Рӯзи шанбеи 9 апрел дар Кохи синамои ба номи Чингиз Айтматови шаҳри Бишкек расми муаррифии филми мустанади “Номаҳо аз Қаротегин” (“Қаратегинден кат”) доир шуд. Ин нахустин филми мустанад дар бораи қирғизҳоест, ки дар ноҳияи Ҷиргатол дар водии Рашт (Қаротегин)-и Тоҷикистон ба сар мебаранд.
Коргардони филм хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ Жанил Жусупжан буда, ин филми иборат аз 103 дақиқа аз сӯи студияи “Чағалдак филмз”-и Қирғизистон дар ҳамкорӣ бо ширкати синамоии “Cinedoc”-и Фаронса ва бо кумаки молии сафорат ва дафтари рушди Швейтсария рӯи навор омадааст.
Жанил Жусупжан рӯзи 11 апрел дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, филми ӯ достони як халқи хурдест, ки дар умқи кӯҳистон гум шудааст: “Мо дар бораи онҳо хеле кам медонем, вале ин мардум ба зиндагии худ идома медиҳанд, ҳарчанд қисме аз қирғизҳои Ҷиргатол ба Қирғизистон кӯчиданд, қисме ба Русия рафтаанд. Мо қиссаи зани ҷиргатолиеро дорем, ки дар Бишкек ба сар мебарад – на шиноснома дорад, на ҷои кор. Хеле маъюскунанда аст, вале вақте мо ҳамроҳ бо ин зан аз тариқи Ӯш ба дунёи ӯ, ба Ҷиргатол рафтем, дидем, ки ин мардум як зиндагии орому то андозае метавон гуфт хушбахтона доранд. Вале дар пушти ин пардаи хушбахтӣ мо ҳам шодиву ҳам ғамҳои ин мардумро дидем. Дидем, ки то ҳол асароти ҷанги шаҳрвандӣ низ дар Ҷиргатол боқӣ мондааст.”
Жанил Жусупжан қирғизҳои сокини Ҷиргатолро мардуми хеле поквиҷдон, софдил, меҳнатдӯст ва меҳмоннавоз тасвир мекунад, вале мегӯяд, як паёми “Номаҳо аз Қаротегин” ҳамин аст, ки ин мардумро аз худ дур накунем – на дар Қирғизистон ва на дар Тоҷикистон.
Жанил Жусупжан мегӯяд: “Онҷо қиссаи Ҳаким Оқоҷоев ном адиби қирғизро дорем, ки аз Ҷиргатол ба Қирғизистон кӯчида рафт. Ӯ як умр дар кӯҳистон ба сар бурдааст ва тоҷикиро намедонад. Чунки дар Ҷиргатол ҳатто тоҷикҳо ба қирғизӣ сӯҳбат мекунанд. Оқоҷоев дар кӯҳистони Ҷиргатол мактабе кушод, вале дар ҷаласа аз ӯ талаб мекунанд, ки ба тоҷикӣ суханронӣ кунад. Ва ӯ дар ҳамон толор бори аввал худро бегона ҳис кард. Бегона дар байни мардуми худӣ.”
Олим Раҳимов, сафири Тоҷикистон дар Бишкек баъди тамошои “Номаҳо аз Қаротегин” ба он баҳои баланд дод ва гуфт, барояш бештар аз ҳама нуқтаи таммати ин филм, ки духтари қирғиз ба ҷавони тоҷик дил мебандад, хуш омадааст. Олим Раҳимов дар ин робита аз Манас – қаҳрамони миллии мардуми қирғиз ёдовар шуд, ки бино ба ривоятҳо, ҳамсараш тоҷик буд.
Ноҳияи Ҷиргатол, воқеъ дар тақрибан 280-километрии шарқи Душанбе, аз навоҳии тобеи маркази ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ин ноҳия дар шимол бо вилояти Бодканди Қирғизистон, дар ҷануб бо ноҳияҳои Тоҷикободу Рашт, дар ғарб – бо Тавилдара ва дар шарқ бо ноҳияи Мурғоб ва ноҳияи Чон-Олойи Қирғизистон ҳаммарз аст. Бино ба натоиҷи нуфусшумории соли 2010, дар Ҷиргатол ҳудуди 56 ҳазор нафар, аксар қирғизҳо ва тоҷикҳо, ба сар мебаранд.