Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дилбар Қосимова - чеҳраи мондагори синамои тоҷик


"Дилбар Қосимова аз ҳунармандони дигар бо хоксориву табиати нармаш фарқ мекард" - ҳамкасбон
"Дилбар Қосимова аз ҳунармандони дигар бо хоксориву табиати нармаш фарқ мекард" - ҳамкасбон

Соли 2006 риштаи умри яке аз шинохтатарин симоҳои синамои тоҷик канда шуд. Дилбар Қосимова дар муҳимтарин филмҳои даврони Тоҷикистони Шӯравӣ нақш офарида ва то имрӯз ҳам яке аз чеҳраҳои ошно ва миллии филмҳои тоҷикӣ маҳсуб меёбад. Дилбар Қосимова то пошхӯрии Шӯравӣ дар ҳадди ақалл 10 филм нақш офаридааст.

Маъруфтарин нақшҳои ӯ – Зебо дар филми «Вақти зангирии писар», ҳамсари Хӯҷа Насриддин дар «Насриддинд аз Хуҷанд ё Шоҳзодаи зебо», Нӯшофарин дар «Коваи оҳангар» ва Нигина дар «Қисмати шоир» мебошанд. Аввалин нақшашро дар филми тоҷикӣ Дилбар Қосимова соли 1958 дар филми «Вазифаи баланд» (нақши Зулфия) иҷро кардааст.

Сафар Ҳақдодов, раиси Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон мегӯяд, Дилбар Қосимова аз намояндагони мактаби шӯравии синамо буд ва як чеҳраи ҷаззобу зебои миллӣ дошт, ки барои синамо хеле муҳим аст. «Воқеан ҳам як чеҳраи хеле зебо ва классикӣ доштанд, киногеник буданд».

Илова ба ин сифатҳо, мегӯяд Ҳақдодов, «Рафтору одобашон фарқ мекард. Аз назари касбияту ҳунарашон ҳам як шахсияти худодод буданд. Коргардонҳои зиёд дарк карданд, ки истеъдоди он кас метавонад хостаҳои онҳоро бароварда созад, аз ин рӯ, муроҷиат мекарданд».

Саҳнае аз филми "Қисмати шоир"
Саҳнае аз филми "Қисмати шоир"

Дилбар Қосимова дар миёни аҳли ҳунар аз камтарин афроди бериёву маъсум, хоксору заминӣ ва шармгин буданд ва шояд ҳамин хислати барои як актер нозарур ҳам садди пешрафтҳои бештари ин ҳунарпеша шудааст, мегӯяд Ҳақдодов. Вай мегӯяд, ин ҳунарпеша метавонист дар синамои коргардонҳои дигари шӯравӣ ҳам нақш офарад, вале барои роҳ ёфтан ба саҳнаҳои беруна ҳатман «як муттако» лозим буд.

Санъатшиноси маъруф Нур Табаров мегӯяд, он ки дар соли 1959 филми «Қисмати шоир»-и коргардон Борис Кимёгаров барандаи ҷоизаи «Уқоби тиллоӣ»-и Ҷашнвораи байналмилалии синамои Осиёву Африқо дар Қоҳира шуд ва Дилбар Қосимова ҳам дар ин ҷоиза саҳмгузор аст. Ӯ мегӯяд, имрӯз ҳам филмҳои бозидаи Дилбар Қосимова тамошобин доранд, чун онҳо таърихи синамои Тоҷикистон ҳастанд. «Ҷояшон ҷаннат бошад», гуфт ӯ.

Дилбар Қосимова ҳамеша як зиндагии хоксорона доштааст. Ҳамсари коргардон Равшан Тӯрабеков ва модари ду духтар (Нигина ва Заррина) то охири умраш дар як манзили сехонагӣ дар Душанбе аз ҳисоби нафақааш зиндагӣ мекард. Ҳеҷ як аз фарзандонаш роҳи ӯро интихоб накард. Дар соли 2006 дар манзили худ дар ҳалқаи азизон даргузашт.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG