Дар Восеъ нафаре, ки ба мақоми мудири маориф таъин шуд, танҳо ним соат тавонист дар ин курсӣ такя занад. Бо як тасмими раиси ноҳия, қарор билофосила бекор шуд ва мудири барканоршуда ба бемористон афтод.
Раиси ноҳияи Восеи вилояти Хатлон мудири шуъбаи маорифи ин ноҳияро пас аз ним соати таъин шуданаш дар ин мақом аз ҷониби вазири маориф ва илми Тоҷикистон, сабукдӯш кардааст. Ин гуна ҳодиса дар гузашта назир надоштааст ва зоҳиран натиҷаи як сӯитафоҳум дар миёни ду сохтори ҳукуматӣ шудааст.
"Раис эътироф накард"
Рустам Солиев, нафаре, ки дар ҳафтаи гузашта аз ҷониби вазири маориф ва илми Тоҷикистон ба вазифаи мудири маорифи ноҳияи Восеъ таъин шуда буд, рӯзи 24 октябр дар сӯҳбати телефонӣ аз бемористони қалби шаҳри Кӯлоб ба Радиои Озодӣ гуфт, бо диагнози фишори баланди хун ва тапиши дил, дар бистари беморӣ қарор дорад. Вай гуфт, ки 30 соли собиқаи кор дар соҳаи маорифро дорад ва то таъйин шуданаш ба вазифаи мудири маориф, дар вазифаи муовини мудири шӯъбаи маориф, кор кардааст.
Масъулини вазорати маориф моҷароро шарҳ намедиҳанд. Вале зоҳиран, ба гуфтаи афроди огоҳ аз моҷаро, баъди ризоият бо номзадии Солиев, раиси ноҳия фикрашро дигар кард ва нафари мавриди назари худро ба ин мақом таъйин намуд.
Ҷаноби Солиев гуфт, ки бо машварати раиси ноҳия рафта, аз вазорати маориф ва илм фармонашро гирифт ва ба кор шурӯъ кард, аммо мӯҳлати кораш дар вазифаи нав “ним соат давом кард”. Рустам Солиев гуфт, "раиси ноҳия ӯро ба унвони мудири маориф эътироф накард" ва ҳамон замон аз мақомаш сабукдӯш намуд. Вай гуфт, даъвое, ки ба дунбол миёни ӯву раиси ноҳия бархост, ӯро ба бистари бемористон бурд. Рустам Солиев мегӯяд, тасмим дорад, баъди мураххас шудан аз бемористон, дигар кор накунад.
"Ягон воқеа нашудааст"
Аммо раиси ноҳияи Восеъ аз шарҳи ин қазия худдорӣ мекунад. Мусо Ғафурзода, раиси ноҳияи Восеъ дар сӯҳбати кӯтоҳи худ ба Радиои Озодӣ рӯзи 24-уми октябр гуфт, “ягон воқеа дар Восеъ рух надодаст” ва ҷузъиёти барканории мудири маорифро низ шарҳ надод.
Рустам Солиев хатмкардаи мактаби рақами 10-и ноҳияи Восеъ буда, корро аз омӯзгорӣ шурӯъ кардааст ва дар яке аз мактабҳои маҳаллӣ ба ҳайси директори мактаб ҳам кор кардааст. Муддати 10 соли ахир сардори хадамоти назорат дар соҳаи маориф буд ва баъдан ба ҳайси муовини мудири маориф таъин гардид.
Аммо як намояндаи мудири маориф ба Радиои Озодӣ гуфт, ки фармони Рустам Солиевро раис бекор кард ва ба ҷои ӯ нафари дигарро аллакай ба курсии мудири маориф таъин намуд. Нафари тозатаъиншуда, ба гуфтаи ин намоянда, кадри интихобкардаи раиси ноҳия аст ва пеш аз ин, раиси як ҷамоат буд. Ин шахси масъул гуфт, ки ба далели ҳасоссияти масъала, намехоҳад исмаш ифшо шавад, вале аз Рустам Солиев, ки солҳо боз дар соҳаи маориф кор мекунад, ба унвони як кадри ҳирфаӣ ном бурд, ки кори худро медонист.
"Ин як муаммо аст"
Дар ҳамин ҳол Пирмурод Сабуров, сардори раёсати маорифи минтақаи Кӯлоб дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, аз моҷаро дар шӯъбаи маорифи ноҳияи Восеъ аз забони мардум огоҳ шудааст. Ҳамзамон ҷаноби Сабуров гуфт, ки ин як муаммои сарбаста мемонад ва намедонад, ки чаро кор чунин ранг гирифт.
"Ростӣ, мо ҳам аз даҳани ҳар кас шунидем, аммо ин як муаммо аст ва касе ба мо низ чизе нагуфтааст. Аз тарафи дигар, нигоҳ кунем, таъини мудири маориф аз дӯши вазорат гирифта шудааст ва инро ҳукумати ноҳия таъину сабукдуш мекунад. Танҳо бо вазорат мувофиқа сурат мегирад", - гуфт Пирмурод Сабуров.
Вазорат чӣ мегӯяд?
Дар ҳамин ҳол, масъулин дар вазорати маорифи Тоҷикистон дар Душанбе мегӯянд, воқеан ҳам тасмими таъйини мудири маориф дигар ба дӯши вазорат нест. Эҳсон Хушвақтов, сухангӯи вазорати маориф ба Радиои Озодӣ гуфт, ки раиси ноҳия салоҳияти таъини мудири маорифро дорад, вале муқаррарот ин аст, ки раиси ноҳия номзадро муайян карда, шахсияти ӯро дар вазорат мувофиқа ва баъдан таъин мекунад.
"Кадрҳои мудири маорифро пурра раиси ноҳия ҳал мекунад. Дар ҳоли ҳозир таъини мудири маориф пурра аз ҷониби раис сурат мегиард. Ӯ номзадро муайян карда, барои мувофиқа санадҳояшро ба вазорат равон мекунад. Вазорат собиқаи кории ин номзадро мебинад, лекин таъину сабукдӯш кардан аз сӯи мақомоти маҳаллӣ сурат мегирад. Пештар ин тасмим ба ӯҳдаи вазорат буд".
Чаро раис тасмимашро дигар кард?
Масъулини вазорати маориф моҷарои дар ноҳияи Восеъ рухдодаро шарҳ намедиҳанд. Вале зоҳиран, ба гуфтаи афроди огоҳ аз моҷаро дар ин ноҳия, баъди ризоият ба номзадии Солиев, раиси ноҳия фикрашро дигар кард ва нафари мавриди назари худро ба ин мақом таъйин намуд. Баҳси аслӣ, зоҳиран на танҳо сари тасмими таъйин шудан ба вазифа, балки дар тарзи бекор шудани қарори таъиншавӣ будааст.
Бархе мегӯянд, эҳтимол бо омадани нафари нав ба вазифаи мудири маорифи ноҳия, тағйироте дар кори ин ниҳод ва шеваи кор бо муассисаҳои таълимӣ сурат гирад. Вале аз сӯи дигар, ба андешаи нозирони дигар, мақомот набояд аз таҷрибаву дониши афроди собиқадор сарфи назар кунанд.
Рустами Саъдулло, як омӯзгори собиқадор мегӯяд, ки ҳар панҷ сол дар соҳаи маориф дигаргунӣ сурат мегирад. Ба гуфтаи ин омӯзгори собиқадор, агар аз назари омӯзгорӣ нигоҳ кунем, нафаре, ки 30 сол тарки касб накарда, аз муаллими оддӣ то муовини мудир расидааст, бояд ҳамчун мудири маориф корашро давом медод.
"Нигоҳ кунед, ҳоло аксар кормандоне, ки дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ кор мекунанд, баъди нафақа омада, омӯзгор мешаванд, аммо аксари онҳо аз соҳаи маориф дуранд ва дар гузашта, чӣ буд ва имрӯз чӣ тағйрот ворид шуд, онҳо қариб хабар надоранд. Вале омӯзгоре, ки боре касби худро тарк накарда, кор кардааст, хуб медонад, ки чӣ иваз шуду чӣ не. Бояд аз ин нигоҳ ҳамеша чунин афрод роҳбар бошад ва мисли панҷ панҷаашон ҳамаро медонанд",--гуфт ин коршинос.
Мушкилоти бахши маорифт дар деҳот
Дар ноҳияи Восеъ ва минтақаи Кӯлоб даҳҳо мактабу ҳунаристон ва донишгоҳҳо амал мекунад. Мақомот мегӯянд, ки 90 дарсади мактабҳои минтақаи Кӯлоб бо омӯзгорони касбӣ таъмин ҳастанд. Ин мушкил барои манотиқи дигари кишвар ҳам хос аст.
Мушкилоте мисли камбуди педагогҳои касбӣ, дастрасии атфоли деҳоти дурдаст ба мактаб, сифати начандон баланди дониши атфол, аз мушкилоти умдаи соҳаи маориф дар манотиқи Тоҷикистон унвон мешавад. Аз ин назар, вазъ дар шаҳрҳо аз деҳот тафовут дорад ва вазифаи идораҳои маориф аст, ки сари вақт ба мушкилоти мактабҳои минтақа расидагӣ кунанд.