Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тӯй" - амали террористӣ, "ороишот" - мина. Ҷузъиёти омодагиҳо ба амали террористии Шветсия. ВИДЕО


Акси гумонбарон дар омода кардани амалҳои террористӣ дар Шветсия
Акси гумонбарон дар омода кардани амалҳои террористӣ дар Шветсия

Дар Шветсия 7 январ мурофиаи додгоҳии яке аз шаш гумонбари омодагӣ ба ташкили ҳамлаи террористӣ дар ин кишвар шурӯъ мешавад.

Исми ин марди 24-сола ошкор нашудааст, вале гуфта мешавад, ки то замони шурӯи мурофиа ба ӯ иҷоза доданд, ки дар озодӣ ба сар барад.

Додситонии Шветсия рӯзи 27 декабр гуфт, ки се мардро дар омодагӣ ба анҷоми амали террористӣ муттаҳам мекунад.

Агар хоҳӣ, бароят видеои тарзи оро додани мошинро мефиристам. Инчунин, ба бародароне, ки бо ороиши мошин машғуланд, хабар медиҳам

Ин се нафар ва ҳамчунин се марди дигарро дар маблағгузории гурӯҳи мамнӯи “Давлати исломӣ” ҳам гунаҳгор мекунанд. Ҳамаи ин мардон шаҳрвандони Узбекистон ва Қирғизистон мебошанд. Дар матни изҳороти додситонии Шветсия гуфта шудааст, ки “се нафар аз гумонбарон маводи зиёди кимиёӣ ва таҷҳизоти дигарро ҳифзу нигаҳдорӣ мекарданд, то ки баъдан барои куштан ваё захмӣ кардани инсонҳо истифода шавад. Агар ин амали террористӣ анҷом мешуд, он метавонист ба Шветсия зиёни хеле ҷиддӣ расонад”.

Баъди як рейди сохторҳои ҳифзи қонун дар шаҳри Стремсунд, моҳи апрели соли 2018 панҷ гумонбар боздошт шуданд. Нафари шашум дар озодӣ аст ва ба шурӯи мурофиаи додгоҳии 7 январ омода мешавад.

Сироҷиддин Толибов, хабарнигори бахши Узбекии Радиои Озодӣ, ки ин мавзӯъро дар чаҳорчӯби як филми мустанад таҳқиқ карда, ҷузъиёти ин парвандаро ба ТВ “Настоящее время” шарҳ дод.

Мукотибаи рамзӣ

Додситонии Шветсия мегӯяд, ки аз соли 2017 сар карда гуфтугӯҳои телефонии ду гумонбар гӯш карда мешуд. Мақомоти ҳифзи қонун мегӯянд, ки дар мукотибаҳои телефонии худ ин ду нафар ҳамеша аз вожаву истилоҳҳои рамзӣ истифода мекарданд. Масалан, калимаи “тӯй” ба маънои амали террористӣ ва “ороишоти тӯй” ба маънои минагузорӣ кардан ба кор бурда мешуд.

Дар як мукотибаи 5 июли соли 2017 яке аз мардони боздоштшуда аз марде, ки дар Сурияи зери назари гурӯҳи “Давлати исломӣ” қарор дошт, дархости анҷоми “санҷиши мошин”-ро кард.

Ба ту нафаре лозим аст, ки мошинро барои арӯсӣ оро бидиҳад?”, суол кард нафаре аз Сурия. “Агар хоҳӣ, бароят видеои тарзи оро додани мошинро мефиристам. Инчунин, ба бародароне, ки бо ороиши мошин машғуланд, хабар медиҳам”, навиштааст он нафар.

Ин мукотиба, ба бовари муфаттишони Шветсия, далели омодагӣ ба ташкили амали террористӣ мебошад.

Тафсилоти боздошти зодагони Осиёи Марказӣ дар Шветсия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:41 0:00

Иттиҳомро рад мекунанд

Ҳамаи шаш гумонбар иттиҳомоти зидди худро рад мекунанд.

Вакили дифои яке аз гумонбарони боздоштшуда дар мусоҳиба ба радиои Шветсия гуфтааст, ки зерҳимояи ӯ аз як ширкати фурӯшандаи маводи кимиёӣ, ки дар ҳоли варшикастагӣ қарор дошт, маводи зиёд харид, вале талошҳояш барои ба роҳ мондани тиҷорати ин мавод натиҷа надод.

Томас Олсон дар ин сӯҳбаташ гуфтааст, ки зерҳимояаш ва ҳам дигар гумонбарон ба муфаттишон батафсил гуфтаанд, ки чаро чунин маводи зиёди кимиёиро харидаанд. Ба гуфтаи ӯ, шарҳи зерҳимояи ӯву дигарҳо ба ҳам мувофиқат мекард.

Ба се нафаре, ки дар омодагӣ ба амали террористӣ гумонбар мешаванд, аз чор сол то ҳабси абад таҳдид мекунад. Барои маблағгузории ҷиноят, мувофиқи қонунҳои Шветсия, то ду соли зиндон пешбинӣ шудааст.

Гумонбарон кистанд?

Давид Идриссони 46-сола

Додситонии Шветсия мегӯяд, ки маводи кимиёиро маҳз Идриссон харида буд. Ӯро инчунин дар ҳифзу нигаҳдории маводи нашъа гунаҳгор мекунанд. Полис гуфт, ки 49 грамм ҳашишро дар дохили мошинаш пайдо кардаанд.

Идриссон исми шведии Фарҳод Тошмуҳаммадов – як шаҳрванди Узбекистон аст, ки баъди кӯчиданаш ба Шветсия соли 2008 исмашро тағйир додааст. Идриссон ҳамчун паноҳанда дар ин кишвар ҳақи зист гирифта зиндагӣ мекард.

Бахтиёр Умарови 30-сола

Додситонии Шветсия ӯро дар омодагӣ ба анҷоми амали террористӣ ва маблағгузории гурӯҳи “Давлати исломӣ” гумонбар медонад. Ӯро инчунин дар таҳияи шиносномаи тақаллубии кишвари Юнон ҳам гунаҳгор мекунанд, ки барои интиқоли пул ба Туркия истифода мешуд.

Шаҳрванди Узбекистон Умаров бори аввал соли 2011 ба Шветсия ворид шуд. Чанде баъд ба ватан баргашту дар Русия ва Туркия ҳам зиндагӣ кард. Баъдан боз ба Шветсия баргашта дархости паноҳандагӣ кард.

Дар мукотибааш, ки аз мӯҳтавои он полиси Шветсия назорат мекард, Умаров гуфтааст, ки дар Туркия бо як зодаи Узбекистон зиндагӣ мекард ва ин шахс ба клуби шабонаи Истамбул дар шаби соли нави 2017 ҳамла кардааст. Дар натиҷаи ҳамла ба ин клуб 39 нафар кушта шуд.

Отабек Абдуллоеви 39-сола

Шаҳрванди Қирғизистон бори нахуст ба Шветсия соли 2017 рафт. То он замон дар Полша дархости кор дода мехост дар қаламрави Иттиҳодияи Аврупо зиндагӣ кунад.

Ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ акси маконҳои туристиву серҷамъияти Шветсияро нашр мекард ва ба бовари додситонӣ, ин ҳадафҳои эҳтимолии анҷоми амалҳои террористӣ будааст.

Марди 34-сола

Шаҳрванди Узбекистон танҳо дар маблағгузории ҷиноятҳои сангини гурӯҳи “Давлати исломӣ” гумонбар мешуд. Бори нахуст ба Шветсия соли 2008 рафта, вале ҳақи паноҳандагӣ нагирифтааст. Соли 2001 дубора баргашта ҳам ҳақи иқомат ва ҳам ҳуқуқи кор дар ин кишварро ба даст овард.

Марди 39-сола

Шаҳрванди Узбекистон дар маблағгузории ҷиноятҳои сангине гумонбар мешавад, ки бо дасти гурӯҳи “Давлати исломӣ” содир мешуд.

Марди 24-сола

Шаҳрванди Узбекистон дар маблағгузории ҷиноятҳои сангине гумонбар мешавад, ки бо дасти гурӯҳи “Давлати исломӣ” содир мешуд. Танҳо гумонбарест, ки то шурӯи мурофиаи судӣ дар озодӣ ба сар мебарад.

Оқилов барои ташкили ҳамлаи Стокҳолм ба зиндони абад маҳкум шуд
Оқилов барои ташкили ҳамлаи Стокҳолм ба зиндони абад маҳкум шуд

Таърихчаи амалҳои террористӣ

Шоми ҷумъа, 7 апрели соли 2017 мошини борбари дуздидашуда бо суръати 60 км-соат аз як кӯчаи пиёдагарди маркази шаҳри Стокҳолм ҳаракат кард. Чанд роҳгузарро зад ва баъдан ба бинои маркази тиҷоратии Ahlens бархӯрд. Дар ин ҳодиса чор нафар кушта ва 15 нафар маҷрӯҳ шуданд.

Масъулияти анҷоми ин ҳодисаро шаҳрванди Узбекистон Раҳмат Оқилов ба ӯҳда гирифт ва гуфт, ки ҳамали террористӣ бо фармоиши гурӯҳи “Давлати исломӣ” анҷом шудааст.

Июни соли 2018 додгоҳе дар Шветсия ӯро гунаҳгор эълон ва ба ҳабси абад маҳкум кард.

XS
SM
MD
LG