Ба иттилои фаъолони ҳуқуқи башар ва манобеи мустақил, теъдоди онҳое, ки дар шаҳру вилояти Тошканд ахиран ба гумони узвият дар созмони тундгарои “Давлати исломӣ” боздошт шудаанд, аз 160 нафар гузаштааст. Ин манобеъ гуфтаанд, ки барои мушаххас кардани равобити ин афрод бо “Давлати исломӣ” ва созмонҳои дигари террористӣ пулис онҳоро 15 рӯз дар боздоштгоҳ нигоҳ медорад.
Як ҳамсӯҳбати бахши узбакии Радиои Озодӣ рӯзи 16 ноябр гуфтааст, ин афрод аз 29 октябри соли ҷорӣ то ба ҳол мавриди боздошт қарор гирифта, ба иддаои ӯ, 90 дарсадашон узви созмони мамнӯи “Ҳизбуттаҳрир” будаанд. “Бузургсоли онҳо 55-сола буда, ҷавонтаринашон 17 сол дорад,” – афзудааст ӯ.
Як рӯҳонӣ аз ноҳияи Шайхонтоҳури шаҳри Тошканд низ ба бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфтааст, “баъзе дастгиршудагон пас аз 3 рӯз ба хона баргашта, аз бештари онҳо хабаре нест. Афроди пулис ба таври ногаҳонӣ ба маҳаллаи мо омада, хонаи одамони ба тоза аз хориҷа баргаштаро кофтукоб мекунанд. Китобҳои диниро мусодира мекунанд. Масалан, хоҳари тоҷири ман чанд рӯз пеш аз Туркия баргашта буд. Пулис ба хонаи ӯ омада, “чаро ба Туркия рафтӣ, дар куҷо зиндагӣ кардӣ ва бо кӣ мулоқот доштӣ” гуфта суол мекард. Шукр, ки ӯро набурданд”.
Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ бо як корманди милиса дар Тошканд, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, мусоҳиб шуд. Ба гуфтаи ӯ, феълан се гурӯҳ - афроди дар зиндонбуда, аз маҳбас озодшуда ва диндорони дар рӯйхати махсусбуда - мавриди тафтиши ҷиддӣ қарор мегиранд. Ин милиса гуфтааст, ки дар бораи шумораи умумии боздоштшудагон маълумот дода наметавонад.
Абдулазиз Мансур, муовини раиси Идораи динии мусалмонони Узбакистон гуфт, ки дар шаҳри Тошканд раванди ифротӣ шудани мусалмонон ба мушоҳида расида ва боздошти бархе аз диндорон навъе аз “корҳои фаҳмондадиҳӣ ё профилактикӣ” маҳсуб мешавад.
Абдулазиз Мансур гуфт, “одами бегуноҳро боздошт намекунанд-ку. Албатта барои амалҳои шубҳанокаш дастгир карда, як муддат дар боздоштгоҳ нигоҳ медоранд ва аснодашро тафтиш мекунанд. Барои ҳамагон рӯшан аст, ки “Давлати исломӣ” аз тариқи Интернет дар миёни ҷавонон ташвиқот мебарад. Онҳоро барои ширкат дар ҷиҳод даъват мекунанд. Муборизаи мусалмон алайҳи мусалмон ба ҳеч ваҷҳ ҷиҳод маҳсуб намешавад”.
Дар ҳамин ҳол, мухолифони давлати Узбакистон дар торнамоҳои худ мавридҳои пайвастани сокинонро ба саффи гурӯҳҳое чун “Ҷунбиши исломии Узбакистон” ва “Давлати исломӣ” ба вазъи душвори иқтисодӣ ва боло будани мизони бекорӣ дар Узбакистон рабт додаанд. Фаъолияти гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Узбакистон, Тоҷикистон, Русия ва кишварҳои дигари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мамнӯъ аст.
“Давлати исломӣ” як гурӯҳи тундравест, ки дар соли гузашта қисмати бузурге аз қаламрави Сурия ва Ироқро тасарруф карда, дар ин манотиқ аз таъсиси “Хилофати исломӣ” хабар дод. Ин гурӯҳ бо қатли бераҳмонаи асирон ва мухолифонаш, аз ҷумла, зинда ба зинда гӯронидану сӯзонидан ва қатлҳои дастҷамъӣ ном баровардааст.