷиноят даромад ба даст овардааст".

Намояндагони Додситонии кул шарҳ надоданд, ки манзур аз тасарруфи маҳсулоти хайрия чист. Оё ба тақсими ёриҳои байнулмилалӣ ба осебдидагон аз коронавируси нав рабт дорад ва ё ҳодисаи дигар аст.

Баҳром Иноятзода ва пайвандонаш дар мурофиаҳои додгоҳӣ иттиҳомотро беасос хонданд. Иноятзода дар вокуниш ба ҳукми додгоҳ гуфта буд, "барои кори давлатро анҷом додан, иншооти давлатиро сохтан ва шаҳри Кӯлобро обод кардан 12 сол медиҳанд?"

Баҳром Иноятзода, ки дар гузашта дар мансаби раиси шаҳри Истаравшан ва вакили Маҷлиси Миллӣ кор кардааст, моҳи майи соли 2019 раиси шаҳри Кӯлоб таъйин шуда буд. Ӯро моҳи июни соли гузашта дастгир карданд.

Номи ӯ дар моҳи феврали соли гузашта замоне пурсарусадо шуд, ки моликони ширкати "Комил-2010", мансуб ба писари Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа ва қудои президенти Тоҷикистонро танқид кард.

XS
SM
MD
LG