Дилноза Каримова, овозхоне, ки баъди талошҳои думоҳа барои наҷоти ҷони фарзандаш шаби 31 декабр Диёрбеки шашсоларо аз даст дод, аз мардуми тоҷик ва ҳамаи афроди хайрхоҳ барои пуштибониашон дар рӯзҳои сахт изҳори сипос кард.
Дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 4 январ ва рӯзе баъди маросими дафни писари нахустинаш овозхон гуфт, дар фурсати ғаму андӯҳи зиёди марҳилаи маризии фарзандаш, аз мардуми тоҷик дарси инсондӯстиву
Илоҳӣ, ягон фарзанд ва ягон падару модар ғаму дарди марги фарзандро набинад
меҳрубонӣ ва ҳамдардӣ омӯхтааст.
Диёрбек Аминҷонов бо диагнози саратони буғум 28 октябр дар як клиникаи шаҳри Бишкек бистарӣ шуд ва барои идомаи даври навбатии муолиҷа шаби 31 декабр ба пойтахти Ҳинд Деҳлӣ парвоз кард. Чанд соат баъди расидан ба бемористон кӯдак ҷон дод. Дар давоми чанд ҳафтаи моҳи декабр бо дархости хонаводаи Каримовҳо афроди хайрхоҳ барои амалиёти кӯдак маблағ хайр карда барои сиҳҳатии тифл дуо мекарданд.
Имрӯз хонаводаи Каримовҳо дар Хуҷанд мотам дорад. Модари фарзандгумкарда мегӯяд, дар тамоми ин муддат ӯву наздиконаш тамоми талошашонро ба харҷ доданд ва худро ба ҳар ҷо заданд, то ки шонси барқарории сиҳҳатии кӯдакро аз даст надиҳанд. Дилноза Каримова мегӯяд:
“Аз рӯзҳи аввали муолиҷаи Диёрбек дар Бишкек дастгирии мардумамонро дидам. Ба ман занг зада, дуоҳо мекарданд, барои табобаташ маблағ ҷамъ меоварданд. Медидам, ки танҳо нестам ва аз ин қувват мегирифтам. Диёрбек ҳам вақте расмҳояшро дар Интернет медид, хурсанд мешуд, ки “модарҷон, маро акнун дар тамоми дунё мебинанд?”
Вақте ки дар Бишкек табобат мекардем, табибон медиданд, ки чӣ тавр ба мо ҳамвататанонам занг мезананд, ҳамдардиву дастгирӣ мекунанд. Онҳо мегуфтанд, ки эҳтиромашон ба халқи мо, ки чунин дастгириву ҳамдардӣ нишон медиҳанд, зиёд шудааст... Илоҳӣ, ягон фарзанд ва ягон падару модар ғаму дарди марги фарзандро набинад.”
Дилноза Каримова мегӯяд, ба қисмат тан додааст ва бояд бо ин дард канор ояд. Вай мегӯяд, азиятҳои ҷони писараш чунон сахту сангин буд, ки тобу тоқати таҳаммули дард ва осори муолиҷаи химиятерапияро надошт.
Дилноза Каримова бо ёдоварӣ аз соатҳои охири умри Диёрбек гуфт, шаби 31-уми декабр дар як бемористони Деҳлӣ “орому беозор” ҷон дод. Ҳарчанд табибон он лаҳза талош карданд кӯдакро ба ҳуш биёранду дубора зинда кунанд, вале бенатиҷа буд. Шаби 2-юми январ ҷасади Диёрбек аз Деҳлӣ нахуст ба Душанбе, сипас ба Хуҷанд интиқол дода шуд. Соатҳои 7-и субҳи 3-юми январ ҷасади Диёрбекро дар оромгоҳи “Гумбази Қошуқ”-и шаҳри Хуҷанд ба хок супурданд.
Дилноза Каримова мегӯяд, марги писараш барояш дарси зиндагӣ ва имтиҳони модарӣ шуд. “Диёрбек бо ҳастиаш, бо дардаш ба ман бисёр чиз омухт. Ҳарчанд у умри кӯтоҳ дид, вале номаш чун тимсоли ҳамдардӣ ва ёриву дастгирии ҳамдигар вирди забонҳо шуд. Аз ин рӯ, ман худамро модари хушбахт эҳсос мекунам,” – афзуд ӯ.
Дилноза Каримова дар суҳбат бо Радиои Озодӣ хабари бархе нашрияҳо дар бораи ин ки гӯё барои интиқоли ҷасади Диёрбек аз Ҳинд ба Душанбе аз онҳо пул талаб карданд, бепояву асос хонд ва гуфт:
“Ширкати “Тоҷикэйр”, ки бо ҳавопаймои он аз Деҳлӣ ба Душанбе паридем, аз мо ягон сомонӣ барои интиқоли тобути Диёрбек талаб накард. Баръакс, ҳамаи ҳайъати ҳавопамо бо ман меҳрубон буданд ва ғамхорӣ мекарданд. Худи сарнишини ҳавопаймо, ки номашон ёдам нест, тасаллиам доданд. Стюардессаҳо ҳар замон омада, аз ҳолам хабар мегирифтанд, обу валерианка меоварданд. Барои ин дилсӯзӣ ман аз ҳар яки онҳо миннатдорам.”
Ӯ афзуд, ки ҳамчунин барои интиқоли ҷасади писараш аз Душанбе ба Хуҷанд тавассути ҳавопаймо ширкати “Сомонэйр” низ аз онҳо маблағ нагирифтааст.
Ӯ дар тавзеҳи ин мавзӯъ гуфт, барои марҳамкунонӣ, таҳия тобут ва хароҷоти дигари омодаву интиқоли ҷасади фарзандаш ба ватан ба клиникае, ки Диёрбекро он ҷо барои ҷарроҳӣ бистарӣ карда буданд, маблағе ҳудуди 800 доллар пардохт кардаанд. Эҳтимол, хабари пардохти маблағи клиника барои интиқоли ҷасади Диёрбек аз Деҳлӣ ба Душанбе аз ҳамин ҷо сарчашма гирифтааст.
Дилноза Каримова 35 сол дошта, аз ҳунармандони маъруфи саҳнаи попи Тоҷикистон аст, ки карераи ҳунариашро оғози солҳои 2000-ум бо таронаҳои “Диламро мебарӣ”, “Ширинҷон”, “Булбуле” ва дигарҳо маъруфият касб кардааст.